ЗАНОН БА БУНЁДКОРОНИ ФАЪОЛИ ТАРАҚҚИЁТИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ ТАБДИЛ МЕЁБАНД

1 марти соли равон дар ҷамъомади видеоселекторӣ таҳти раёсати Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев чораҳои муҳиме, ки ба сатҳи нав баровардани низоми дастгирии бонувон, минбаъд баланд бардоштан ва таҳкими нақши бонувон дар ҷамъият, инчунин пурзӯр гардондани ҳифзи иҷтимоии онҳо, пешгирии хушунат дар оила, барқарор намудани баробарии гендерӣ нигаронда шудааст, муайян шуданд.

Ба ҳама маълум аст, ки занони мамлакати мо дар рушди Ӯзбекистони нав ҳиссаи сазовор мегузоранд. Тавре ки Сарвари давлатамон қайд кард: «Зиндагии имрӯза ва ояндаи дурахшон бешубҳа аз занон вобаста аст, ки пояи оила ва ҷомеа мебошанд».
Солҳои охир масъалаи баланд бардоштани иқтидори сиёсиву иқтисодӣ, ҳуқуқии занон ва баробарии гендерӣ ба масъалаи сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ вазифа гузошта шуд, ки соҳаи дастгирии занон ба зинаи комилан нав бардошта шавад.
Ба мақсади таъмини татбиқи низомноки вазифаҳои муайяншуда дар ҳар як маҳалла Кумитаи давлатӣ оид ба корҳои занон ва оила созмон дода мешавад.  Акнун фаъолияти сохтори давлатии марбут ба масоили занон ва пешбурди сиёсати давлатӣ дар ин самт ба роҳ монда мешавад.
Дар назди Кумита ва  зиёда аз 9 ҳазор маҳаллаҳои ҷумҳурӣ вазифаҳои занони фаъол ҷорӣ карда мешаванд. Онҳо аз ҳисоби занони ботаҷриба, бонуфуз, ташаббускор ва  фаъоли маҳалла низ дар асоси озмуни ошкоро ба вазифаҳо таъин карда шуда, бо масъалаҳои марбут ба занон машғул мешаванд.
Ин имкон медиҳад, ки фаъолияти кадрҳои арзанда дар заминаи шаффофият ва ошкорбаёнӣ дар сатҳи поёнӣ, яъне дар маҳаллаҳо интихоб ва ба роҳ монда шавад.
Президент оид ба куллан пурзӯр гардондани ҳифзи иҷтимоии занон ва аз нав дида баромадани муносибат дар ин самт, барқарор намудани сиҳатии бонувон ва расондани хидмати пурихтисоси тиббӣ ба онҳо, рушди минбаъдаи соҳибкорӣ, дастгирии минбаъдаи заноне, ки шавқи хондан доранд, дар ҳамаи дараҷаҳои низоми таълим вазифаҳои дақиқ муайян намуд.
Ҳамин тариқ, инҳо ба назар гирифта шудаанд:
низоми аз ҷониби давлат пардохтани кумакпулӣ оид ҳомиладорӣ ба заноне, ки дар сектори хусусӣ кор мекунанд, фароҳам оварда мешавад;
пардохт барои нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳои давлатӣ барои фарзандони занони танҳои эҳтиёҷманд аз ҳисоби буҷет таъмин карда мешавад;
дар соли 2022 ҳадди ақал 40% субсидияҳо оид ба вомҳои ипотекӣ ба занон дода мешаванд;
ёрии тиббии баландтехнологӣ ба таври илова ба 6000 нафар занон расонда мешавад;
3 миллион зан аз скрининги саратон гузаронда мешаванд;
Барномаи дастгирии таҳсилоти занон барои солҳои 2022-2026 таҳия шуда, ҳиссаи духтарони донишҷӯ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ, техника ва ҳуқуқшиносӣ, ки ҳиссаи занон кам аст, аз 24 фоизи феълӣ то 40 фоиз зиёд карда мешавад; 
ба донишҷӯёне, ки тифли хурдсол доранд, барои таълими фосилавӣ шароит муҳайё карда мешавад;
аз соли нави таҳсил маблағи шартномаи духтароне, ки дар магистратура мехонанд, аз буҷа пурра пӯшонда мешавад;
барои занони докторантура ҳар сол на камтар аз 300 квотаи мақсаднок ҷудо карда мешавад.
Ба амал баровардани чунин имкониятҳои васеъ, бешубха, ба он хидмат мекунад, ки занон ба бунёдкорони фаъоли тараққиёти Ӯзбекистони нав табдил меёбанд.
 
М. ҚОДИРХОНОВА, 
раиси Кумитаи Сенати Олий Маҷлис оид ба масъалаҳои занон ва баробарии гендерӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: