Таъмини бекорон бо шуғл аз масъалаҳои умдае мебошад, ки дар мамлакатамон ба сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Солона дар деҳоти кишвар бо бунёди корхонаҳои азим даҳҳо ҳазор нафар соҳиби кор мешаванд ва маишати хонаводагиашон таъмин мегардад. Аз ин раванд шаҳру рустоҳои вилояти Фарғона низ дар канор намондааст.
Дар ин ноҳия арзи вуҷуд кардани ду корхонаи дӯзандагӣ бар асоси талабу дархостҳои мардум рӯи кор омад. Дар яке аз видеоселекторе, ки бо иштироки сарвари давлат мегузашт, Хурсандой Қосимоваи сӯхӣ аз Шавкат Мирзиёев хоҳиш кард, ки дар бунёди корхонаи дӯзандагӣ кӯмак расонад, то занону духтарони деҳот ба кор таъмин шаванд. Президенти мамлакат дастур дод, ки ба таври фаврӣ ин дархости занону духтарони сӯхӣ ба ҷо оварда шавад.
Ҳоло дар шафати роҳи калони деҳаи Сариканда яке аз ин корхонаҳои дӯзандагӣ қомат афрохтааст.
– Барои сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи дӯзандагии ҶММ “Сӯх – намуна” ҳафт миллиард сӯм сарф гардид. Ҳоло корхонаи мо соҳиби 120 дастгоҳи дӯзандагӣ мебошад. Дар айни ҳол корро дар як баст ба роҳ мондаем. Дар ояндаи наздик барои басти дуюм низ аз ҳисоби занону духтарони маҳаллӣ коргаронро ҷалб хоҳем кард,– мегӯяд раиси ҶММ “Сӯх – намуна” Каримҷон Ғоибназаров.
Ба таъкиди ӯ алҳол корхонаи дӯзандагӣ бо иқтидори 40 фоиз кор мекунад, барои фаъолияти он бо иқтидори пурра кадрҳои малаканок намерасанд. Барои ҳамин онҳо аз маркази вилоят мутахассисонро даъват кардаанд, ки дар ба роҳ мондани фаъолияти корхонаашон ҳамкорӣ кунанд.
– Мо дар ин бахш иҷрои як қатор корҳоро барномарезӣ кардаем. Фикр мекунам, ки баъди гузаштани як муддат малакаву маҳорати дӯзандагони маҳаллӣ меафзояд. Баъд пешқадамони истеҳсолот метавонанд аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ шогирд тайёр кунанд,– иброз дошт К.Ғоибназаров.
Дарвоқеъ, либосҳои дӯхташудаи ин корхонаро дида кас гумон мекунад, ки он моли ширкатҳои беҳтарини дӯзандагӣ мебошад.
– Ман аз шаҳри Фарғона ба ин ҷо омадаам. Ҳоло дар ин корхона ба сифати муҳандис-технолог кор мекунам. Мо либосҳои махсуси мактабӣ ва корӣ медӯзем. Нархаш чандон гарон нест. Кӯшиш мекунем, ки ин нарх нисбати бозор арзонтар бошад ва мардум онро бе мушкилот харида тавонанд,– мегӯяд Холида Боборасулова.
Дар сехи поракунӣ ва дарзмолкунӣ кор дар авҷ буд. Акмалҷон Ҳасанов бо ёрдамчии худ Муслима Исматуллоева якзайл матоъро аввал андоза мекард, баъд онро бурида, ба занону духтароне медод, ки паси дастгоҳҳои дӯзандагӣ нишастаанд. Се-чор нафар либосҳои тайёрро дарзмол карда, ба хонаи махсус дароварда қатор меовехтанд.
– Матоъи лозимиро аз шаҳри Тошканд харида меорем. Ин матоъ маҳз барои дӯхтани либосҳои мактабӣ хос мебошад,– мегӯяд Акмалҷон Ҳасанов.
Аз суҳбат бо коргарони корхона маълум шуд, ки аксари онҳо солҳои дароз хонашину бекор будаанд. Онҳо мегуфтанд, ки бунёди ин корхона занону духтарони зиёди деҳаҳои Шарқобод, Ҳушёр, Қизилқиёқ, Сариканда, Ровону Қалъа ва амсоли онро аз вартаи бекорӣ наҷот додааст. Ҳоло онҳо соҳиби шуғл шудаанду бо маош таъмин мебошанд.
– Ман соҳиби се фарзанд ҳастам. Аз Президент хеле сипосгузорам, ки барои занону духтарони деҳот ин корхонаро бунёд кард. Ҳоло дар он дӯзандаам. Касби дӯзандагиро аз модару хушдоманам омӯхтаам. Дар ҳудуди 600 ҳазор сӯм дастмузд мегирам, ки як тарафи рӯзгорамонро мебардорад,– мегӯяд бо шавқ сокини деҳаи Сариканда Мухлиса Раҳмонова.
Шаҳло Азизова, Лайло Аҳмадҷонова, Насима Аброриддинова, Лазина Абдумаҷидова ва Меҳрӣ Ортиқова низ аз деҳаҳои атроф омада, ин ҷо шомили кор шудаанд.
– Мо дар минтақаи обанбори Сӯх низ чунин як корхонаи дӯзандагӣ сохта, ба истифода супурдем. Дар он беш аз 200 нафар занону духтарони деҳаҳои Девайрон, Умбара, Ленбур, Ғазнов, Қалъача ва Тӯл ба кор ҷалб шудаанд. Ноҳия сол аз сол ободу зебо мегардад. Ҳоло якчанд лоиҳаҳои дигар мавриди бозомӯзӣ мебошанд, ки дар асоси маблағи сармоягузорони маҳаллӣ таҳия шудаанд. Татбиқи ин лоиҳаҳо имкон медиҳад, ки корхонаҳои хурду миёнаи хусусии нав ба кору фаъолият оғоз кунанд. Он гоҳ сафи бекоронро ба карат коҳиш хоҳем дод,– мегӯяд ҳокими ноҳия Фаррух Ӯсаров.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.