ЗАНИ ТОЛЕЪБАЛАНД

Ибтидои интиҳо

Ибтидои интиҳо

Исломҷон бо кӯмаки бародаронаш Исмоилҷон ва Исроилҷон эҳтиёткорона қуттиҳои пури помидорро аз гармхона бароварда, ба мошин бор кард. Сонӣ ба бародаронаш фармуд, ки ба болои қуттиҳо брезент кашанд, то ки ба помидорҳо чанги роҳ нашинад. Ҳарду брезенти дарозро кашида, аз чаҳор тарафи он маҳкам бастанд.  
– Исмоилҷон, ин қуттиҳоро бурда, ба мизоҷон тақсим кун. Агар баъзеашон пули помидорҳоро баъди фурӯхтан мепардозем гӯянд, не нагӯй. Сонӣ худам рафта, бо онҳо ҳисобу китоб мекунам. Модарам низ ҳамроҳи ту то назди бинои ҳокимият мераванд. Дар масъалаи кредит бо ҳокими ноҳия гуфтугӯ карданианд, – гуфт Исломҷон.
Изробӣ дар хонаи хурдакак, айнак дар чашм, машғули ҳисобу китоб буд. Ба писараш гуфт, ки маблағи барои хароҷоти гармхонаи дуюм ҷудокардаашон кофӣ нест, аммо метавонанд як қатор корҳои муқаддамотии сохтмони гармхонаи дуюмро ба анҷом расонанд. 
– Кредит ҷудо кунанд, он маблағро барои пӯшиши бом ва харидани лӯлаи обёрии қатраӣ сарф мекунем. Ту ба сардори устоҳо занг зан. Гӯй, ки дастгоҳи кафшергариашро низ бо худ ба ин ҷо биёрад, – афзуд Изробӣ Усмонова. 
 Баъд бастаи ҳуҷҷатҳо дар даст ба кабинаи мошин паҳлӯи писараш нишаст. Мошин ба пеш ҳаракат намуд.

Бонкҳо – мададгори соҳибкорон 

Субҳонҷон Солиев баъди конфоронси видеоӣ аз толор берун шуда, ба ошёнаи дувум баромад. Дар назди дари утоқаш чанд нафар корафтодагон мунтазири ӯ буданд. Изробӣ низ байни онҳо буд.
– Ман як-як арзи ин одамонро шунида, пас бо шумо суҳбат мекунам. Шуморо чандон маътал намекунам, – гуфт ҳокими ноҳия ва вориди утоқаш шуд. 
Баъди лаҳзае котиба: 
– Ҳоким шуморо мепурсанд, – гуфт ба Изробӣ Усмонова ва ба нишони эҳтиром як табақи дари утоқро ба рӯйи ӯ боз намуд.
 Вай ба курсие рафта нишаст. Аввал аз раванди корҳои анҷомёфтаи корхонаи муштарак ба ҳоким мухтасар  маълумот ироа кард.  
– Агар масъалаи кредит ҳарчи зудтар ҳал шавад, марҳилаи дуюми сохтмони гармхонаро ба охир хоҳем расонд, – гуфт ва мунтазир шуд, ки ҳоким чӣ мегӯяд. 
Субҳонҷон Солиев гӯшии телефонро бардошт ва ба сардори бонк занг зад. Вай хоҳиш кард, ки мувофиқи имконият масъалаи кредити Изробӣ Усмоноваро зудтар ҳал кунад.
– Барои идомаи сохтмони гармхонаи дувум онҳо хеле ба маблағ ниёз доранд. Шумо дар ин кор мусоидат намоед, то ки вақт беҳуда нагузарад, – тавзеҳ дод ҳокими ноҳия ва баъд:
– Раиси бонк гуфт, ки ҳаддалимкон барои ҳалли ин масъала ҳар кори аз дасташ омадаро анҷом медиҳад. Шумо ба назди вай равед, – гуфт ӯ. 
Ҳарду пасу пеш аз бинои ҳокимият берун шуданд. Изробӣ то ба мошин нишастани ҳоким ва ҳаракат кардани он мунтазир истод ва баъд барои дарёфти кредит ҷониби бонк шитофт. 

Ободии дашт – фаровонии мардум

Корхонаи муштараки Ҷамъияти саҳҳомии Ӯзбекистону Тоҷикистон – “Rishtan premium vege-tables”, воқеъ дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандони “Навбаҳор”, аз шумори аввалин корхонаест, ки дар ноҳияи Риштон таъсис ёфтааст. Он ба парвариши помидор ва бодиринг ихтисос дода шудааст. Масофаи байни маркази ноҳия ва ин корхона тақрибан 25 километрро ташкил мекунад. 
Ин роҳест, ки агар мустақим равӣ, аз тариқи Рапқон ба ноҳияи Конибодоми вилояти Суғди Тоҷикистон мерасӣ. Аммо ба далели пахши пандемияи коронавирус ин гузаргоҳ барои равуои шаҳрвандони ду кишвар баста мебошад. Барои ҳамин равуои мошин дар ин масир хеле кам буд.
Чанд сол ба ин тарафҳо наомада будам. Дар ду тарафи роҳ дарахтони мевадиҳанда, киштзорҳои доманфарох ва иморатҳои зиёди истиқоматӣ бунёд шудаанд, ки тамошояш ба дили кас фараҳ мебахшад.  Дар минтақаи дашти он аллакай корхонаҳои зиёди хусусии кулолгарӣ арзи вуҷуд кардаанд. Ба гуфтаи соҳибкорон қаблан ин ҷойҳо саросар дашти холӣ буд. Ба далели он ки заминаш аз хоку сангу шағал таркиб ёфтааст ва азхудкунии он заҳмати зиёд тақозо мекунад, даҳсолаҳо касе аз сокинони шаҳри Риштон ва деҳоти атроф барои обод кардани он ҷуръат намекарданд. Аммо солҳои охир ин ҷо манзараи дигар касб намудааст.
– Дар муддати панҷ соли охир ҳамаи ин дашту даман соҳибони худро пайдо кард. Ҳоло барои ба даст овардани  як  порча замини санглох қарори ҳокимияти ноҳия лозим аст, – гуфт Исломҷон Усмонов. – Агар даҳ сол пеш ин ҷо одамро баста монӣ, бандро канда мегурехт. Аммо ҳоло чаҳор тараф ба туфайли меҳнату заҳмати одамон ба ин тарз ободу зебо шуд, корхонаҳо арзи вуҷуд намуданд. 

Машаққатҳо паси сар мешаванд

– Роҳҳои дашт ҳанӯз дуруст ҳамвор карда нашудаанд. Дар фасли гармо чангу дар фасли сармо обу лойи ин роҳ моро низ хеле нороҳат мекунад, вале чӣ илоҷ? Талош хоҳем кард, ки бо фаро расидани фасли баҳори оянда ин роҳҳоро ҳамвору мумфарш кунем, – мегӯяд Изробӣ Усмонова дар оғози суҳбате, ки бо вай доштам.
Баъд бо ӯ дар бораи чӣ тавр ба соҳибкорӣ рӯй оварданаш суҳбатро идома додем. Ногуфта намонад, ки Изробӣ Усмонова солҳои дароз дар идораҳои матлуботи ҷамъияти ноҳияи Риштон кор кардааст. Баъд чанд сол ба соҳибкорӣ машғул шудааст ва бо корҳои ҳисобу китоб хеле хуб ошност. 
Ба гуфтаи ӯ аввал дар шаҳри Риштон бо писаронаш як корхонаи хурди хусусӣ ташкил кард. Он ҷо як гурӯҳ занону духтарони маҳал тавассути панҷ дастгоҳ ҷуроб  мебофтанд. Ин дастгоҳро аз Хитой харида оварда буданд. Бо вуҷуди талошҳои зиёдашон маҳсулоти ин корхона маишати аъзои чаҳор оиларо таъмин нанамуд. Барои ҳамин роҳи дигар ҷустанд.
– Ғояи сохтани гармхона пайдо шуду бо писаронам ба минтақаи дашт омадем ва ҷойи мувофиқеро интихоб кардем. Моҳи июни соли гузашта ҳокими ноҳия қарор баровард ва мо ба кор пардохтем. Аввал 70 сотих заминро ҳамвор карда, ба он 352 мошини КамАЗ хок оварда рехтем. Аз хонаводаҳои мардум поруи маҳаллӣ харида, ба ин ҷо кашондем, то ки замин ҳосил диҳад, – иброз намуд ҳамсуҳбати мо.
Ба таъкиди Изробӣ барои бунёди гармхонаи дарозиаш 100 метр ва бо арзи 60 метр даҳҳо тонна семент, тақрибан 20 километр филизот, садҳо километр лӯлаҳои гуногундиаметр, беш аз ҳазор метр сим, коғази ғафси плостикӣ ва амсоли он корбаст шудаанд. Сохтмони гармхонаи дуюм ба тӯли 90 ва арзи 40 метр ҳоло босуръат идома дошт. Ба гуфтаи соҳибкорзани риштонӣ маблағи умумии сохтмони ду гармхона дастикам 300 ҳазор долларро ташкил медиҳад. 
Дар шафати гармхона барои захираи об ҳавзи калону чуқур сохтаанд, ки тавассути он бо усули қатраӣ кӯчатҳои помидору бодиринг обёрӣ карда мешаванд. Яке аз соҳибкорони истаравшанӣ Баҳриддин Баротов ҳамкори онҳо мебошад. Вай барои сохтани гармхона 240 ҳазор доллар сармоя ворид кардааст. Маълум шуд, ки соли равон аз гармхона  чанд маротиба ҳосили помидору бодиринг ба даст овардаанд. 
 
Интиҳои ибтидо

Изробӣ Усмонова аз зумраи занони баландтолеъ мебошад. Рӯзе аз ҳокимияти вилоят занг зада гуфтаанд, ки ба сафари шаҳри Тошканд омода бошад ва ба маросими таҷлили Иди бонувон меравад.
– Ҳамон рӯз аз ин хабар чандон хушҳол нашудам. Зеро вақти ҷамъоварии ҳосили даври дуюми гармхона буд. Намехостам писаронамро танҳо гузошта, ба пойтахт равам. Вале Исломҷон гуфт, ки акнун бо бародаронаш метавонад корҳои ин ҷоро пеш барад ва ман бидуни нигаронӣ ва бо хотири ҷамъ озими Тошканд шавам, – мегӯяд Изробӣ Усмонова.
– Бори аввал буд, ки дар чунин маросими мутантан ширкат мекардам. Дар он номи иштирокчиён як-як эълон мешуд ва онҳо баромада, аз дасти Шавкат Мирамонович мукофоти давлатӣ мегирифтанд. Вақте ки ровӣ исму насаби маро эълон кард, аз як сӯ вуҷудамро эҳсосоти гуворо фаро гирифт ва аз сӯйи дигар, ҳаяҷони сахт маро пахш карда буд. Бо вуҷуди ин, худро ба даст гирифтам ва бо ифтихор ба назди Президент омадам. Он кас нишони “Дӯстӣ”-ро овехтанду дастонамро фишурда, муваффақият хостанд, – ёдовар шуд аз маросими 7 марти соли равон Изробӣ.
Домани фаъолияти корхонаи муштараки Ҷамъияти саҳҳомии Ӯзбекистону Тоҷикистон «Rishtan premium vegetables» оҳиста васеъ мегардад. Маълум шуд, ки дар шафати гармхона писарони ин зани хуштолеъ як корхонаи кулолӣ низ сохтаанд.
– Он майдони 12 сотихро ишғол мекунад. Сохтмони бинояш ба охир расид. Акнун дохили онро муҷаҳҳаз мекунем ва коргаронамон ба истеҳсоли маҳсулоти сафолӣ ва чинниворӣ машғул мешаванд, – гуфт Усмонова.
Дарвоқеъ, ҷуръати ӯ қобили таҳсину офарин мебошад, зеро барои сохтани иншооте, ки чанд миллиард сӯмро тақозо менамояд, на ҳар як зан ё мард ҷуръат мекунад. Ба гуфтаи ин зани соҳибкор баъди ғунучини ҳосил заминро барои ҳосили давраи дигар тайёр мекунанд ва ин ҳадди ақалл як-ду моҳ вақтро тақозо менамояд. Замин дубора “ҷон” мегирад ва барои ҳосил омода мешавад. 
– Аз зумраи занони толеъбаланди ин диёр ҳастам. Давлат меҳнатамро қадр намуд. Ба дасторхони мардум 60 тонна бодиринг ва 45 тонна помидор армуғон намудем. Талош хоҳем кард, ки бо ба кор даромадани гармхонаи дуюм истеҳсоли маҳсулот ба ду карат меафзояд. Аммо фасли тобистон таъмини об мушкил мегардад. Умедворам, ки ин мушкил низ оҳиста бартараф мешавад,– гуфт дар хотимаи суҳбатамон Изробӣ Усмонова.
Офтоб оҳиста ба сӯйи мағриб фурӯ мерафт, аммо дар ин дашт кор бо ҷӯшу хурӯш идома мекард.
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: