Бошандагони деҳаи Қизимчаки (Сарчашма) ноҳияи Шаҳрисабз ҳамеша барои хату савод омӯхтани фарзандони худ кӯшиш мекарданд.
То охири солҳои 20-уми садаи ХХ дар назди чор масҷиди деҳа мактабҳои кӯҳна фаъолият нишон медоданд. Ба фарзандони деҳа домулло – имомҳои масҷид, ки шахсони фозиле будаанд, навиштану хондани ҳуруфи арабиасоси форсӣ, хондани Ҳафтяк, Қуръони маҷид, Чаҳоркитобро меомӯзонданд. Хондан маҷбурӣ набуд ва падару модар бо хости худ домуллоро интихоб мекарданд. Духтаронро дар хона илм ва асрори рӯзгор меомӯзонданд. Ҷавонони ташнаи илм пас аз хатми мактаби кӯҳнаи деҳа таҳсилашонро дар мадрасаҳои Шаҳрисабз, Бухоро ва Самарқанд давом медоданд. Нақл мекунанд, ки мулло Тилак 17 сол дар мадрасаи Бухоро таҳсил гирифт ва ба деҳаи Сарчашма баргашта мударрис шуд. Як қисми зодагони деҳаи мо он солҳо ба деҳаҳои ҳамсоя ва минтақаҳои гуногуни Аморати Бухоро рафтаву ба кори тадрис машғул гаштаанд. То ҳол аҳолии деҳаи мо номи Мулло Рӯзӣ, Мулло Чоршанбе, Мулло Ҷумъа, Мулло Субҳон, Мулло Аҳмад, Мулло Қаландар, Мулло Йӯлдош ва ғайраро бо эҳтироми хос ба ёд меоранд. Ин фарзандони фарзонаи Сарчашма чашмаи хурӯшони илму дониш буданд ва то оғози табаддулоти давлативу шурӯи ҳукумати шуравӣ дар мактабҳои назди масҷидҳо машғули мударрисӣ будаанд. Пас аз ҷорӣ шудани тартиботи нав намояндагони ҳукумати шуравӣ ба ташвиқоти идеологияи худ шурӯъ карда, бо масҷидҳо ҷанги беамоне эълом карданд. Ин тавр, мактабҳои назди масҷид аз фаъолият бозмонданд. Дар деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабз бо раҳбарии намояндаи ҳукумати нави болшевикӣ Ортуқ Халилов, ки дар байни мардуми мо бо номи Мирзо Артуқ машҳур ва аслан зодаи вилояти Фарғона будааст, аз соли 1928-1929 сар карда мактаби нави замонавӣ кушода шудааст.
Падарам Намоз Чоршанбиев (равонашон шод бод) нақл карда буданд, ки дар хурдсолӣ дар дабистони назди масҷиди маҳалла таълим гирифтааст ва ба онҳо Мулло Шом ном шахси босаводе дарс додааст. Писари Мулло Шом ҳанӯз дар қайди ҳаёт буда, 101 сол дорад ва бошандаи деҳаи Оқдарёи ноҳияи Шаҳрисабз аст. Падарам гуфта буд, ки дар мактаби Мулло Шом шаш-ҳафт сол таҳсил дида, таълими минбаъдаро дар мактаби усули нав идома додааст. Аз сабаби мавҷуд набудани бинои мактаб хонандагон то соли 1933 таҳсилро дар меҳмонхонаҳои сокинони деҳа, ба монанди Мулло Тилак, Ёрбой, Эшонқулбой, Қаноатбой... мегирифтанд. Бо сардории Мирзо Артуқ ва котиб Фатҳулло Шарипов бинои мактаби нав бо роҳи ҳашар сохтаву ба истифода дода шуд. Муаллимон аз дигар минтақаҳо омадаву ба фарзандон дарс медоданд. Онҳо намояндагони миллатҳои рус, укроин, яҳудӣ ва уйғур буданд. То ҳол мардуми деҳа номи Қодирови бухороӣ, Зайниддинови ӯйғур, Фахриев, Зокиров, Абдуллоев, Мақсадови ӯзбек, Попов, Антоненко, Морозова, Суракова, Герасимова, Карпенко, И. С. Борзов , Байбакова, Маловаи русу укроин, Бобоев, Якутилов, Исҳоқова, Пинхасов, Натанов, Исахоров, Мордухаева, Мушаев, Бекирова, Исроилова ва Қотонови яҳудиро бо эҳтиром ба ёд меоранд.
Минбаъд шумори хонандагон бо суръат зиёд мегардид. Ин талаботро ба назар гирифта, замони роҳбарии Намоз Чоршанбиев (соли 1963), Муҳиддин Ибодов (1968) ва Наҷмиддин Мустафоев (1988-1990) мардуми маҳал ҳашар кардаву иловатан синфхонаҳо бунёд карданд. Бояд таъкид кард, дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар назди мактаб Интернат кушода шуд ва мактаби деҳа ба маркази илму маърифатомӯзии тоҷикони деҳаҳои Суммак, Ошиқон, Ҷавз, Деҳнавболо, Сиёб, Сӯқар, Аспидухтар, Қавзақхонаи ноҳияи Китоб ва деҳаҳои Чунгурак,Чаккӣ, Ҳисорак, Яккахона, Дуоба, Ғелон, Кӯл, Тамшушу Нондеки ноҳияи Шаҳрисабз мубаддал гардид. Фарзандони аҳли деҳаҳои номбаршуда то солҳои 80-уми асри ХХ дар интернати деҳаи Сарчашма истиқомат ва дар мактаби он таълиму тарбият мегирифтанд. Мактаби рақами 2-юми ба номи К. Маркси деҳаи Сарчашма баъдтар ба мактаби рақами 57-уми ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ табдили ному шумора кард ва бешак як маркази илму маърифат ва зиёда аз он «донишгоҳ»-е маҳсуб меёфт, ки дар байни макотиби таълимашон тоҷикии минтақа намунаи ибрат буд.
Дар мактаби деҳаи Сарчашма устодони баландихтисосе ба шогирдон дарс мегуфтанд ва номи бархе аз онҳоро чун муште аз хирвор зикр месозем. Аз ҷумла, Шер Мирзоев, Бегим Мустафоев, Ҳасан Чоршанбиев, Иноят Қурбонов, Бегалӣ Алиев, Абдулло Чоршанбиев барин омӯзгорони фидоии соҳаи маориф дар мактаб фаъолият доштанд. Дар мактаби деҳа аз рӯзи бунёд гардидан то ба ин сӯ 26 тан аз мардони фарзона раҳбарӣ кардаанд. Онҳо Олимҷон Ёдгоров, Қодир Абдуллоев ва Раҷабов мактаби деҳаи Сарчашмаро раҳбарӣ кардаанд. Аз байни 26 роҳбари мактаб 12 нафарашон кадрҳои маҳаллӣ будаанд ва боқӣ аз Шаҳрисабз ва деҳаҳои Ғелон, Ҳисорак ва Бешбек ҳастанд. Ин раҳбарон дар ривоҷи таълиму тарбият ҳиссаи муносиб гузоштаанд ва мардуми маҳаллӣ ҳамеша дар ҳақашон суханҳои нек мегӯянд.
Аз байни хатмкардагони мактаби рақами 57 номзадҳои илм, докторҳои фан, профессорони зиёде арзи ҳастӣ намудаанд, ки дар ҷабҳаҳои мухталифи ҷомеа фаъолият доранд.
Ҳар сол дар ин мактабе, ки аз таърихи гузаштаи дураш ҳикоя намудем, занги охир ботантана садо медиҳад. Парастуҳои он ба ҳаёти мустақилона қадами аввали худро мегузоранд.
Дар замони истиқлолият, хоса дар солҳои Ӯзбекистони Нав муносибат ба таълим ва маорифи халқ комилан тағйир ёфта, эътибори ҳукумат ба ин соҳаи барои ҷамъият муҳим баланд шудааст. Умедворем, ки аз ин имконияти васеъ фарзандони мо ба таври бояду шояд истифода мекунанд ва корнамоии ҳамдеҳагони шарафманди худро дар бобати омӯхтани илмҳои замон идома медиҳанд.
Баҳром ЧОРШАНБИЕВ,
сокини деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабзи
вилояти Қашқадарё.