Замимаи №1

ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз «24» декабри соли 2018 №ФП-5602

ТАСВИРИ 
парчами Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Парчами Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – парчам) матои росткунҷаи комилан хокистарранг мебошад.
Дар маркази сатҳ ва пушти парчам нишони гералдӣ – тамғаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасвир шудааст. Тамға дар доираи диаметраш 98 см навиштаҷот дорад. 
Дарозии парчам 250 см, бараш 125 см-ро ташкил медиҳад.
Парчам метавонад бо андозаҳои дигар ҳам бошад, вале дар тамоми ин мавридҳо фарқи бар ва дарозии он бояд 1 бар 2-ро ташкил диҳад.

 

Замимаи №2
Ба Фармони  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
аз «24» декабри соли 2018 №ФП-5602
ТАСВИРИ

нишони гералдӣ – тамғаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Нишони гералдӣ – тамғаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон доираи тираранги хокистарӣ буда, дар канораш хати ҳалқавӣ, ҳошияи пӯшишдори рангаш биринҷӣ дорад. Дар маркази хати дохилӣ рахи рангаш сурх нақш шудааст, ки рамзи нирӯи ҳаёт ба шумор меравад.
Дар рахи доиравӣ аз боло навиштаҷот бо ҳарфҳои калони биринҷӣ ба алифбои лотинӣ: «O`ZBEKISTON RESPUBLIKASI», дар поён навиштаҷоти : «ICHKI ISHLAR VAZIRLIGI» сабт гардидаанд. Навиштаҷот бо ду ситораи ҳаштгӯша аз якдигар ҷудо карда шудаанд, ки пойдорӣ, матонат ва шаъну шарафро ифода мекунанд. 
Дар маркази доира сипари доирашакл тасвир ёфтааст, ки рамзи муҳофизат аз таҳдидҳои берунӣ ва дохилӣ буда, аз ҷониби қӯшунҳои Амир Темур истифода мешуд. Дар маркази сипар октограмма тасвир шудааст, ки атрофаш навиштаҷот дорад ва маънии ростиро ифода мекунад, ки тимсоли тартибу интизом, мувозинат ва худтакмилдиҳӣ аст. Канораҳои сипар бо нақшу нигори миллӣ оро дода шудаанд.
Дар зери сипар ду шамшери ба тарзи уреб (диагоналӣ) болои ҳам хобида, ки теғаҳояшон ба поён нигаронида шудаанд – рамзи қадимаи мудофиа ва ниру тасвир ёфтаанд. Дастаи шамшерҳо чаҳор ҳошия доранд, ки рамзи равандҳои асосии фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – қонунмандӣ, ягонагӣ, риоят ва эҳтироми ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ошкороӣ ва шаффофият ба шумор мераванд.
Соҳати сипар ранги хокистарии графитӣ дошта, шамшерҳо хокистарранганд.
Дар паси сипар ва шамшерҳо мурғи Ҳумо бо болҳои кушода тасвир шудааст, ки тиллоранг буда,  тимсоли омад ва бахту саодат аст. Ин ҷойгузинӣ рамзи муҳофизати осоиш ва оромӣ дар мамлакат, хидмати мақомоти корҳои дохилӣ ба манфиати халқ мебошад.
Нишони гералдиро метавон дар тасвири якранг (суроб – силуэт) тайёр кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: