Солҳои зиёде буданд, ки мо на ҳама вақт ҳақиқатро гуфта метавонистему на дар бораи он навишта.
Мардум рӯирост эътироз мекарданд: ҳама ҷо масъала, чаро шумо дар ин бора наменависед?! Албатта, ин гуфтаҳои мардум беасос набуданд. Таърифу тавсифи аз меъёр берун, маддоҳӣ рӯзномахононро дилгир мекард. Онҳое, ки бо орзую умедҳо рӯзномаро боз мекарданд, фурсате нагузашта ҳавсалаашон пир мешуд. Ҳис кардан душвор нест, ки мардум ҳақиқатнигориро интизоранд.
Хушбахтона, бо шарофати сиёсати оқилонаи сарвари давлат солҳои охир орзую умедҳои мардум рӯйи об мебароянд. Ҳам дар сиёсати дохилӣ, ҳам дар сиёсати берунӣ ислоҳот, тағйиротҳое ба амал меоянд, ки бо меъёрҳои адолат ҳамоҳанганд.
Имрӯз боиси хушнудист, ки дар саҳифаҳои матбуот, барномаҳои радиою телевизион маводҳои танқидӣ ба чашм мерасанд. Ба ибораи дигар, он норасоӣ, камбудиҳое, ки дар ҳаёти воқеӣ мавҷуданд, ба ВАО роҳ меёбанд.
Вазифаи асосии матбуот ва расонаҳои ахбори оммавӣ дар ҳама давру замон иборат аз рӯҳбаланд намудани мардум баҳри иҷрои вазифаҳои пешгузошташуда ва фош намудани монеаҳои пешравии ҷомеа буду ҳаст. Ҳоло дар мамлакатамон матбуот ва ВАО баҳри бомуваффақият ба сомон расидани нақшаҳои азими давлат, тарбияи сиёсию ғоявии аҳолӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар айни замон баҳри дастгирии онҳо, ҳавасманд гардондани кормандони соҳа ғамхориҳо зоҳир мешаванд. Бо ин мақсад миқдори озмунҳои эҷодӣ, тақдир намудани меҳнати хоксоронаи хабарнигорон беш аз пеш афзудааст.
27 июн дар мамлакатамон ҳамчун Рӯзи кормандони матбуот ва ВАО таҷлил меёбад. Ба ин муносибат табрики Президент ба журналистон ирсолгардида, айни замон барои фаъолияти минбаъдаи онҳо ҳамчун дастуруламал хидмат мекунад.
Бояд таъкид намуд, ки иди имсола – Рӯзи кормандони соҳа дар мамлакатамон пуршукӯҳтар истиқбол гардид ва қисми зиёди журналистон сазовори мукофотҳои давлатӣ, диплому туҳфаҳо гардиданд. Банда низ сарфарозам, ки бори сеюм ҷоизаи озмуни Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон «Журналисти беҳтарини сол» насибам шуд. Сарвари давлат дар табрикнома баробари эътирофи хидматҳои муносиби кормандони соҳа бобати зарурати таълифи маводҳои холисона наздамон вазифаҳо гузошт. Ин ба зиммаи мо, хабарнигорон, масъулияти нав зам мекунад.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.