Дар натиҷаи заминларза бо шиддати 6,8 дараҷа, ки дар ноҳияи мухтори Ситсзан дар ҷанубу ғарби Чин рух дод, 126 нафар ҳалок, 188 нафар захмӣ ва ҳазорон хонаҳои деҳот дар нишебии шимолии Ҳимолой тахриб шудаанд, хабар медиҳад «Синхуа».
Заминларза соати 09:05 ба вақти Пекин дар шаҳраки Тсого, музофоти Динжи (Тингри)-и ҳавзаи шаҳрии Шигатзе ба амал омад. Дар масофаи 20 километр аз маркази заминларза 27 деҳа ҷойгир аст, ки дар онҳо ҳудуди 6900 нафар зиндагӣ мекунанд.
Тавре мақомоти Шигатзе иттилоъ доданд, тибқи маълумоти пешакӣ, 3609 хона фурӯ рехта, 407 нафари зери харобаҳомонда наҷот дода шуданд ва беш аз 30 ҳазор нафар ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.
Ҷустуҷӯи онҳое, ки зери харобаҳо мондаанд, идома дорад. Наҷотдиҳандагон саъй доранд, ки ҳарчӣ зудтар барои кӯчонидашудагон хайма гузоранд, зеро тибқи пешгӯиҳо, ҳаво дар ин минтақа то 17 дараҷа сард мешавад.