ЗАН ОСУДА НАБОШАД, ДАР ОИЛА ВА ҶОМЪИЯТ ОСУДАГӢ НАМЕШАВАД

Мо дар тӯли солҳои зиёд аз минбарҳои баланд дар бораи нақши занон дар оила ва ҷомеа ҳарфҳои ситоишӣ мегуфтем.

Мо дар тӯли солҳои зиёд аз минбарҳои баланд дар бораи нақши занон дар оила ва ҷомеа ҳарфҳои ситоишӣ мегуфтем. Аммо ба шароиташон кам таваҷҷӯҳ зоҳир  кардем. Азбаски аксар вақт мушкилиҳо нодида гирифта мешуданд, онҳо дар тӯли солҳо ҷамъ шудан мегирифтанд.
Зан осуда набошад, на дар оила ва ҷомеа оромӣ нахоҳад буд. Худи ҳаёт нишон медиҳад, ки агар мо дар бораи саломатӣ, таълиму тарбия, соҳиби маънавият шудани онҳо имрӯз ғамхорӣ зоҳир накунем, фардо метавонад ба оқибатҳое оварад, ки бо ягон сабаб сафед карда намешавад.
Чунин ҳисси нороҳатӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мо устувор аст. Он чизе ки дар дили хоҳарони мо ҳаст, ба забон мебарояд. Мо шоҳиди онем, ки китфҳои мозуни онҳо чӣ қадар борҳои вазнинро мебардоранд.
Албатта, бесабаб барои кушоду равшан ҳарф задан оиди муаммоҳо ва ҳаллу фасли онҳо шароиту имкониятҳо фароҳам оварда намешаванд. Чунки дар тӯли солҳои охир таъмини манфиатҳои занон, ки қариб нисфи аҳолӣ – 17 миллион нафарро ташкил медиҳанд, мустаҳкам намудани ҷойгоҳи онҳо дар ҷомеа самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлати мо маҳсуб меёбад ва дар ин бобат  низоми комилан нав офарида мешавад.
Дар чор соли охир дар ин бобат 2 қонун, 6 фармон ва қарорҳои Президент қабул шуданд. Бори аввал кумитаи Сенат оид ба занон ва баробарии гендерӣ таъсис дода шуд.
Имрӯзҳо тақрибан 1400 нафар занон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ, зиёда аз 43000 нафар дар сатҳи ноҳияву шаҳр вазифаҳои роҳбариро ишғол мекунанд.
Барои дониши хуб гирифтан, соҳиби касбу кор шудани духтарон ва ҷойи кор пайдо кардани онҳо имкониятҳои калон фароҳам оварда шудаанд. 48 фоизи донишҷӯёнро занону духтарон ташкил медиҳанд. Тибқи низоми соли гузашта ҷоришуда 950 нафар духтарони ба ҳифзи ниёзманд иҷтимоӣ дар асоси грантҳои давлатӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ қабул карда шуданд.
Соҳибкорӣ ва ташаббусҳои занон дастгирӣ карда мешавад. Соли гузашта тақрибан 585000 нафар занон бо кор таъмин карда шуданд ва зиёда аз 36000 нафар занон касбу ҳунар аз худ намуданд.
Барои омӯхтан ва ҳалли мушкилоти занон «дафтари занон» ҷорӣ карда шуд. 433 ҳазор нафар занон дар асоси 9 меъёр ба ин дафтар дохил карда шуданд ва пойгоҳи электронӣ ташаккул ёфт. То имрӯз мушкилоти 80 000 нафари онҳо ҳалли худро ёфтааст.
Дар ҷамъомади ба наздикӣ таҳти раёсати сарвари давлати мо баргузоршуда чорабиниҳо оид ба масъалаҳои шуғли занон, дастгирии иҷтимоӣ, густариши ёрии тиббию психологӣ ба онҳо ва пешгирии талоқ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
— Масъалаҳои душвортарин, мушкилтарин ба занон марбут мебошанд. Талаботи халқ торафт меафзояд. Мо бояд шароити мусоидро барои ин талабот фароҳам орем. Инсоне, ки вазифаи мазкурро амиқ дарк намекунад, роҳбар шуда наметавонад, — гуфт Президент Шавкат Мирзиёев.
Дар ҷамъомад ба ҳокимон ва роҳбарони секторҳо супориш дода шуд, ки масъалаҳои занони ба «дафтари занон» дохилшударо таъмин намуда, шуғли онҳоро аз ҳисоби дӯзандагӣ, ҳунармандӣ, хонакорӣ, паррандапарварӣ ва ҷудо кардани заминҳои корам таъмин намоянд.
Ғайр аз он, тавассути Бонки халқӣ барои ҷалби тақрибан 70 ҳазор зан ба соҳибкорӣ 2 триллион сӯм қарз равона карда мешавад.
— Низоми ҳавасмандгардонӣ барои заноне, ки мехоҳанд маълумоти олӣ гиранд, қобилият, дониши зарурӣ доранд, аммо бинобар сабабҳои муайян ин орзуҳояшонро амалӣ кардан наметавонанд, ҷорӣ карда хоҳад шуд. Яъне, ба духтарони ниёзманд, ки бидуни яке аз волидон тарбия меёбанд, инчунин занони танҳо, ки саробон надоранд, маблағи шартнома барои таҳсил дар мактабҳои олӣ аз ҷониби ҳокимият ва донишгоҳ пардохта мешавад. Ин низоми нав аст. Пештар инро татбиқ  карда наметавонистем. Ҳоло барои ин имконият ҳаст, — гуфт Президент.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳифзи сиҳатии занон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд карда шуд, ки сифати хидматрасонии тиббӣ дар маҳалҳо, махсусан дар ноҳияҳои дурдаст, ба дараҷаи зарурӣ нест.
Масалан, дар ноҳияи Олтинсойи вилояти Сурхондарё 30 фоизи занони синни таваллуд ташхиси анемия доранд. Илова бар ин, занони ноҳия аз касалиҳои низоми роҳу нафас, ҳозима ва дилу раг азият мекашанд.
Дастур дода шуд, ки сиҳатии 44000 заноне, ки ниёз ба чунин ёрии тиббӣ доранд, зери назорати махсус гирифта, ба онҳо бригадаҳои табобатӣ вобаста карда,  бо ҷалби духтурони тахассусӣ  табобат карда шаванд.
Вазифа гузошта шуд, ки то охири соли равон тақрибан 9 миллион нафар занон аз муоинаи амиқи тиббӣ, аз ҷумла скрининги онкологӣ гузаронда шаванд. Бо мақсади пешгирии бемориҳои саратон 323000 духтарон аз вируси папилломаи инсон эм карда мешаванд.
Муайян шудааст, ки ҳар сол барои табобати занони ниёзманд ба Фонди занон иловагӣ 30-50 миллиард сӯм ҷудо карда шавад.
Ҳангоми баррасии масъалаҳо, ҳатман масъалаи манзил ба миён меояд. Зеро ҳанӯз ҳам заноне зиёданд, ки дар натиҷаи талоқҳои оилавӣ, бекорӣ, камбизоатӣ ба манзил ниёз доранд. Роҳбари давлати мо инро хуб дарк мекунад ва ҳамеша ният дорад, ки барои онҳо шароити муносиб фароҳам орад. Дар солҳои охир ба ҳазорҳо нафар занони ниёзманд манзилҳои нав супурда шуданд. Ғайр аз ин, низоми пардохти бадали аввалия ба занони камбизоат барои хариди хона ҷорӣ карда шуд.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ оид ба ин масъалаи мубрам тадбирҳои иловагӣ муайян шуданд. Изҳор карда шуд, ки барои бо манзил таъмин кардани заноне, ки дар ҷойҳои ғайриистиқоматии муваққатӣ зиндагӣ мекунанд, ба ҳар як ҳудуд 10 миллиард сӯмӣ,  ва ба ҳар ҳудуде, ки духтарони ниёзманд падари худро аз даст додаанд, 5 миллиард сӯмӣ ҷудо карда мешавад.
Иҷрои ин нақшаву вазифаҳо ба дӯши депутатҳои парлумон ва шӯроҳои маҳаллӣ масъулияти калон мегузорад. Мо бояд дар ҳамкорӣ бо фаъолони дастгирии маҳалла ва оила дар муайян кардани мушкилоти занон ва пайдо кардани роҳҳои ҳалли амалӣ ташаббус нишон диҳем.

Мавҷуда ҲАСАНОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис,
узви фраксияи ҲХДӮ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: