ЗАХИРАҲОИ РУШДИ САВДО

Дар саноат ва соҳаи хоҷагии қишлоқ нақлиёти логистикӣ ҳамчун як қисми ҷудонашавандаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо дигар кишварҳо буда, барои ба роҳ мондани савдои байналхалқӣ як раванди устувор маҳсуб меёбад.

Барои ҳамин ҳам Президент ба ҳамин ҷиҳати фаъолияти савдои хориҷӣ эътибори хосса медиҳад. 
Вай моҳи августи соли гузашта дар яке аз вохӯриҳое, ки бо тадбиркорон баргузор сохт, дар хусуси нақши нақлиёти логистикӣ дар афзоиши рақобати озод, хариду фурӯши маҳсулоти маҳаллӣ, роҳёбӣ ба бозорҳои нав, умуман ҳамкорӣ бо тадбиркорони хориҷӣ ва рушди савдои минтақа ҳарф зад. Ҷорӣ намудани ин усул барои ривоҷ додани савдои маҳсулот тавассути роҳравҳои нақлиётӣ, сода ва рақамӣ намудани корҳои расмӣ дар боҷхона нақши муҳим бозида, қисман барои пӯшонидани хароҷоти нақлиёт хидмат мекунад.
Ба туфайли ин усул аз оғози сол ба зиёда аз 3 ҳазор нафар экспортчӣ ба миқдори 200 миллиард сӯм ёрдами моддӣ расонида шуд, қариб 800 миллион доллар экспорт амалӣ гардид. То охири сол ин нишондодро ба 2 миллиард доллар расонидан ба нақша гирифта шудааст. Ду сол қабл аз ин ҳини ҷорӣ намудани имтиёзҳо дар боҷхона барои даровардани автомобилҳои боркаш ба кишвар нархи хидмат тавассути нақлиёти боркашонӣ ду баробар арзон ва ҳаҷми гузаронидани маҳсулот 1,5 баробар афзуда буд.
Дар айни замон миқдори корхонаҳои нақлиёти логистикӣ аз 240 зиёд шуд. Ин нишондод сол то сол афзуда истодааст. Лекин вазифаҳои бар ӯҳда бударо бомуваффақият иҷро намуда, барои амалӣ намудани корҳои содироту воридот ҳиссаи муносиб ҳамроҳ мекардагӣ корхонаҳо кам. Масалан, «ARROW GREEN LOGISTIK» яке аз пешқадамтарин ширкатҳои логистикӣ ба шумор меравад. Соли 2016 бо 5 дастгоҳ фаъолияти худро оғоз намуда, то охири соли 2017 парки худро ба 30-то вусъат дод. Ҳоло дар ихтиёри он мошинҳои боркаши чодардор ва рефрежераторҳо ҳам мавҷуд.
То имрӯз хидматрасонӣ ба дараҷаи баланд бардошта шуд – ҳамаи воситаҳои нақлиёти яхдондор, бо GPS қабулкунандаҳо ва сенсорҳои ҳароратсанҷ ҷиҳозонида шудааст. «ARROW GREEN LOGISTIK» дар ҳақиқат ҳам дар миқёси Ӯзбекистон яке аз боварибахштарин воситаест, ки ба боркашонӣ ва логистика ихтисосонида шуда, ширкати пуриқтидор маҳсуб меёбад.
Чандин сол боз ширкати экспедитории High Speed - Logistik аз Ӯзбекистон ба мамлакатҳои Шарқи Наздик, Хитой, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон ба воситаи нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан аз ҷиҳати ташкил намудани боркашонӣ як қатор хидматҳоро адо карда меояд. Инчунин, аз Ҳиндустон, Ветнам, Малайзия, Сингапур, Шарқи Наздик ва дигар кишварҳо барои ба Ӯзбекистон бор овардан хидмат мекунад.
Аммо ҳанӯз ҳам дар боби хидматрасонии нақлиёти логистикӣ захираҳо ва имкониятҳои васеъ мавҷуд. Як ҷиҳати муҳими ин хидматҳо ҷойгиршавии ширкатҳои нақлиёти логистикӣ мебошад. Аз нисф зиёди 240 чунин корхона дар шаҳри Тошканд ҷойгир шудааст. Боз қисми зиёди он дар ҳудуди вилоятҳои бо пойтахт пайвастшаванда ҷойгир шудааст. Аммо дар вилоятҳои ҷанубӣ ин гуна корхонаҳо ангуштшумор аст. Маълум аст, ки дар вилояти Сурхондарё маҳсулоти меваю сабзавот аз сабаби гармии иқлим як моҳ пештар аз дигар минтақаҳо пухта мерасад ва ҳаҷми маҳсулот низ нисбатан зиёд аст. Лекин ин афзалият чандон самара наоварда истодааст. Зеро камшумор будани ширкатҳои нақлиёти логистикӣ барои амалиёти воридот ва содироти маҳсулот таъсири манфӣ расонида истодааст. Истеҳсолкунандагони маҳсулоти хоҷагии қишлоқи вилоят борҳои экспортшавандаи хешро барои кашонидан ва ё ки дар ҷараёни азнавкоркарди он дар бисёр ҳолатҳо вақти пурқиммати хешро бой дода ба боркашонҳои «хориҷӣ» барои кашонидани борашон маблағи зиёдатӣ пардохт намуда, ба зарар дучор шуда истодаанд. Ҳозир дар Сурхондарё аз тарафи Вазорати инвеститсия ва савдои хориҷӣ лоиҳаҳои муштараки Русия – Ӯзбекистон амалӣ мегардад. Аз рӯи маълумоти ВАО бо кӯмаки вазорат байни Сурхондарё ва Русия лоиҳаҳои хоҷагии қишлоқ ба роҳ монда шудааст. Бо кӯмаки вазорат лоиҳаи «Agroekspress» бомувваффақият кор мекунад. Дар доираи лоиҳа «роҳрави сабз» офарида, дар тарифи нақлиёти роҳи оҳан то 65 фоиз имтиёз дода шудааст.
Охири соли 2021 ва оғози соли 2022 дар доираи лоиҳаи «Agpoekspress»-и Русия ва Ӯзбекистон якчанд маротиба барои санҷиш маҳсулоти агросаноатиро равон сохтанд. Навбати аввали санҷиши контейнерҳои яхдондор моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд. 

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: