ЗАХИРАИ ОБ – ГАРАВИ ФАРОВОНИИ АҲОЛӢ

Ӯзбекистон аз ҷумлаи мамлакатҳоест, ки аз оби тозаи ошомиданӣ ғанӣ аст, аммо аз сабаби дур будан аз манбаи асосии об – уқёнусу баҳрҳои дунё дар мавсими кишту кор ва обёрии заминҳо норасоии об бештар ба назар мерасад.

Ҳоло бо сарварии роҳбари давлат ба масъалаи ҳифз намудан, самаранок ва ҳамҷиҳатона истифода бурдан аз захираи дарёҳои сарҳадӣ бо давлатҳои ҳамсоя эътибори ҷиддӣ дода мешавад. 
То қарибӣ туфайли муаммоҳои сарҳадӣ бо об таъмин намудани замини назди ҳавлӣ ва фермерон монеаҳо мавҷуд буданд. Масалан, обёрӣ шудани заминҳои ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё ба Тоҷикистони ҳамсоя вобаста буд. Баъд аз ба беҳбудӣ рӯй овардани муносибатҳои иҷтимоиву сиёсии ин ду кишвари ҳамҷавор чунин мушкилиҳо пасу пеш ҳаллу фасли худро меёбанд.
Барои бо об таъмин кардани 2150 гектар майдони пахта, гандум ва замини наздиҳавлигии аҳолии ноҳияи Узун канали «Хатиб-1» аз нав ба дарозии 4,1 км канда шуд. Дар он насосе, ки солҳои охир истифода намешуду дар дохили ҳудуди сарҳад меистод, бо роҳи ҳашар гузошта шуд. Баъди чунин саъю кӯшишҳо ҳолати бо об таъмин кардани 250 гектар замин беҳ шуд.
Ғайр аз ин, 2080 гектар мавзеи Б. Очилдиеви ин ноҳия аз каналҳои «Ҷончекка-1», «Ҷончекка-2» ва Чақар бо об таъмин мешуд, ки қисми саршавии он дар масофаи 3-6 км аз дохили ҳудуди Тоҷикистон оғоз меёфт. Ҳоло ба ин каналҳо аз дарёи Қаротоғи ҳудуди Тоҷикистон роҳи об кушода шудааст.
Заминҳои корами хоҷагиҳои боғдории 24 нафар, пахта, гандуми 8 нафар ва ҷамоати шаҳрвандии маҳаллаҳои «Тоҷикобод»-у «Хатиб Қаҳрамон»-и ноҳия аз канали Хатиб обёрӣ мешуданд, ки аз соли 1992 инҷониб ин мавзеъҳо қариб бо об таъмин набуданд.
Баъди сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳо бобати сарфакорона истифода бурдан аз об аз нав барқарор шуд. Дар натиҷа таъмини об ба канали Хатиб, ки 26 сол боз об намеомад, аз дарёҳои Ширкент ва Қаротоғи ҳудуди Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
Дар таъмини устувории иқтисодӣ ва экологии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ об нақши муҳим дорад. То ҳол аз захираҳои оби Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Қазоқистон истифода бурда бошанд, дар натиҷаи беҳшавии ҳолати иҷтимоиву сиёсӣ ва муҳити осудагӣ талаботи Афғонистон низ ба ин захира бештар мешавад. Дар оянда аз захираи об истифода бурдани Афғонистон ба захираҳои оби давлатҳои ҳамсоя низ таъсир мерасонад.
Ғайр аз ин, бунёд шудани нерӯгоҳҳои барқии обӣ низ тақозо менамояд, ки мушкилоти об дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамҷиҳатона ҳаллу фасл шаванд.
Вазорати хоҷагии оби ҷумҳурӣ баҳри беҳтар гардондани ҳолати бо об таъмин намудани аҳолӣ ва обёрии замин чораҳои зиёдеро меандешад, аз ҷумла, доир ба баланд бардоштани таҷрибаи кории ходимони соҳа, омӯхтани таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ оиди сиёсати об ва ба соҳа ҷалб кардани ғояҳои инноватсионӣ, техника ва технология чорабиниҳои илмиву амалӣ, семинар ва брифингҳои матбуотӣ ташкил карда мешаванд.
Ба қарибӣ дар пойтахти кишвар ҷамъомади 76-уми Комиссияи мутобиқсозии хоҷагии оби байнидавлатӣ (КМХОБ) баргузор шуд. Дар он вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев, мушовири вазири хоҷагии қишлоқи Қазоқистон Ерлан Нисанбоев, муовини якуми вазири захираи об ва энергетикаи Тоҷикистон Султон Раҳимзода, сардори Садорати истифодаи оби Кумитаи давлатии хоҷагии оби Туркманистон Байгелдӣ Байҷонов ва намояндагони КМХОБ ширкат варзиданд.
Дар ҷамъомад масъалаҳои истифодаи лимити об ва нақшаи кори обанборҳои ҳавзаи Сирдарё ва Амударё дар давраи новегетатсияи солҳои 2018-2019 муҳокима шуданд. Лимити обгирии давлатҳо аз Амударё ва Сирдарё дар даври вегетатсияи соли 2019, нақшаи кори ҳавзаи оби Амударё тасдиқ карда шуд. Намояндаи Тоҷикистон бо пешниҳоди баровардани об аз обанбори «Баҳри тоҷик» баромад кард. Ғайр аз ин, масъалаи иштироки аъзоёни КМХОБ дар таҳияи барномаи ҳаракат бобати кӯмакрасонӣ ба мамлакатҳои ҳавзаи баҳри Арал низ муҳокима шуд.
Бинобар мутобиқсозии КМХОБ ҷамъомади навбатии 77-уми он моҳи сентябри соли 2019 дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Нур-султон баргузор мешавад.

Гӯзал АЛИМОВА,
мутахассиси Маркази захира ва таҳлили 
ахбори Вазорати хоҷагии оби Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: