Занги охирин садо медиҳад

“Занги охирон...” Воқеан ин ибора дар қалби ҳар як хонандаи мактаб, аз ҷумла хатмкунандагони дабистон садои маҳзунеро дорад.

Худ бо вуҷуди фаро расидани моҳи май ҳаяҷон ва эҳсосоти хатмкунандагон рӯз аз рӯз меафзояд. Меҳрашон ба мактаб торафт баланд мегардад, худ ба худ меандешанд, ҳатто мехоҳанд даргоҳи мактабро тарк накунанд... 
Табиист, ки ҳамасола 25-май дар тамоми мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишвар “Занги охирин” садо медиҳад. Дар саҳни дабистон бо иштироки хонандагон-хатмкунандагони мактаб бо ҳамин ном чорабиниҳои адабию фарҳангӣ, бадеӣ баргузор мегардад, ки хонандагони синфи 11-ум бо ашкҳои шашқатор охирин чорабиниашонро пешкаши устодон ва хонандагони мактаб мекунанд. Албатта, пас аз садои “Занги охирин” ва ё хатми мактабӣ қисми зиёди ҷавонон афсӯс мехӯранд, ки чаро ба қадри рӯзҳои гузашта дар вақти худ нарасидам, нахондаму наомӯхтам, маҳорати худро нишон надодам, дар маҳфили дониш ва мусобиқаҳои варзишӣ ширкат накардам. 
– Аз ҳамсинфоне, ки тӯли чанд сол дар як синфхона таҳсил гирифта ҳамчун як оила гашта будем, ҷудо мегардем. Устодоне, ки дар мактаб ба мо ҳеҷ гоҳ кумак ва илму дониши худро дареғ намедоштанд, дар роҳи ояндаи мо ҳамчун машъал роҳи моро фурӯзон кардаанд, афсус, ки ҷудо мешавем, – мегӯяд хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 9 ноҳияи Бӯка Марворид Абдурофеъева. – Ман дар пеши худ мақсад гузоштаам, ки ба чунин заҳматҳои устодонам ҳаракат карда ба Донишкадаи омӯзгории давлатии Чирчиқ дохил шуда, дар оянда ба мактаби деҳаамон ҳамчун омӯзгори фанни дӯстдоштаам баргардам. 

М. ҚОДИРЗОДА,
вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: