ЗАМИНИ ЗАРХЕЗ

маҳз ба туфайли меҳнати ҳалоли худ одамон аз он ризқу рӯзӣ ба даст меоранд

Дар ин фасли сол ниҳолшинонӣ одати қадимии мардум ба шумор меравад. Мекӯшанд, ки ниҳолҳо зуд ба мева даромада, коми фарзандону набераҳояшонро ширин гардонад.
Дар ҳудудҳо баҳри ба як порча замин коштани тухмӣ, бунёд намудани боғу токзорҳо, ташкили гармхонаҳо эътибори алоҳида нигаронида шудааст. Гурӯҳҳои корӣ созмон ёфта, хона ба хона гашта, оиди аҳамияти аз замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода бурдан корҳои тарғиботӣ мебаранд.
Дар ноҳияи Фориш намояндагони Шӯрои депутатҳои халқи ноҳиявию вилоятӣ якҷоя бо ходимони шӯрои Иттифоқи ҷавонон ва Кумитаи бонувон ин корро мунтазам ба назорат гирифтаанд.
Дар ноҳияи Пахтакор ходимони инспексияи давлатии андоз дар маҳалҳо шароити соҳибони қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигиро меомӯзанд. Назар ба гуфти сардори шуъбаи инспексияи давлатии андози ноҳия Орзумурод Эргашев ҳокими ноҳия ташаббус кард, ки барои оилаҳои эҳтиёҷмандро бо кӯчат таъмин намудан чил миллион сӯм маблағ ҷудо намояд.
Дар маҳаллаҳои «Узун»-у «Бирлик»-и ноҳияи Зафаробод бахшида ба ин мавзӯъ семинари намоишӣ доир гардид. Мутахассисони шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳибони қитъаҳои замини наздиҳавлигии ноҳия ба аҳолӣ дар хусуси бартарии киштукори баҳорӣ, маданияти заминдорӣ, гирифтани вомҳои хурд корҳои тарғиботиро ба анҷом расониданд.
Дар ноҳияи Бахмал ташкил ёфтани боғҳои нав касро хушҳол месозад. Дар ноҳияи Шароф Рашидов гармхонаҳо торафт меафзояд. Аммо дар ҳама ҷо ду  хел манзара намоён мегардад. Як қитъаи замин ба туфайли меҳнатдӯстӣ обод мегардад. Порчаи дигар аз ғояти танбаливу коргурезии соҳибаш ҳоли валангор дорад.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: