25 май дар мактаби миёнаи таълими ҳамагонии рақами 348-уми ноҳияи Бектемири шаҳри Тошканд занги охирин садо дод.
Дар он роҳбарони ноҳия, маҳалла ва фаъолони маҳалла, омӯзгорон, хонандагон ва падару модарони онҳо иштирок намуданд.
Директори мактаб Гулчеҳра Тӯрақулова ҷамъомадагонро ба муносибати ба охир расидани соли таҳсил табрик намуда, ба хатмкунандагон дар кору таҳсили минбаъдаашон комёбиҳо орзу намуд.
Ба як гурӯҳ омӯзгороне, ки бо меҳнату заҳмати худ дар тарбияи насли наврас саҳм гузоштаанд, аз ҷониби Шуҳрат Раҷабов — фарзанди омӯзгори равоншод, Аълочии маорифи халқ, яке аз машъалони маориф Холдигул Бӯриева, барои пос доштани хотираи дурахшони ӯ, ба омӯзгорони пешқадам М. Аҳмедов, С. Ҳусанбоева, З. Қуролова, З. Раҳмонқулова, Д. Серикбоева, М. Тошпӯлодова ва хонандагони мактаб С. Тӯхтамуродова, М. Деҳқонова, Д. Эргашева ва М. Қӯчқорова, ки соли хонишро бо рафтори намунавӣ ва баҳоҳои аъло хатм намуданд, мукофотҳои пулӣ (ба ҳар кадом 1 то 2 млн. сӯмӣ) супурда шуд.
Дар чорабинӣ савту сурудҳо низ садо доданд.
Навбаҳор
ҲАМРОҚУЛОВА.