ЗАХИРАҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ ТАҲТИ НАЗОРАТИ ИНСПЕКСИЯ

Пайдост, ки тибқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи куллан такмил додани фаъолияти Кумитаи давлатии захираҳои геологию минералии Ҷумҳурии Ӯзбеистон”, аз 1 марти соли 2018, Инспексияи назорати фаъолияти кону геология созмон дода шуда буд.

Пайдост, ки тибқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи  куллан такмил додани фаъолияти  Кумитаи давлатии захираҳои геологию минералии  Ҷумҳурии Ӯзбеистон”, аз 1 марти соли 2018, Инспексияи назорати фаъолияти кону геология созмон дода шуда буд. Бо назардошти ин санад тибқи қарори Девони Вазирон “Низом дар бораи тасдиқ намудани  Инспексияи назорати фаъолияти кону геологияи назди Кумитаи давлатии захираҳои геологию менералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон” ба тасвиб расид ва ба зиммаи он якчанд функсияҳо гузошта шуд.
Дар ин хусус дар нишасте, ки чанде қабл дар Маркази матбуоти миллӣ бо иштироки мутахассисони соҳа баргузор шуд, сухан ба миён омад.
Дар чорабинӣ доир ба вазифаҳои пешбинишуда ва корҳое, ки ба амал татбиқ гардидаанд, сухан рафт.  
Таъкид гардид, ки дар минтақаҳо аз ҷониби инспексия оиди омӯхтани вазъи конҳо муттасил кор бурда мешавад. Масалан, дар давраи сипаригардида ҳолати ғайриқонунӣ кандани 664 кон ошкор гардид. Бино ба ин ҳолат ба миқдори  216,9 млрд сӯм ҷарима таъин шуд. Ба сабаби истифодаи бесамар аз 511 кон 137 литсензия пеш аз муҳлат бекор карда шуд. Дар натиҷаи омӯхтани 1987 субъекти соҳибкорӣ ҳолати напардохтани 56, 9 млрд сӯм андоз ошкор гардид.
– Дар тӯли соли 2021 чунин ҳолатҳо назар ба солҳои гузашта кам шуда бошанд ҳам, батамом аз байн нарафтанд, – изҳор дошт ҷонишини сардори Инспексияи назорати фаъолияти кону геологияи Кумитаи захираҳои геология ва менерологияи назди Девони Вазирон Ӯктам Ҷабборов. –  Дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби инспексия ошкор гардид,  ки 200 кон ғайриқонунӣ канда шудаанд. Барои ин қонуншиканӣ 75 млрд. сӯм ҷарима ҷорӣ карда шуд. Теъдоди истифодаи бесамар аз конҳо 143 ададро ташкил кард. Дар натиҷаи ин тафтиш 65 литсензия бекор карда шуд. Рафти тафтиши фаъолияти 487 субъекти соҳибкорӣ нишон дод, ки 7,9 млрд. сӯмина андоз пардохт нашудааст. Бино ба ин ҳолатҳо чораҳои гуногун андешида шудаанд.
Ҳамчунин, дар тӯли соли 2021  673 қонуншикании маъмурӣ содир гардида, бино ба тартиби маъмурӣ 31 ҳолати он ба суд интиқол дода шудааст. Миқдори ҷарима ҷамъ 4,14 миллиард сӯмро ташкил дод. Аз ин миқдор 1,02 миллиард сӯмаш ба таври ихтиёрӣ ситонда шуд.
Имрӯз  69 шаҳр, 335 шаҳрак ва 2902 деҳаи Ӯзбекистон ба захираҳои оби зеризаминӣ ниёз доранд.  Ҳангоми аз назорат гузарондани 1230 чоҳи об ошкор гардид, ки 30 фоизи онҳо дар рӯйихат нестанд. Бино ба ин ҳолатҳо низ чораҳо андешида шудаанд.
Аз баромади мутахассисони соҳа маълум мешавад, ки сарватҳои зеризаминии кишварамон таҳти назорати доимӣ қарор гирифтаанд. Бале, дар ҳамаи соҳаҳо назорат чун обу ҳаво зарур аст. Вагарна худсариҳо ва тороҷ метавонад танҳо ба дороӣ ва фароғату роҳати чанд кас биафзояд, ки оқибати хуб надорад.
Дар охири нишаст суолу  ҷавоб байни журналистон ва ходимони соҳа ба бисёр масъалаҳо рӯшанӣ андохт.

Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: