ЗАНИ СОЛЕҲА – РӮШНОИИ ХОНА

Ба гуфтаи роҳбари давлат занону духтаронро ба вазифаву корҳои давлатӣ беш аз пеш бояд ҷалб намуд.

Пеш аз он ки оиди фаъолияти ибратпазири бонуи чашмикордон Саломат Ҳайдарова ҳарф занем, беихтиёр хидматҳои шоистаи модари меҳрубонаш апаи Аноргул пеши назар меояд. 
Модар шахсест меҳрубон, муътабар, ғамхор ва ғамгусор. Дар рӯйи олам ҳеч эҳсосе бартару волотар аз меҳри Модар вуҷуд надорад.
Яке аз модарони меҳрубону ғамхор ва меҳмондӯсту ширингуфтори деҳаи хушманзараи Сойихурд  Аноргул мебошад. 
Аноргулро дар тӯю маъракаҳои ҳамдеҳагон зуд-зуд мебинам. Гарчанд синнаш аз 70 гузаштааст, қоматаш рост, ҳаракатҳояш чолокона, ҳусну малоҳати ҷавониашро то дараҷае нигоҳ доштааст. 
Боре аз ӯ пурсидам: «Асрори ҷавониро нигоҳ доштан дар чист?»
Ӯ ҷавоб дод: «Ҳамнафаси замон бояд зист. Аз ғайбат, дурӯғ, туҳмат, дилозорӣ барин хислатҳои бади инсонӣ парҳезкор бояд шуд. Ҳамфикру ҳамдил будан бо шавҳар, аз як гиребон сар бароварда, зиндагиро ба роҳ мондан шахсро аз мушкилиҳо дур месозад».
Оре, апаи Аноргул бо акаи Муҳиддин ҳамфикру ҳамдил шуда, аробаи зиндагиро босабру матонат ба пеш мебаранд. Муҳиддин Ҳайдаров аз нисф зиёди умри худро ба соҳаи геология бахшид.
– Занҳои рустоӣ баробари мардони худ меҳнат мекунанд. Чорвопарварӣ, боғдорӣ, нонпазӣ, дарзу дӯз, тарбияи фарзандон ва дигар гиру мони зиндагӣ ҳолати одатии онҳо мебошад. Ба тарбияву таълими бачаҳо эътибори ҷиддӣ додем. Агар фарзанди калонӣ боодоб, аълохон ва хушрафтор ба воя расад, кӯдакони сонӣ низ аз пайи ӯ мераванд.
Ин буд, ки бузургдухтари онҳо Саломат аз хурдӣ ҳушёру зирак буд, мактаби миёнаи рақами 43-юми Эҷро аъло хатм намуд. Баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон супорид ва бахташ омад карду донишҷӯ гардид. 
Соли 1990 донишгоҳро сарбаландона хатм намуд ва фаъолияти кориашро чун мутахассиси бонк дар «Агропромбонк», дертар дар «Халқбонк»-и шаҳри Навоӣ оғоз намуд. Дониши хуб ва чашмикордонии духтарак ба зудӣ миёни ҷамоа аён гардид.  Ӯро ба шуъбаи феҳристи давлатии корхонаҳои инҳисории Садорати рушди монополия ва рақобати вилояти Навоӣ роҳбар таъин намуданд. 
То ҳол мутахассиси пешбари шуъбаи молияи федератсияи Иттиҳоди касаба дар вилояти Навоӣ мебошад. 
– Чи тавре ки роҳбари давлат дар муроҷиатҳои худ таъкид менамояд, бо дарди халқ, бо мушкилоти мардум аз наздик бояд ошно шуд. Яке аз вазифаҳои асосии ташкилоти мо таъмини рушди сайёҳӣ, соҳибкорӣ, гиромидошти инсон, ба куҳансолон, собиқадорони меҳнат, занони серфарзанд, маълулон додани роҳхат ба истироҳатгоҳу табобатгоҳҳо, зиёрати обидаҳои таърихӣ ва ғайра мебошад. Оилаҳои камтаъмин ва барои табобат эҳтиёҷмандро якҷоя бо масъулони маҳалла хона ба хона гашта, муайян мекунем. Ба занону духтароне, ки шомили «Дафтари занон», «Дафтари ҷавонон», «Дафтари оҳанин» ҳастанд, кумак мерасонем. Аз ҷумла, ба қарибӣ сокини яке аз деҳаҳои куҳпояи Нурато, ки шомили «Дафтари оҳанин» аст, барои ҷарроҳии фарзандаш 5 миллион сӯм маблағ пурсид. Ҳамин миқдор пулро аз ҳисоби иттифоқи касаба ҷудо кардем. Дар чаҳорчӯбаи барномаи давлатии «Саросари Ӯзбекистон саёҳат намо» занони куҳансол, серфарзанд, собиқадорони меҳнатро дар асоси рӯйихат ба зиёрати шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хева, Урганҷ фиристодем, – мегӯяд Саломат Ҳайдарова.
Апаи Аноргул дуруст мегӯяд, хоҳару додарони Саломат чун хоҳарбузургашон боақлу ҳушёр ва меҳнатдӯст ба воя расиданд. Амриддин Ҳайдаров ходими шуъбаи корҳои дохилии вилоят, Фазлиддин соҳибкор, хоҳарон Дилафрӯзу Гулимоҳ кадбонуи меҳрубони оилаҳояшон мебошанд. 
Саломат бо ҳамдеҳааш Одил Қӯзиев ду фарзанд – Фозил ва Азизаро ба воя расонданд, хононданд, соҳиби касбу кори намунавӣ намуданд. 
Бонуи боирода дар арафаи фарорасии баҳор, иди модарону бонувон орзуву ниятҳои худро барои модари азизаш ирсол намуд:
– Модар гуноҳҳои дониставу надониста содиркардаи фарзандашро мебахшад, намехоҳад ба пойи ҷигарбандаш хоре халад. Модарҷони меҳрубону мушфиқ ва дарёдиламро бо иди баҳор, бо иди модарон табрик мегӯям. Модарҷонам офтоби сари моянд. Шоир фармудааст:

Дурахшон бод дар 
гардуни ҷонам ахтарат, 
модар,
Набинам кош андар 
зиндагӣ дарди сарат 
модар.
Дилат бар ларза меояд 
чу оям дер як соат,
Бимирам ман ба 
чашмони ҳамеша бар 
дарат, модар.
Фақат дасти дуои ту 
бароям муттако бошад,
Наларзад дар ғами ман 
ҳеҷ гоҳе пайкарат, 
модар...

Оре, бузургон маҳз ба хотири чунин занони бохирад фармудаанд: «Зани солеҳа ба кадом хонае, ки бошад, рӯшноӣ ба рӯшноӣ меафзояд».

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: