Солҳои охир дар мамлакати мо доир ба хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла ҷудо ва тақсим кардани замин ислоҳоти зиёд амалӣ шуданд.
Солҳои охир дар мамлакати мо доир ба хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла ҷудо ва тақсим кардани замин ислоҳоти зиёд амалӣ шуданд. Дар ҷамъомади видеоселекторие, ки аз ҷониби роҳбари давлат гузаронида шуд, низ дар бораи ҷорӣ кардани тартиби барои ҳама баробар, шаффоф ва хоси тамоилҳои бозаргонӣ, таъмин сохтани барқарории муносибатҳои оид ба замин, мулк, ҳуқуқ ва ҳифзи замин сухан рафт.
Аз ислоҳоте, ки дар соҳа татбиқ мегарданд, пеш аз ҳама одамони оддӣ, халқамон манфиатдор мешаванд. Зеро минбаъд замин танҳо аз тариқи музояда дода шуда, дар ин бобат пеши роҳи ҳолатҳои хешу ҷӯрабозӣ ва тамаъгарӣ гирифта, ба қонунвайронкуниҳои вобаста ба замин садд гузошта хоҳад шуд.
Мувофиқи фармон бобати пурқувват кардани назорати тақсимкунии замин ва истифодаи он як қатор тадбирҳо ҷорӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, ҳуқуқҳои вобаста ба замин ихтисор гардида, ҳуқуқи истифодаи умрбодии замин бекор карда мешавад, амалиёти тақсим кардани замин барои ҳуқуқи истифодаи муваққатӣ пурра барҳам мехурад, ба секторҳои хусусӣ ҳуқуқи мулк ва иҷора дода, барои ташкилотҳои давлатӣ ҳуқуқҳои истифодаи доимӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Дигаргунии асосӣ аз 1 августи соли равон куллан бекор гардидани ваколати аз ҷониби ҳокимон додани замин мебошад. Ҳамчунин минбаъд ба онҳое, ки манзилашон ба руйхати вайроншавӣ афтодаанд, ба оилаҳои камтаъмин замин бепул дода намешавад, баръакс тартиби сарпуркунии хароҷот аз тариқи музоядаи замин ҷорӣ мегардад.
Дар тақсим кардани заминҳои кишоварзӣ тартиби нав ҷорӣ хоҳад шуд. Замин барои тамоми шаҳрвандон ва ташкилотҳо дар асоси музоядаи кушод дода мешавад. То имрӯз мувофиқи қонунгузории дарамал замин ба хоҷагиҳои деҳқонӣ бидуни музояда дода мешуд.
Бобати ҷудо кардани замин ва истифодаи он назорат пурзӯр мегардад. Минбаъд натиҷаи музоядаи кушод бинобар иҷораи заминҳои кишоварзӣ бо қарори ҳоким тасдиқ карда хоҳад шуд. Ҳамчунин шартномаи иҷора дар байни ҳокими ноҳия ва шахсе, ки бо музояда ғолиби гирифтани замин шудааст, дар шакли электронӣ тартиб дода мешавад.
Дар садорати адлияи вилоятҳо тартиби аз экспертиза гузаронидани қарори ҳокими вилоят дар бораи замин ҷорӣ мегардад. Ғайр аз ин ба роҳ мондани назорати ҷамъиятӣ низ дар назар дошта шудааст, шаҳрвандоне, ки дар бораи ҳолатҳои вайрон шудани ҳуқуқ хабар медиҳанд, рағбатнок карда мешаванд. Мақомоти кадастр, адлия, прокуратура бинобар аз ҷониби ҳокимон ҷудо кардани замин назорати давлатӣ ҷорӣ мекунанд.
Аз ҳамаи ин бармеояд, ки қонуни ҷавобгарӣ бинобар вайронкунии ҳуқуқ дар соҳаи замин қатъиян пурзӯр мегардад. Барои заминҳое, ки бар хилофи қонун азхуд карда шудаанд ва дар ин бобат хабар дода нашудааст, барои бо энергияи электр, шабакаҳои газ бар хилофи қонун вобаста кардани ин иншоот ҷавобгарии нави маъмурӣ пешбинӣ мегардад. Шахсоне, ки заминҳои обёришавандаро худсарона, ғайриқонунӣ азхуд кардаанд, бевосита ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. Ҳоли ҳозир барои чунин ҳолатҳо баъд аз ҷавобгарии маъмурӣ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шуда буд.
Баробари ин, ба ходимони кадастр низ ваколатҳои зиёд, аз ҷумла ваколати таъин кардани ҷаримаҳои маъмурӣ дар соҳаи замин дода хоҳад шуд. Барои бар хилофи қонун фурӯхтани замин ҷавобгарии нави ҷиноӣ ворид карда мешавад. Бинобар ин барои ба қонунҳоямон дохил кардани тағйирот ва иловаҳо дар назди депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ вазифаҳои зиёд истодаанд.
Роҳбари давлат дар ҷамъомади видеоселекторие, ки вобаста ба таъмин сохтани шуғли аҳолӣ ва фаровонҳолии ӯ баргузор кард, изҳор дошт, ки нархи навои бозорҳоро ба соҳибкорон бо роҳи иҷборӣ не, балки бо тарзи номгӯйи маҳсулотҳоро зиёд кардан коҳиш додан зарур аст. Дар замири ин суханҳо мазмуну моҳияти зиёд ҳаст.
Минбаъд заминҳои аз ғалла холишударо ба аҳолии бекор додан ва бад-ин тариқ бехатарии хӯроквориву барқарории нархро дар бозорҳо нигоҳ доштан, ҳамчунин таъмин кардани шуғли аҳолии бекор ба сифати вазифаҳои аввалиндараҷа мушаххас карда шуданд. Боз як ҷиҳати муҳим, минбаъд замин ба соҳиби ҳақиқии худ ба муддати 10 сол дар ҳаҷми 25 сотих ба иҷора дода мешавад.
Хулоса, фармони Президенти мамлакат «Дар бораи баробариву таъмин кардани шаффофият дар муносибат бо замин, ҳифзи боварибахши ҳуқуқ оид ба замин ва табдил додани онҳо ба сармояҳои бозаргонӣ» барои пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳои вобаста ба замин, як хел ба тартиби шаффоф тақсим кардани замин барои ҳама хидмат хоҳад кард.
Мавҷуда ҲАСАНОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.