ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛӢ – ОМИЛИ ФАРОВОНИИ РӮЗГОР

Таҳдиди бешафқатонаи коронавирус ҳар яки моро водор месозад, ки баробари риояи қатъии талабҳои карантин бо мақсади устуворона паси сар кардани душвориҳои пешоянда, пеш аз ҳама дилпурона қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ бояд аз ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигии худ самаранок истифода барем.

Таҳдиди бешафқатонаи коронавирус ҳар яки моро водор месозад, ки баробари риояи қатъии талабҳои карантин бо мақсади устуворона паси сар кардани душвориҳои пешоянда, пеш аз ҳама дилпурона қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ  ба маҳсулоти хӯрокворӣ бояд аз ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигии худ самаранок истифода барем. 
Аз гуфтаҳои сарвари вилоят К. Камолов аён гардид, ки дар вилоят қитъаҳои наздиҳавлии аҳолӣ 39,5 ҳазор гектарро ташкил мекунад. Ин миқдор кам нест ва ҳар як ваҷаби он бояд аз эътибор берун намонад. Ноҳияи Шофиркон беш аз 175 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. 4215 гектар киштзорҳои ноҳияро қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ ташкил мекунад. Моҳҳои август-сентябри соли гузашта шӯрои хоҷагиҳои фермерию деҳқонӣ ва соҳибони қитъаҳои наздиҳавлигии ноҳия ба шаҳрвандони бекормондае, ки гармхона доранд, 4640-то ниҳоли қаланфури булғор, 9600 бех қаланфури тунд, барои дар ҷойҳои холӣ шинондан ниҳолҳои қулфинайи навъи «Кобра»-ро мувофиқи маблағи Маркази ноҳиявии  кӯмакрасони шуғли аҳолӣ бепул дода буд. Дар натиҷа, онҳо соҳиби собиқаи кории яксола шуда аз қаланфури булғор 70 миллион сӯм, аз қаланфури тунд 23 миллион сӯм даромад гирифтанд. Соли ҷорӣ дар 3739,4 га. майдон кишти баҳорӣ сурат гирифта, аз ҷумла, дар 1751,6 га. сабзавот, дар 473,7 га. картошка, дар 105,9 га. маҳсулоти полиз, дар 224,4 гектар зироати лубиёӣ ва дар 1179,3 гектар майдон намудҳои  дигари маҳсулот рӯёнда мешавад. Дар ноҳия бо мақсади истифодабарии самаранок аз киштзорҳои мавҷуда, пурра қонеъ гардондани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ ва зиёд намудани ҳаҷми содирот чораю тадбирҳои зарурӣ дида мешавад. Аз ҷумла, пешбинӣ шудааст, ки соли ҷорӣ дар қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ ва ҳангоми кишти такрорӣ дар онҳо зироатҳои зарурии серталаби аҳолӣ нисбатан бештар корида шавад. Аз ҷумла, имсол дар 2323 га. майдон гузаронидани кишти такрорӣ (соли гузашта 1219 га. буд) ва дар 622 га. замин рӯёндани пиёз, сир, сабзӣ, кабудӣ барин зироатҳо ба нақша гирифта шудааст. Ба ғайр аз ин, бо мақсади бо кор таъмин кардани ҷавонон ва зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ кооперативҳои истеҳсолӣ созмон меёбанд. Дар айни замон дар ҳудуди Ҷӯинав барои 10 нафар ҷавонон, дар мавзеи Дӯрмон барои 10 нафар шаҳрвандон як гектарӣ, ҷамъ ду гектар майдон бо мақсади сабзавоткорӣ ва дар мавзеи Тезгузар бо мақсади сохтмони гармхонаи замонавӣ се гектар майдон ҷудо карда шуд. Дар ин ҷо кооперативи истеҳсолии «Шофиркон  томорқа экспорт» ташкил ёфта, ҳар яки 60 нафар ҷавонони бекормонда соҳиби 2,4 сотихӣ гармхона мегарданд. Дар натиҷа, барои бо зироати хушсифати тару тоза  таъмин кардани аҳолии ноҳия ва содироти он ба хориҷа имконият фароҳам меояд. Моҳҳои октябр ва ноябри соли 2020 дар 20 гектар қитъаҳои аз ғаллаю пахта холигашта 10 гектар боғи интенсив ва 10 гектар токзор бунёд гардида, бештар аз 100 нафар шаҳрвандони бекор соҳиби кор мешаванд. Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Талисафед томорқа хизмат» бобати ба аҳолӣ сохта додани гармхона, бунёди чоҳҳои обёрикунӣ, расонда додани ниҳолу тухмӣ ва нуриҳои минералӣ кӯмак мерасонад. Аз ҷумла, дар чоряки аввали соли ҷорӣ бо шарофати ин ҷамоа 10 хонадон соҳиби гармхона, 21 хонадони гармхонадор соҳиби 16200 бех ниҳоли помидор ва се чоҳ (насос)-и обёрикунӣ гардиданд. Ҳоло дар гармхонаи 0,5 гектараи ҶММ «Талисафед томорқа хизмат» тарбузҳо нашъунамо ёфта, онҳо мобайнҳои моҳи май пухта мерасанд. Мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ 50-70 тонна ҳосил фароҳам омада, 250 миллион сӯм даромад дастраси соҳибкорони талисафедӣ мегардад. Дар  қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ ҷараёни киштукори баҳорӣ асосан поён ёфтааст. Агар обу ҳаво  «номардӣ» накунад, истифодабарии оқилона ва самараноки онҳо, бешубҳа, боиси фаровонии рӯзгор ва арзонии бозорҳоямон мегардад.

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири»Овози тоҷик» дар вилояти  Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: