ЗАНИ ХОКСОРУ МАСЪУЛИЯТШИНОС

Қариб сӣ сол боз Лола Раҳимӣ дар идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» ҳамчун ҳуруфчин адои вазифа мекунад.

Қариб сӣ сол боз Лола Раҳимӣ дар идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» ҳамчун ҳуруфчин адои вазифа мекунад.
Ӯ аслан орзу дошт, ки муаллимаи фанни физика шавад.
Боғимайдон – сарзаминест, ки мардумаш аз азал дилбастаи илму дониш, адабиёту фарҳанг ҳастанд. Лола Раҳимӣ низ дар ҳамин муҳити адабпарвар ба камол расид. Ӯ пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 25-уми зодгоҳ ҳуҷҷатҳояшро ба факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд супурд. Аз имтиҳони нахустин сарбаландона гузашт. Аммо дар санҷиши дуюм... нагузашт.
Баъди чанде духтари холаи Лола – Дилфуза Набиева наздаш омада, таклиф кард, ки ҳар ду ба омӯзишгоҳи касбиву техникии назди Садорати ахбору коммуникатсияи оммавии вилоят дохил шаванд. Бо дипломи омӯзишгоҳ дар ягон идора кор кардан мумкин аст. Холабачаҳо аз забони русӣ диктант навишта, ба сафи донишҷӯён қабул шуданд. Алиса Ивановна асрори дар мошинка чоп кардан ва ба тарзи стенографӣ навиштанро ёд дод. Ҳунаромӯзон барои таҷриба ба матбааи Самарқанд рафтанд. Дар бинои сеқабата коргарон дар паси дастгоҳи пурқудрат истода, рӯзнома ва ҳар гуна плакату афишаҳоро чоп мекарданд. Бо қӯрғошим ҳуруф чидан хеле аҷиб буд. Роҳбалад Алиса Ивановна гуфт, ки дар оянда фаъолияти меҳнатии онҳо бо ин корхона вобаста хоҳад шуд.
Дар арафаи дипломгирии Лола мухбири рӯзномаи навтаъсиси «Овози Самарқанд» Раҳматулло Шарифзода омада, аз директори омӯзишгоҳ пурсид, ки оё дар байни ҳунаромӯзон хатмкунандагони мактабҳои тоҷикӣ ҳастанд?!
Сарвари таълимгоҳ ҳуҷҷатҳои талабаҳоро варақ зада, гуфт, ки ғайр аз Лола Раҳимӣ дигар ҳеҷ кас нест. Ходими редаксия бо ӯ шинос шуд ва мақсади худро гуфт.
Хатмкунандаи омӯзишгоҳ дипломро гирифта ба идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» омад ва аз он дар тааҷҷуб монд, ки дар ин ҷо ягон нафар бону нест. Духтараки шармин аз кор рӯ тофт. Аз байн чанд муддат гузашту собиқ муаллими математикаи мактабаш Тошқул Азимзода, ки ҳамчун ходими адабӣ дар идораи рӯзномаи мазкур кор мекард, бо супориши муҳаррир ба шогирдаш хабар дод, ки ҳоло чанд нафар зан-духтарон дар рӯзнома фаъолият доранд. Лола бо насиҳату маслиҳати модараш Зӯҳрохола назди сардабир омад. Сармуҳаррир Нор Остонзода барои қабул ба кор фармон дод.
Он солҳо тамоми маводи рӯзнома тавассути мошинкаҳои русуми «Янтарь» ва «Украина» чоп мешуд. Ходими ҷавону чаққон дар як рӯз то 30-40 саҳифа дастнависи ходимону мухбирони ҷамоатиро чоп мекард. Гоҳо аз таҳриру қалам задани мудирони шуъбаҳо, ҷонишини муҳарриру котиби масъули рӯзнома матни коғазҳо ба «лолазор» табдил меёфт. Лола Насимовнаи вазифашинос як оҳи бадард мекашиду хомӯш аз нав бо ислоҳи хатоҳо машғул мешуд. 
Воқеан, рӯзномаи навтаъсис на танҳо дар бораи гузару рустоҳои тоҷикнишини вилоят, инчунин берун аз қаламрави Самарқанд маҳбубияту нуфузи хосса дошт. Бинобар ҳамин, барои бехато чоп шудани нашрияи тоҷикӣ саҳми на танҳо мусаҳҳеҳ, масъулиятшиносиву таҷрибаи Лола Раҳимӣ низ хеле калон буд.
– Агар чопгар дар баробари кормандони эҷодӣ саводи кофӣ дошта бошад, – гуфт собиқ сармуҳаррири нашрия Озод Ҳамидзода, – рӯзнома сари вақт чоп мешавад ва ба дасти мухлисон мерасад. Ман шоҳидам, ки борҳо бо шарофати Лолаойтӣ саҳву хатоҳои имлоӣ ва услубӣ ҳангоми чопи матн сари вақт ислоҳ гардидаанд. Зеро ин ходими масъулиятшинос хеле бисёр мутолиа мекунад ва аз луғату фарҳанги имлои забони тоҷикӣ хабардор аст. Охир рӯзнома на фақат сарчашмаи иттилоъ ва ғизои маънавӣ, балки манбаи омӯзиш ва тарғибу эъзози забони модарӣ низ буда, тоза, бидуни савҳу хатои имлоӣ ба муштариён дастрас гардидани он вазифа ва маданияти касбии ходимон аст. Лола Насимовна ҳоло ифтихори ҷамоа мебошад.
– Ин зани хоксору росткор, ҳамзамон ҷиддиву бебок аз ҳеҷ кас кӯмаки беғаразонаи хешро дареғ намедорад, – мегӯяд котиби масъули рӯзнома Фаридуни Фарҳодзод. – Дар тӯли фаъолияти қариб сисола ба бисёр навкорон асрори чопи маводро омӯхтааст. 
– Бузургон насиҳат кардаанд, ки ҳар чӣ бар коғаз навишта ояд, беҳтар аз коғаз бувад, – мегӯяд Лола Раҳимова. – Ман бо тақозои касб ба ҷои ибораи «коғаз» «рӯзнома» гуфтанӣ ҳастам. Камина физик нашуда бошам ҳам, лирик шудам. Ҳоло компутер меҳнати пурзаҳмати моро сабук кард. Аксарияти ходимон иншои хешро мустақилона чоп мекунанд, ки аз ин кори ман сабуктар шуд. Акнун дар вақти бекорӣ каму беш бо эҷод машғулам. Қариб дар ҳар як шумора бо имзои камина матолибе чоп мешавад.
– Лолабону, хабардорам, ки шогирдони бисёр доред. Шумо чӣ тавр дили онҳоро ба ин касб гарм мекунед?
– Байти пандомезе ҳаст:
«Зи осонӣ наояд 
шодкомӣ,
Зи беранҷӣ наояд 
пешгомӣ».
Ба шогирдонам Дилноза, Азиза, Мавлуда, Нигора, Маъмура ва дигарон таъкид мекунам, ки бо сабру таҳаммул бошанд, пайваста ҳунар омӯзанд, ҳунарашонро такмил диҳанд.
Хушбахтона, Президентамон ба кормандони матбуот назару эътибори нек доранд. Борҳо дар анҷумани бошукӯҳи кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ ширкат варзида, бо «Ифтихорнома» ва туҳфаҳо сарфароз гардидаам. Ман хеле хурсандам, ки аз паси касби оддӣ ва хоксоронаи худ  хушбахт ҳастам...

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: