ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ РИВОҶ МЕЁБАД

Ҳокими вилояти Намангон Х. Бозоров бо зиндагии ҳаррӯзаи сокинони ноҳияи Намангон шинос шуд.

Ҳокими вилояти Намангон Х. Бозоров бо зиндагии ҳаррӯзаи сокинони ноҳияи Намангон шинос шуд. Вай корҳоро дар самти таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои кишоварзӣ, сохтмон ва саноат, ташкили ҷойҳои нави корӣ омӯхт.
Аввал роҳбари вилоят ба назди  намояндагони авлоди занбӯриасалпарварон — оилаи Холмирзоевҳо, ки дар деҳаи Хонобод зиндагӣ мекунанд, ташриф овард. Дар ин ҷо бо ҷараёни истеҳсоли асал, ки  маҳсулоти табобатӣ ва содиротӣ мебошад, шинос шуд ва  бо занбӯриасалпарварон дар бораи мушкилоти мавҷудаи соҳа ва роҳҳои ҳалли онҳо суҳбат орост.
Айни замон ин оила, ки дар он намояндагони панҷ авлод ба занбӯриасалпарварӣ машғуланд, дар 500 қуттӣ ҳазор занбӯри асал парвариш мекунад. Ғайр аз он, оила мувофиқи талаботи бозор бастубандии асал, гард ва  занбӯри асалро ба роҳ мондааст.
Дар деҳаи Хонобод занбӯриасалпарварӣ хеле рушд ёфтааст. Ба ғайр аз истеҳсоли маҳсулот дар ин соҳа, таҷҳизот ва дастгоҳҳои ба он алоқаманд, дар деҳа зиёд гардондани занбӯри асал, пешгирии касалиҳо ва ҳамкорӣ дар асоси муносибати назарӣ ва амалии кооперативӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар айни замон дар вилоят беш аз 1500 субъекти соҳибкорӣ дар зиёда аз 100 ҳазор қуттӣ занбӯри асал парвариш менамоянд.  Ба туфайли диққати махсус додан ба содирот 178 ҳазор оилаи занбӯр ба Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон бароварда шуданд. Аз ҷумҳурӣ 220 ҳазор дона пакети занбӯри асал содир карда шудааст ва Намангон дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ имкониятҳои бузург дорад. Соли гузашта ба Аморати Муттаҳидаи Араб 16 тонна асал содир карда шуд.

А. САТТОРОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: