ЗАН АГАР ОТАШ НАМЕШУД...

Дар ҷамъият одамоне низ ҳастанд, ки лақабашон бозгӯйи сифатҳои неки онҳост.

Дар ҷамъият одамоне низ ҳастанд, ки лақабашон бозгӯйи сифатҳои неки онҳост. Яке аз чунин ашхос Насиба Сатторова мебошад, ки байни мардум бо номи «Зани оташ» машҳур аст. Ин бесабаб нест. Насиба Мардоновна бо хислатҳои далерию суботкорӣ, аҳду вафо ва қатъиятнокӣ соҳиби чунин, метавон гуфт, иззату обрӯ гардидааст. Вай дар байни 74 нафар раисони ҷамоати шаҳрвандии но-ҳияи Самарқанд ягона бонуст. Лоиқи таҳсин.

Дар ҷаҳон донӣ, 
кӣ гардад муътабар?
Он, ки ӯро бок набвад 
аз хатар!

Ӯ пас аз хатми омӯзишгоҳи педагогии Самарқанд дар зодгоҳаш – ноҳияи Ҷомбой омӯзгори мактаби миёнаи рақами 23-юм буд. «Аз тақдир ҷойи гурез нест», – мегӯянд, ки ҳақ аст. Бахташ тофту арӯси ноҳияи Самарқанд гардид. Ҳамсараш – ҷарроҳ Ҳикмат Бадалов дар шифохонаи марказии ноҳия кор мекарду ӯ хонанишин. Чилла гузашт ва як рӯз вай ба шавҳараш гуфт, ки мактабу хонандагонро пазмон шудаасту ба кор мебарояд.
– Дил – дили Зайнаб, – гуфт шавҳараш ба оҳанги ризоият. – Вале дар мактабҳои ноҳия омӯзгор зиёд, ҷой бошад?..
– Шумо иҷозат диҳед, ман кор меёбам, – ҷӯянда – ёбанда.
Рӯзи дигар Насиба диплом ва дафтарчаи меҳнатиашро гирифту ба шуъбаи таълими халқии ноҳия  рафт. Аммо тарбуз аз бағалаш афтид. Мудир ҷой нест,  гӯён ҷавоб дод. Насиба ба қабули ҳокими ноҳия худораҳматӣ Раҳима Ҳакимова даромад. Ба ҳоким ҷаҳонбинӣ, муомилаи хуш ва қатъияти мусоҳибаш маъқул шуд, аз ин рӯ ба мудири таълими халқ занг зад. 
– Раҳима Ҳакимовна, гап нест, – ваъда дод Ворис Муҳсинов, – бо ҳуҷҷатҳояш ба пеши ман фиристонед.
Насиба шоду масрур дубора назди мудир омад, вале ӯ ба аспи ҷаҳл савор шуда буд:
– Чаро шумо бо шикоят назди ҳоким рафтед?! – Салому алейкро нася карда сиёсатомез ба миз мушт зад мудир. – Кор нест. Фаҳмо?!
– Фаҳмо, – лабханд зад Насиба. – Саломат бошед!
Рӯзи дигар вай боз ба ҳокимият омаду ба Раҳима Ҳакимовна тарзи муомилаи мудирро гуфт. Ҳоким ин дафъа мудирро тавассути телефон назди худ хонд ва гуфт, ки ариза навишта аз кор равад.
Насибаро ба вазифаи равишомӯз қабул карданд. Насиба зуд бо ташаббускорӣ, навоварӣ ва ҷоннисорӣ ба ҳурмату эҳтироми омӯзгорони ноҳия соҳиб шуд.

Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

На ҳар зан зан бувад, 
ҳар зода фарзанд,
На ҳар гул мева орад, 
ҳар найе қанд.

Шавҳараш баногоҳ ба дарди бедавое печид ва бистарӣ гардид. Ба бемор нигаҳбон даркор буд. Барилова парастории чор фарзанди хурд. Насиба ноилоҷ хонашин шуд. Нафақаи шавҳар барои корношоямӣ ба рӯзгор намерасид. Аҷиб, одам чун ба андешае афтад, парешонҳол гардида, дар чашмонаш ҳатто хоб меҳмон намешудааст. Кас ба гирдоби фикру хаёл афтида, ба саволҳои «чӣ бояд кард?», «чаро ин тавр шуд?» ва ғайра ҷавоб меҷустааст. 
Нигоҳи андӯҳгини Насиба гоҳ сӯйи кати шавҳар ва гоҳ ҷониби фарзандони масти хоб лағжида, роҳи ҳалли ин мушкилро меҷуст. Дар саргаҳи гузари Янги ҳаёт бозори тахтаву чӯб воқеъ буд, ки мардикорҳои аз ҳар куҷо омада, дар ин ҷо кор карда, як луқма нон меёфтанд. Насиба маҷбур шуд, ки дар он ҷо санбӯсаву бичак пухта фурӯшад. Хушбахтона, духтарон дастёри оча шуданд. Муҳимаш дег равған медиду нафс ором мегирифт.
Зани вафодору садоқатманд беш аз 13 сол ёру шарики зиндагии шавҳари бемораш шуд. Вале ӯро аз чанголи аҷал раҳо карда натавонист. Чӣ илоҷ... Баъди вафоти шавҳар зистан дар ҳавлии хушдоман бо баъзе сабабҳо душвор гардид. Дар деҳаи Янги ҳаёт беш аз як гектар замин буд, ки гӯё дар тасарруфи стансияи санитариву эпидемиологии ноҳияи Самарқанд қарор дошт. Корчаллонҳо онро рустӣ қисм-қисм мефурӯхтанд. Насиба ба сарвари давлат, прокуратураи ҷумҳурӣ шикоят навишт. Аз байн чанд рӯз нагузашта чанд нафар каллаҷунбонҳои ноҳия бо сардории раиси деҳшӯрои Оҳалик омада, хостанд шикоятнависро аввал бо дӯғу пӯписа тарсонанд, баъдан бо пора харида гиранд. Аммо дар ҳар ду «амал» тирашон хок хӯрд. Насиба истодагарӣ кард. 
– Хӯш, шумо чӣ мехоҳед? – ниҳоят аз қатъият, якравӣ ва бебокии ӯ огоҳ шуда пурсиданд заминфурӯшҳо, – гап занед?
– Ман ҳам шаҳрванди Ӯзбекистон, пас чаро аризаамро ба инобат намегиред?
– Фикр кунед, ки масъала ҳал шуд, – ба муросо омад раиси деҳшӯрои Оҳалик Марям Раҳматова, ки аз фош шудани қарорҳои қалбакӣ ва паси панҷара шудани худ сахт метарсид. – Биёед, ман шуморо ба кор ҳам мегирам. Фақат навис-нависро бас кунед.
Ана ҳамин тавр Насиба Сатторова ба вазифаи ҷонишини раиси деҳшӯро оид ба масъалаҳои занону духтарон таъин гардид. Дар ин вазифа то барҳам хӯрдани идораҳои деҳшӯро хидмати шоиста кард.
Раиси кордон

Ба ҳар коре, ки ҳиммат 
баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста 
гардад.

Бояд тазаккур дод, ки Насиба Сатторова беш аз даҳ сол ҳамчун раиси маҳаллаи Янгиобод низ хидмати шоиста кардааст. Бо ташаббус ва даву ғеҷи вай кӯчаҳо мумфаршу равон ва чароғон шуданд. Мактаби нопурра ба таълимгоҳи миёнаи алоҳида табдил ёфт. Ҳар як хонадон бо оби ошомиданӣ таъмин гардид. Аз ҳама муҳимаш ӯ ба вайрон шудани оилаҳои нав роҳ надод. Шояд аз ҳамин сабаб соли 2019 мардуми ҷамоати шаҳрвандии «Янги ҷой» ӯро раиси худ интихоб карданд. Ҳоло дар тасарруфи маҳалла ҳафт гузар вуҷуд дошта, дар 1595 оила 4 ҳазору 770 нафар вакилони миллатҳои гуногун аҳлу тифоқ зиндагӣ ба сар мебаранд.
Чанде пеш мо бо супориши идораи рӯзнома ва тавсияи роҳбари идораи маҳаллаи ноҳияи Самарқанд ба коргоҳи Насиба Сатторова омадем, ки дар арафаи иди 30-солагии истиқлоли  Ӯзбекистон бо нишони сарисинагӣ сарфароз гардида буд. Идораи ҷамоати шаҳрвандии «Янги ҷой» дар маркази маҳаллаи мазкур, дар бинои хушсохти замонавӣ маскан гирифта, чанд нафар барои пеши раис дохил шудан навбат мепоиданд.
Ҷонишини вай Бахтиёр Йӯлдошев аз мақсади мо огоҳ гашта, гуфт, ки раис барои маҳалла хеле қадрдон аст. Маҳз бо ташаббуси ӯ дар маҳалла бисёр корҳои ободонӣ ба фарҷом расиданд. 
– Агар чизе нависед, илтимос зани оташ ва кордон будани ӯро, албатта, таъкид кунед, – хоҳиш кард Бахтиёр. 
Пас аз чанд лаҳза бо роҳбаладии мусоҳибамон ба утоқи васеъ ва равшани раис ворид шудем.
– Дар урфият ба як мурғ ҳам обу ҳам дон лозим, мегӯянд, – гуфт бо табассуми базеб Насиба Мардоновна. – Шукри Худо, ки бо ғамхории бевоситаи Президент некӯаҳволии мардум сол то сол беҳтар мегардад. Замоне буд, ки  калимаҳои «камбағал», «муҳтоҷ», «камбизоат»-ро истифода бурдан манъ буд. Ҳоло барои барҳам додани муаммоҳои рӯзгор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқамон «Дафтари оҳанин», «Дафтари ҷавонон», «Дафтари занон» ташкил шуданд. Ҳамаи инҳо ба муҳофизати ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон нигаронида шудаанд. Шумо медонед, ки касбу кори доимӣ доштани инсон боиси хотирҷамъиву фаровонҳолии хонавода аст. Зеро кас меҳнат кунад, даромад мешавад ва маблағ сабаби пешрафту тараққиёт, аз ҳама муҳимаш, асоси кам шудани нодорӣ аст. Пандемияи коронавирус ба иқтисодиёт зарари калон расонд.
 Бо вуҷуди он бо тавсияи мо шахсони дар қайди «Дафтари оҳанин» ва «Дафтари ҷавонон» буда, бо кори фоидабахш таъмин гардиданд. Дар қаламрави мо корхонаҳои мурғ ва боғпарварӣ мавҷуданд. Аксарияти онҳоро ба ҳамон ҷойҳо фиристодем.
Боз як чизро таъкид кардан ҷоиз аст, ки дар ҳудуди мо 2 ҳазору 544 нафар бонувон зиндагӣ мекунанд. Ман ҳамчун зан ташвишу муаммоҳои онҳоро мисли панҷ панҷаам медонам. Мутобиқи супориши роҳбари давлат дар ҳар як маҳалла ташаккул додани хонаҳои «Шӯрои маслиҳати занон» амалӣ гардид. Мақсади асосии шӯрои мазкур шунидани муаммоҳои занони ба ҳимоя мӯҳтоҷ, ба инобат гирифтани таклифу талаботи онҳо ва дар чорчӯбаи қонун ҳаллу фасл кардани ин дархостҳост.
Дар асоси омӯхтани шароити занҳои ба кӯмак мӯҳтоҷ ба даҳ нафар дастгоҳҳои махсуси ширинипазӣ додем. Ба 16 оила маводи озуқа ройгон тақсим карда шуд. Дар айни суҳбати мо марди миёнсоле шоду масрур ба дафтари раис ворид шуда хабар дод, ки ба маъракаи бӯрёкӯбӣ таклиф мекунад. Маълум шуд, ки ӯ Шариф Муҳаммадиев, то ба қарибӣ дар рӯйхати «Дафтари оҳанин» қарор доштааст ва инак бо кӯмаки раиси ҷамоати шаҳрвандон соҳиби се хонаи истиқоматӣ гардидааст.
– Парранда бо болу инсон бо дӯстонаш, гуфтаанд, – суҳбатро идома дод Насиба Мардоновна. – Дар ҷамоати мо чанд комиссия ва шахсони ҷонфидо ҳастанд, ки дар комёбиҳоямон саҳми арзанда мегузоранд. Абдуҳафиз Раҷабов, Новвотой Юсуфова, Аълам Зиёев, Карим Самадов, Эргаш Мӯъминов ва чанд нафари дигар аз он ҷумлаанд. Онҳо ҳам раҳнамо ҳам маслиҳатгари мо ҳастанд.
Оре, шоир дуруст мегӯяд:
Зан агар оташ намешуд, 
хом мемондем мо...

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: