ЗАМИН РӮЗИРАСОН АСТ

Дар аксар деҳаҳои тоҷикнишини ноҳияи Бойсун мардум замини наздиҳавлигиро “ҳаёт” мегӯянд. Албатта ин бесабаб нест.

Аз азал гузаштагони мо аз ҳисоби ҳамин як порча замин зиндагии хешро пеш бурдаанд. Аз нақлу ривоёти ниёгон маълум аст, ки аксар сокинони навоҳӣ аз замини наздиҳавлигии хеш ҳосили дилхоҳ гирифта, онро ба бозорҳои Регар, Деҳнав, Шеробод ва Ғузор бурда мефурӯхтанд ё бо маҳсулоти дигари рӯзгор иваз мекарданд. Ба қарибӣ Президент Шавкат Мирзиёев дар бораи босамар истифода бурдани замини наздиҳавлигӣ  ва аз ин ҳисоб бо маҳсулоти кишоварзӣ моломол кардани бозори дохилӣ қарори махсус бароварда буд. Дар роҳи иҷрои ин ҳуҷҷати муҳим як қатор корҳои шоёни таҳсин амалӣ мешаванд. Вале ҳанӯз  камбудиҳо хеле зиёданд. Бино бар маълумоти оморшиносони ноҳия сокинони деҳаҳои Панҷоб, Газак, Сайроб, Дарбанд ва Мачай бо вуҷуди зиёд будани об аз заминҳои наздиҳавлигии хеш босамар истифода намебаранд. Дарбанд аз бонуфузтарин деҳоти ин диёр ба шумор рафта, аз  байни он дарё ҷорист, вале 95 фоизи сокинон сабзавот ва бисёр маҳсулоти полизиро аз бозорҳои Шерободу Бойсун харид мекунанд. Таассуфовар ин аст, ки ҷавонон барои мардикорӣ ба шаҳру кишварҳои бегона рафта, корҳои сиёҳро анҷом медиҳанд, вале замини наздиҳавлигии хешро обод намекунанд. Аз гармхона, ё худ аз корхонаҳои паррандапарварӣ, асалпарварӣ ва чорводорӣ ному нишоне нест.
Солҳои пешин мо ғалла ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқро аз дигар кишварҳо харид мекардем. Хушбахтона, дар даврони истиқлолият ин муаммоҳо дар як муддати кӯтоҳ ҳаллу фасл шуданд. Ҳоло дар соҳаи боғдорӣ, ангурпарварӣ низ таҷрибаи давлатҳои мутараққиро омӯхта, онҳоро дар кишвари худ хуб татбиқ менамоем.
Дар ин ҳуҷҷати муҳим таъкид шудааст, шаҳрвандоне, ки аз замини наздиҳавлигии хеш пурсамар истифода намекунад, бояд ба ҷарима кашида шаванд. Агар мо аз як гиребон сар бароварда, дар роҳи татбиқ кардани қарори мазкур амал кунем, бечуну чаро барои тараққиёти иқтисодии давлатамон ҳиссаи босазо хоҳем гузошт.

Нуралии РАҶАБ,
хабарнигори  “Овози тоҷик” дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: