ЗАНИ ОЛИҲИММАТ

Шаҳодат шаби дароз мижжа таҳ накард, аз як паҳлу ба паҳлуи дигар гашта хаёлашро ба як ҷо ҷамъ карда наметавонист.

Шаҳодат шаби дароз мижжа таҳ накард, аз як паҳлу ба паҳлуи дигар гашта хаёлашро ба як ҷо ҷамъ карда наметавонист. «Ҳоло бачаякам чӣ ҳол дорад? Хоб бошад ё бедор, хӯрок хӯрда бошад, танаш сиҳат бошад...?»
Шаҳодат дар оила арӯси калонӣ буд, хушдомани пир дошт. Меҳрубонӣ, муросо ва сабру бардошти ӯ буд, ки дар як ҳавлӣ се арӯс чун апаву хоҳар зиндагӣ мекарданд. Арӯси миёна солҳои тӯлонӣ дар орзуи фарзанд азият мекашид. Шаҳодат ҳар субҳ чашмони сурхи аз гиря  варамидаи ӯро дида, дилаш ганда мешуд, ба ҳоли ӯ раҳмаш меомад. Рӯзе ӯ бо қатъият ба шавҳараш Бобомурод, ки аз ин ҳол андеша дошт, гуфт:
– Додош, ҳамин оила пароканда нашавад, писарчаи хурдиамонро ба онҳо диҳем, шумо чӣ мегӯед? Охир, «сари дармондагонро навозиш намоӣ, Офаридгор туро навозиш мекунад», гуфтаанд. 
Акои Бобомурод аз ин олиҳимматии завҷааш хеле шод шуд...
Дертар, нолаю муноҷоти арӯси миёна қабул афтид, баъди парвариши кӯдак ва кашидани ранҷи шабзиндадориҳо ба онҳо фарзанд ато шуд, паси ҳам соҳиби се духтари дӯстрӯ шуданд...
Бачагии апаи Шаҳодат дар ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё гузашт. Падараш ронандаи оддӣ, модараш хонанишин буд. Шаҳодат мактабро аъло мехонд, орзу дошт муаллима шавад. Баъди хатми мактаби миёнаи рақами 43 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи забонҳои хориҷии Тошканд супурд ва худи ҳамон сол донишҷӯ гардид. Донишкадаро бомуваффақият хатм намуда,  фаъолияти кориро дар мактаби зодгоҳаш оғоз намуд. 
– Он солҳо ба фанни забони англисӣ он қадар эътибор набуд, китобҳои дарсӣ ва аёниятҳо хеле кам буданд. Шавҳарам маро ҳаматарафа дастгирӣ мекард, ба сохтану дарёфт кардани аёниятҳо кӯмак мерасонд. Дар саҳроҳои пахта ба сармою гармо нигоҳ накарда, бо хонандагони мактаб меҳнат мекардем. Ҳоло ғамхории ҳукумат аст, ки омӯзгорон ва хонандагон аз корҳои вазнини саҳро озод карда шудаанд, – мегӯяд апаи Шаҳодат.
Шаҳодат Ортиқова аз муаллимаҳои фаъол, серғайрат ва ҷӯянда буд. Омӯзгори тоифаи олӣ. Шогирдони ӯ дар озмун-азназаргузарониҳои ноҳиявӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ ҷойҳои муносибро ишғол намудаанд. Муаллима бо замон ҳамнафас буда, ба оилаҳои ҷавон оиди сабр, шукр, вафо, садоқат сабақ медиҳад. Писару арӯсаш, ки бо онҳо якҷоя зиндагӣ мекунанд, аз пайи ӯ рафта касби омӯзгориро интихоб намуданд.
Имрӯзҳо апаи Шаҳодат дар нафақа бошад ҳам, серғайрат аст. Дар қитъаи назди ҳавлиаш гармхона барпо намудааст. Помидор, бодиринг, қаланфури булғор ва кабудӣ баҳору зимистон файзи дастархони ӯ ва ҳамдеҳагон мебошанд. Аз рӯзгор зиёдатиашро ба бозор мебарорад. «Меҳнат кунӣ, роҳат мебинӣ», мегӯяд муаллима. Арӯсону фарзандонашро низ ба ҳалолкорию меҳнатдӯстӣ ҳидоят мекунад.
– Баъзе арӯсони ҳозира бо хушдомани худ муросо намекунанд ё мехоҳанд дар алоҳидагӣ зиндагӣ кунанд. Вақте дар мактаб кор мекардам, фарзандонам хурдсол буданд. Дар рӯзгордорӣ, тарбияи фарзанд, муносибат бо шавҳар ва аъзои оилаи ӯ ҳиссаи хушдоманам (рӯҳашон шод бод!) ниҳоят      калон аст. Ҳоло худ хушдоман ҳастам ва ҳис мекунам, ки сабақҳои додаи ӯ қиматашонро гум накардаанд, – мегӯяд апаи Шаҳодат.
Апаи Шаҳодат ва акои Бобомурод дар ҳалқаи фарзандон даврони пирӣ меронанд, ба ҳаёти фаровон ва орому осудаи кишвар шукрона мегӯянд.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: