ЗАН ХУШБАХТ БОШАД, ОИЛА ВА ҶАМЪИЯТ ҲАМ ХУШБАХТ МЕШАВАНД

Баҳор фаро расид, айёми шукуфоӣ омад. Дарахтон муғҷа мебанданд, тамоми мавҷудоти зиндаи замин бедор мешавад, мардум ин айёми солро бо хушнудӣ истиқбол мегирад.

Дар ҳама ҷо нафаси баҳор мушоҳида мегардад, суруди мурғон ба гӯш мерасад, лаклакҳо ба ватани худ бармегарданд. Духтарон гул мечинанд, бадеҳа мегӯянд. Дар ҳамин рӯзҳо мо аввалин ҷашни баҳорӣ – 8  мартро, ки кайфияти баҳориву зебоӣ мебахшад, эҳёи табиат аст, таҷлил мекунем.
Баҳор ва зан мафҳумҳои ба якдигар вобастаанд, зеро онҳо идомати ҳаётро таъмин мекунанд. Ҳам баҳор ва ҳам зан дар қалби инсон муҳаббатро нисбат ба ҳаёт бедор мекунанд, саъю кӯшишҳои нек, ғамхориву меҳру муҳаббатро  пойдор менамоянд. 
Шояд иштирокдорони чорабинии анъанавӣ дар Маҷмӯи намоишгоҳи миллии пойтахт «Ӯзэкспомарказ» бахшида ба Рӯзи байналхалқии занон – 8 Март низ аз ин хусус андеша мекарданд. Ин маҷмӯи муҳташам гӯё аз ҳузури занони хушсарулибос, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фидокорона меҳнат мекунанд, зеботар гардид. Ҳангоми мушоҳидаи ин зебоӣ, ҳатто дар дили инсоне, ки шеър намегӯяд, орзуву ҳаваси навиштани шеър ва васф кардани ҳусну таровати баҳору зан ҷӯш мезанад. 
Ҳанӯз аз остонаҳои бино ба ҷашн чӣ гуна тайёрӣ дидани коргузорон эҳсос мегардад. Ҷавонони хушлибос ҳар як меҳмонро гарм истиқбол гирифта, ӯро аз тариқи пояндози сурх ба толор раҳнамоӣ мекарданд. Занон – ҳамватанони мо, ки аз Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва тамоми вилоятҳо омадаанду барои пешрафти мамлакат самарабахш кор кардаанд, меҳмонони ин тантана буданд. 
Дар маросими тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев нутқи табрикӣ кард. 
– Инсоният аз қадимулайём ба симои модари муқаддас, зан арҷ мегузорад. Муҳаббати зиндагибахшои модар моро ба корҳои бузург рӯҳбаланд месозад, мо саъй дорем, ки сарзамини худро ба кишвари зебои шукуфон табдил диҳем. Туфайли дуои модарон, фидокории бонувон дар мамлакат сулҳу салоҳ мустаҳкам мегардад, меҳнати мунтазами мо натиҷа мебахшад, ҳаёт бо нури накӯӣ дурахшон мегардад, аз мазмуну муҳтавои беш аз пеш амиқ саршор мешавад, – гуфт роҳбари давлат.
Дар Ӯзбекистон ба таъмин кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои занон, баробарии гендерӣ эътибори зиёд дода мешавад. Ғайр аз  ташвишҳои рӯзгор намояндагони ҷинсӣ латиф дар корҳои ҷамъият ва давлат низ фаъолона иштирок мекунанд. 
Бинобар натиҷаи интихоботи ба наздикӣ баргузоршуда занон 32 фоизи миқдори умумии ҷойҳои (150) депутатиро дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ишғол карданд. Дар Сенат ва Шӯроҳои маҳаллӣ ин нишондиҳанда аз 25 фоиз зиёд гардид.
Бори аввал дар таърихи Ӯзбекистон намояндагии занон дар парлумони миллӣ ба дараҷае расид, ки ба тавсияҳои СММ мувофиқат мекунад. Бинобар ин нишондиҳанда мақомоти қонунгузории кишвари мо дар байни 190 парлумони миллии олам ба зинаи 37-ум баромад, ҳол он ки ҳанӯз 5 сол муқаддам вай дар ин рӯйхат дар ҷойи 128-ум қарор дошт. 
Шонздаҳ нафар занони муҳтарами мо ба мукофоти олии Ватан – унвони «Қаҳрамони Ӯзбекистон» сазовор шудаанд. Дар созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ зиёда аз 1 ҳазору 380 занону духтарон дар вазифаҳои роҳбарӣ кор мекунанд. Ин миқдор торафт меафзояд. Ба наздикӣ занони сазовор, ташаббускору дорои иқтидори ташкилотчигӣ ҳокимони ноҳияҳо ва шаҳрҳо таъин гардиданд. 
Дар чорабинӣ саҳми шоистаи бонувон дар пешрафти истеҳсолот, таълим, тиб, илм, фарҳанг ва варзиш таъкид шуд. 
Дар суханронии худ Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев корҳои нек ва фаъолияти пурмаҳсули соҳибкори риштонӣ Изроба Усмоноваро, ки ба ҳоҷатмандон маблағи тӯли солҳи зиёд барои зиёрати ҳаҷ ғункарадаашро бахшидааст, сокини ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё Гавҳар Ҳусанова, ки бо маблағи худӣ барои сокинони деҳа китобхонаи бузурги «Мумтоз»-ро бунёд кардааст, олимаи ҷавони соҳибистеъдод Азиза Шоназарова, ки дар 32 солагӣ профессори Донишгоҳи бонуфузи Колумбияи ИМА гардидааст, зикр намуд. Иштирокдорони ҷашн ин намояндагони барҷастаи нимаи зебои ҷамъияти моро бо кафкӯбиҳои пурмавҷ таҳният карданд. 
Дар чорабинӣ ҳамчунин дар бораи натиҷаи корҳои иҷрошуда оид ба беҳтар кардани шароити меҳнат ва ҳаёти занон, мустаҳкам кардани саломатии онҳо, инкишоф додани соҳибкории занона ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои бонувон сухан рафт.
Роҳбари давлат таъкид сохт, ки тарбияи духтарон дар пояи суннатҳои олии маънавиву ахлоқӣ ба мақсади омӯзондани сифатҳои беҳтарини инсонӣ ва донишҳои амиқ кори душвор, вале бағоят муҳим ва нек ба шумор меравад. Президент зикр сохт, ки дар ин кор бояд Вазорати оид ба дастгирии маҳалла ва оила, ки ба тозагӣ таъсис ёфт, собиқадорони муҳтарам, ки дар соҳаи тарбия мактаби худро ташкил додаанд, муаллимону мураббиён, тамоми занони фидокори Ӯзбекистон саҳми бузург гузоранд.   
Шавкат Мирзиёев пешниҳод намуд, ки аз соли оянда дар арафаи ҷашни 8 Март ду нафар намояндаи сазовортарини ин соҳа аз ҳар кадом минтақаи мамлакат ба мукофоти давлатӣ пешниҳод шаванд. Ҳозирон ин таклифро гарму ҷӯшони дастгирӣ карданд. 
Мувофиқи фармони роҳбари давлат аз 6 марти соли равон «Дар бораи мукофотонидан ба муносибати Рӯзи байналхалқии занон – 8 март» барои хидматҳои бузургашон дар рушди Ватани мо, таъмин сохтани фаровонҳолии халқ, тарбия кардани насли навраси солиму комил, мустаҳкам сохтани асосҳои оила ва ҷамъият ба гурӯҳи занон унвонҳои ифтихорӣ, ордену медалҳо супурда шуданд. Ғайр аз ин мувофиқи қарори Президент аз 4 март бисту ҳашт нафар духтарони фаъоли мамлакат барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия гардиданд.
Дар чорабинии идона ин мукофотҳои олӣ тантанавор супурда шуданд. 
Баробари ин дар маҳалҳо ба 287 нафар заноне, ки бобати ҳифзи модару кӯдак, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватанпарастӣ фаъолияти намунавӣ зоҳир кардаанд, нишонаҳои сарисинагии «Муътабар аёл» супурда шуданд.
Президент дар суханрониаш қайд сохт, ки агар нисбати зан ғамхориву эътибор зоҳир карда шавад, вай хушбахт мегардад. 
– Агар зан хушбахт бошад, ҳам оила ва ҳам ҷамъият хушбахт хоҳад шуд, – хулоса кард Шавкат Мирзиёев.
Бонувоне, ки аз Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд омада буданд, занон – намояндагони вазорату идораҳои гуногун ҷашнро дар сари дастурхони пурнозу неъмат қайд намуданд. Дар чорабинӣ занон – дипломатҳое, ки вазифаи худро дар мамлакати мо иҷро мекунанд, кормандони намояндагиҳои созмонҳои байналхалқӣ низ ширкат ҷустанд.
Чорабинии идона бо барномаи зебои консертӣ анҷом ёфт.

ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: