ЗАХМҲОИ ҶАНГ ФАРОМӮШНАШАВАНДААНД

Ба бо ғалаба ба анҷом расидани Ҷанги дуюми ҷаҳонро 77 сол пур шуда бошад ҳам, захмҳои он фаромӯш нашудаанд.

Шоир барҳақ фармудааст:
Он ҷангро дар таърих 
ҳамто набуд,
Ҷанги хунину
 бераҳмона буд...
Соли 1942 Бӯрони 18-сола низ дар қатори ҳамсолонаш ба ин ҷанги хонумонсӯз даъват шуд. Модари меҳрубонаш  гӯшаи нонро ба ӯ газонда, бо ашки шашқатор даст ба дуо бардошт: “Худо меҳрубонӣ кунад, бо зафар баргард, бачаҷонам!”
Бӯрон Гадоев дар Украина, Назди Балтика, Молдава, Полша ... мардонавор ҷангид. Бо гуруҳи разведкачиён, якчанд фашистро ҳамчун “забон” дастгир карда ба штаб супурд. Ҷанг соли 1945 ба охир расида бошад ҳам, қаҳрамони мо як сол чун “сапёр” хизмат кард, майдонҳоро аз мина тоза кард. 
Соли 1946 сарбаландона, бо шаддаи медалҳо ба Ватан, ба деҳаи Испанзаи ноҳияи Ургут баргашт. Оқибатҳои ҷанг, бӯйи хунини он ба деҳаи дурдасти ӯ низ омада расида буд...
Ҳамин тариқ, Бӯрон Гадоев 40 сол омӯзгорӣ кард. Дар мактаби миёнаи 66-уми деҳа дар вазифаҳои ҷонишини директор, директор кор кард. 
– Бо падарам якҷоя зиндагӣ мекунам. Ҳар гоҳ аз хотираҳои даҳшатбори ҷанг пурсон шавем, падарам намехоҳад нақл кунад. “Захмҳои ҷанг фаромӯшнашавандаанд, вале намехоҳам ба хотир биёрам. Шукри замонаи осудаамон мекунам”, мегӯяд падарам. Аксарияти ордену медалҳояш дар муҳорибаҳо гум шудаанд. Таҳти роҳбарии роҳбари давлат ҳукумати кишвар ба падарам ғамхорӣ менамояд. Соле як маротиба дар табобатгоҳҳо ройгон табобат мегирад, ба тамошои шаҳр ва берун аз он мебарояд, бо мукофотҳои моддиву пулӣ рағбатнок гардонда мешавад. Падарам офтоби осмони моянд, – мегӯяд писари ҷанговар Собирҷон Гадоев. 

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.     
Суратгир: Р.ГАЛЕЕВ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: