ЗАН — ТАРБИЯТГАРИ МИЛЛАТ

Зан – оинаи ҷамъият, тарбиятгари миллат.

Меҳру муҳаббати зан дар садоқат ба Ватан, тарбияи насли оянда  ва чун инсони баркамол ба воя расидани он омили муҳим ба ҳисоб меравад. Фармони Президент “Дар бораи чорабиниҳо доир ба дастгирии оила ва занону духтарон” баҳри дастгирии ҳаматарафаи занону духтарон ва мавқеи онҳо дар мамлакат хидмат мекунад. 
Бо иштироки роҳбарияти Кумитаи давлатии оила ва занону духтарони ҷумҳурӣ таҳти мавзӯи “Нақши ВАО дар ҳаллу фасли  мушкилоти занону духтарон” нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
– Бо мақсади таъмини иҷрои вазифаҳо, ки дар баёноти роҳбари давлат “Дар бораи чорабиниҳо доир ба боз ҳам пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолии эҳтиёҷманд” аз 29 апрели соли ҷорӣ, муайян карда шуда буданд, аз намояндагони 17 вазорату идора гурӯҳи корӣ созмон дода шуд. Дар 208 маҳаллаи шаҳру ноҳия штаби хидмати иҷтимоӣ ташкил карда шуд, — гуфт раиси Кумитаи давлатии оила ва занону духтарон Зулайхо Маҳкамова. – Дар маҳаллаҳои вилояти Фарғона намунаи “Баланси оила” барпо гардид, дар ин самт 15 лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ таҳия шуд. Бо ташаббуси кумита дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё аксияи “Модарон барои макони сабз” роҳандозӣ гардид. Дар доираи он дар 498 минтақа “Боғи модарон” ташкил гардид. Албатта, ҳамаи ин баҳри ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии занону духтарон мебошад.
Инчунин, таъкид гардид, ки дар 3 ҳазору 750 маҳалла таҳти мавзӯи “Арзишҳои миллӣ – сарвати бебаҳо” чорабиниҳои маданиву маърифатӣ гузаронда шуд. Барои мустаҳкам намудани арзишҳои оилавӣ, бо воситаи тарғиб намудани оилаҳои намунавӣ таъмини муҳити солим дар оилаҳои ноором озмуни “Оилаи ибратноки Ӯзбекистони Нав” гузаронда шуд ва дар он намояндагони 27 ҳазору 802 оила иштирок намуд. Дар чаҳорчӯбаи моҳонаи “15 май – Рӯзи байналхалқии оила” аз ҳоли беш аз 30 ҳазор оилаи ба ҳимояи иҷтимоӣ муҳтоҷ хабар гирифта шуд, ба 13 ҳазору 469 нафар шаҳрванд воситаҳои реабилитатсионӣ расонда дода шуд. 11 ҳазору 503 нафар оиларо аз назорати пурраи тиббӣ гузаронданд.  
Назар ба гуфтаи директори фонди дастгирии мақсадноки оила ва занону духтарон У. Исмоилов, бо ҳамкории як қатор ташкилотҳо, аз ҷумла Фонди аҳолишиносии СММ дар Ӯзбекистон, ваколатхонаи Бонки ҷаҳонӣ дар Ӯзбекистон, Агентии рушди байналхалқии ИМА, Кумитаи байналхалқии Салиби сурх, Фонди ҷаҳонии ҳифзи кӯдак ба занону духтарон ва ҷавононе, ки ба «Дафтари занон», «Дафтари оҳанин» ва «Дафтари ҷавонон» дохил шуда буданд, кӯмак расонда шуд. 
Аз ҷониби яке аз журналистон савол дода шуд, ки: “Мутаассифона, алҳол дар баъзе оилаҳо аз ҷониби шавҳар ба зан тазйиқ, зӯроварӣ, ҳуқуқашро поймол намудан, ҳатто ҳолатҳои ба марг расондан низ дида мешавад. Доир ба ин вазъ аз ҷониби кумита чӣ хел чорабиниҳо андешида мешаванд?”
– Албатта, ҳар як зан ё духтар ҳуқуқи худро бояд донад. Барои зӯроварӣ, тазйиқ, лату кӯб, ҳатто суханҳои носазо низ дар назди қонун ҷавоб медиҳанд. Ҳоло аз тарафи ҳукумат барои бонувоне, ки ба чунин ҳолатҳои нохуш дучор мегарданд, “Ордери ҳимоя” дода мешавад. Илова бар ин, мо баҳри дастгирии ҷинси нозук – модарон, занон, хоҳару духтаронамон ваколати пурра дар даст дорем, – гуфт З. Маҳкамова.   
Чунин корҳои тарғиботию ташвиқотӣ аз он далолат медиҳанд, ки ҳукумати кишвар ба ҳифзи занону духтарон, ҳимояи иҷтимоӣ, бо шуғл фаро гирифтани онҳо эътибори ҷиддӣ медиҳад.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: