ЗАНИ ОҚИЛА – ОФИЯТИ ЗИНДАГӢ

Шоир фармудааст:

Ҷаҳонбахту ҷаҳонороӣ, эй зан,
Ҷамолу зинати дунёӣ, эй зан!
Барои зан чандин қаҳрамониҳо содир шудаанд, қасрҳои муҳташам бунёд гардида, асарҳои безавол нашр шудаанд. Оре, зан ҳаст, ки олам мунаввар, умр пурсамар, оила пурфайз, фарзандон соҳибҳунаранд.
Дар деҳаи дурдасти кӯҳистони мо занон мақоми арзанда доранд. Вале аз он мутаассифам, ки духтарон баъди хатми мактаб таҳсилро идома намедиҳанд. Гӯё шароит нест. Иқрор бояд шуд, ки дар кӯҳистон барои занон рӯзгордорӣ ва ҳам кори давлат басо мушкил ва сермашаққат аст. Ба дӯши нозуки ӯ ғамхорӣ ба аҳли оила, тарбияи кӯдакон, баъзан шикасту рехти хонаву ҷой, молдорӣ ва боғпарварӣ гузошта шудааст.
Қаҳрамони мо муаллимаи пуртаҷриба, ки ҷисму ҷони ӯ аллакай дар гирумони зиндагӣ обутоб ёфтааст, Майрам Қамбарова мебошад. Майрам аз ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё ба деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато арӯс шуда омадааст. Соли 1974 бо Қаҳрамон Набиев – ҷавони қавииродаву кордон оила бунёд намуданд. Натиҷаи муҳаббати поку самимӣ буд, ки соҳиби панҷ нафар фарзанд шуданд...
Муаллима хеле ҳалиму меҳрубон, маслиҳатгару ҳақиқатгӯй мебошад. Дар ёдам ҳаст, вақте мактабхон будем, ӯ ягона муаллима дар мактаб  буд. Мо, духтарон ба тозаву озода, босалобат, бо табассуми ширин дарс гузаштанҳои ӯ бо ҳавас менигаристем.
Муаллима аз давраҳои душвору фараҳбахши аз сар гузарондаи худ нақл мекунад: «Саҳарии барвақт мехестам. То ба вақти мактабравӣ ҳаракат мекардам, ки зуд-зуд корҳои рӯзгорро анҷом диҳам. Фарзандони хурдсол доштам, бо  хаёли парешон сӯи мактаб метохтам. Дар мактаб ба дили хонандагон роҳ ёфтан лозим. Дарсҳоро аз сидқи дил мегузаштам. Ҳақиқати ҳаёт аст, ки ба ҳама кор, ба ҳама чиз меҳр бандӣ, ҳар як супоришро дар вақташ иҷро кунӣ, на ба хашми модарарӯс дучор мешавию на ба қаҳри шавҳар гирифтор, на аз роҳбарон танбеҳ мешунавӣ. Агар хоҳӣ, ки ҳам дар оила, ҳам дар корхона иззатманду обрӯманд шавӣ, туро пуштибони асилу дастгирии қавӣ лозим аст. Кӯдаки ширхораамро ба хушдоманам монда ба хондан мерафтам».
Дарҳақиқат, Майрам аз модарарӯси пурдону ҳақгӯйи худ Иқболмомо ва аз шавҳари вафодораш  басо миннатдор аст. Ӯ дар шуъбаи ғоибонаи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи педагогии ба номи С.Айнии Самарқанд таҳсил гирифтааст. Ҳамдастии эшон ва ҷамоаи мактаб буд, ки  соли 2004 сазовори нишони сарисинагии Аълочии таълими халқ  гардид. 
Бузургон фармудаанд: Зани оқила офияти зиндагист. Оре, дар оилае, ки зани маърифатноку доно бонуи хонадон аст, фарзандони баркамолу босавод тарбия меёбанд. Се нафар фарзанди муаллима соҳиби маълумоти олианд, касби пуршарафи модари хешро идома дода истодаанд.
Зани солиҳаю босабру матонат ҳамон аст, ки меҳру оқибати байни аъзоёни оиларо пойдор месозад, дар байни бародарон низоъ барнамеангезад.
Зан чун гулест, ки бо андаке лутф мешукуфаду бо каме беэътиноӣ пажмурда мегардад. Зан – модар сарчашмаи ҳастии инсон, офарандаву созанда, бахшандаву меҳрубон, чун олиҳаи сиришта аз нури Илоҳӣ аст, ки Худованд ҷаннаташро зери қудуми модарон  нисор кардааст.
Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳар чӣ доранд ин ҷамоат, аз дуои модар аст.
Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.

Холбика НУРНАЗАРОВА,
омӯзгори мактаби рақами 43-юми 
ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: