Занги охирини мактаб

Дар мамлакати мо эътибор ба ҷавонон, хусусан ба масъалаи таълиму тарбияи онҳо беш аз пеш меафзояд.

Дар мамлакати мо эътибор ба ҷавонон, хусусан ба масъалаи таълиму тарбияи онҳо беш аз пеш меафзояд. 
Табрикномаи сарвари давлат ба хатмкунандагони таълимгоҳҳо имсол воқеаи нав гардид. Бояд таъкид намуд, ки соли ҷорӣ дар ҳамаи 533-то мактаби таълими умумии вилоят маросими «Занги аввал» бо рӯҳбаландии ба худ хос ба амал омада, онҳоро 24625 нафар наврасон хатм карданд. Мактаби таҳсилоти умумии рақами 7-уми деҳаи Қӯрғони Вардонзе яке аз таълимгоҳҳои кӯҳнатарини ноҳияи Шофиркон ба шумор рафта, то қарибиҳо ҷараёни таълиму тарбия дар ин ҷо ба забони модарии  мардуми деҳа – тоҷикӣ сурат мегирифт. Мутаассифона, бо сабабҳои гуногун ҳоло ин имконият аз байн рафтааст.
Пагоҳии бармаҳали 25-май ҳавлӣ ва чорбоғи мактаб намуди идона дошт. Шогирдон, падару модарон ва омӯзгорон бо рӯҳбаландӣ ин ҷо ҷамъ омаданд. Директори мактаб Иззат Рӯзиев ба тадбир ибтидо гузошт. Намояндаи халқи шӯрои ноҳия Табрикномаи Президенти мамлакатро қироат кард. Ҳозирон аз ғамхориҳои пай дар пайи давлат нисбати кадрҳои ояндаи Ватан бори дигар огоҳ гардида, хушҳол шуданд. Он талабагоне, ки дар давоми таҳсил ба комёбиҳо ноил гаштаанд, бо ифтихорномаҳо тақдир ёфтанд. Арзи эҳтиром ба устодон ва рақсу сурудҳои хатмкунандагон ба давра шукӯҳ бахшид.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: