«ЗАНГИ ОХИР БУРД МОРО ҲАР КУҶО, АЗ ҲАМ ҶУДО...»

Оре, баъди садо додани занги охир бо мактаб, ин даргоҳи муқаддасе, ки ёздаҳ сол, аз ҳамон дами ба синфи якум қадами аввал ниҳодану бо кӯмаки устодон ҳарфро шинохтан то давраи хатм дониш андӯхтаем, хайрбод гуфта, ба ҳар сӯ парешон шудаем.

Занги охир бурд моро ҳар куҷо, аз ҳам ҷудо,
То ҳанӯзам нолаи занги ҷудоӣ бар дил аст.
Баъд аз ин бо даъвати зангӯла ҳатто лаҳзае,
Назди мактабхона моро ҷамъ кардан мушкил аст...
                    (ЛОИҚ.)
Оре, баъди садо додани занги охир бо мактаб, ин даргоҳи муқаддасе, ки ёздаҳ сол, аз ҳамон дами ба синфи якум қадами аввал ниҳодану бо кӯмаки устодон ҳарфро шинохтан то давраи хатм дониш андӯхтаем, хайрбод гуфта, ба ҳар сӯ парешон шудаем. Дарвоқеъ, имрӯз як ҷо ҷамъ омадан душвор аст. Овони мактабхонӣ имкон фароҳам меоварад, ки мо донишҳои заруриро аз бар намоем. Адабиётро омӯзему адабро, ҳисобро хонему ҳисобдон шавем, дарси забонро хонда забони гӯё дошта бошем, фанни таърих моро ба гузашта барад, география аз кураи арз, аҷоиботи олам воқиф созад, хулоса ҳар як фан махсусиятҳои худро дорад. Танҳо онро бо шавқу завқи беандоза зиёд бояд омӯхт. 
Ҳар кас, ки аз ин даври мактабхонӣ босамар истифода мебарад, ба мактабҳои олӣ ворид мешавад, таҳсилро давом медиҳад.
Ҳар сол гурӯҳ-гурӯҳ ҷавонон мактабро ба хатм мерасонанд. Иддае бахташон механдаду номи донишҷӯиро мушарраф мегарданд. Иддаи дигар...
Ба мушоҳида мерасад, ки ҷавонони имрӯз аз ягон ва ё ду-се даҳсола пештар ба куллӣ тафовут доранд. Он солҳо гарчӣ китобҳои дарсӣ кам буд, бештар мехонданд. Бо забони ноби тоҷикӣ нисбатан равону хуб ҳарф мезаданд. Эҳтироми устодонро ба ҷо меоварданд. Мактуби дӯстӣ, иншоро дар мавзӯи  озод бе душворӣ менавиштанд, шеърҳоро маънидод карда метавонистанд. Ҳоло-чӣ? Ҳоло дар ақлу шуури баъзе ҷавонони имрӯза як мафкура ва ақидаҳои номатлуб чун заҳрпечак ҷой гирифтааст. Тоҷикӣ мехонанду бо тоҷикӣ фаҳмо наметавонанд, ки ҳарф зананд, номаҳо иншо кунанд, ба тоҷикӣ навиштаашон пурғалат аст. Аз ҳама аламовар он аст, ки завқи шунидани суруду мусиқии тоҷикона надоранд. Бетоқатанд, ҳамин, ки ягон таронаи тоҷикӣ танин андохт, мисли фарзанди миллати бегона пайи хомӯш кардани он меафтанд. Ман инро дар чорабинии «Занги охирин», ки дар мактабе баргузор гардид, хеле хуб мушоҳида намудам. Ду бор, ҳамин, ки суруди тоҷикӣ танин андохт, дартоз омада кадом як суруди бегона пурсиданд ва дар ҳавои он рақсиданд. Ин чиз водор месозад, ки алҳол дарсҳои забону  адабиёти тоҷик ва умуман ҳамаи фанҳои дигар амиқ намегузарад, падару модарон фарзандонро дар руҳияи миллӣ тарбия намекунанд, гарчӣ бо тоҷикӣ гуфтугӯ менамоянд.
Дар бадали як сол ба мушоҳида расид, ки ҳатто нафаре пуштбони фарҳангу адабиёт ва матбуот нест. Модоме ки вазъи воқеӣ ин гуна аст, чӣ тавр фарҳанги миллӣ инкишоф меёбад, забони адабӣ рӯ ба рушду такомул мениҳад, адабиёт пешрафт мекунад?! 
Ба ҳар ҳол ба ҳамаи хатмкунандагон роҳи сафед мехоҳему бахти равон, танҳо хоҳиш дорем, ки ин даргоҳи муқаддас ва хидмати устодони азизи худро ҳаргиз  фаромӯш насозанд. Лоиқ хеле хуб фармудааст:
Дастаи дар мекашад аз остинам 
ҳар саҳар,
Эй, ки берун меравӣ, 
ин остонро гум макун.

Анорбой НАЗАРОВ,
мухбири «Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: