ЗАНОН – НУРИ ЗИНДАГИАНД

Дилафрӯз Облоқулова ҳамчун журналисти соҳибтаҷриба, навовар, қолабшикан ва ба касбу кори худ садоқатманд эътироф шудааст.

Суҳбат бо мудири шуъбаи кор бо зан-духтарони рӯзномаи «Овози Самарқанд», бонуи соҳибтаҷриба Дилафрӯз Облоқулова чанде қабл иттифоқ афтод. Ӯ нафаре аз  кормандони  матбуот аст, бо қалами бурро, кордонӣ, самимият ва муносибати нек  ба ҳурмату эҳтироми атрофиён соҳиб шудааст. 
– Чашмаи  аввалини  муҳаббат ба  зиндагӣ ва касби  журналистӣ  волидайни  меҳрубону дилсӯзам буданд, – мегӯяд Дилафрӯз, – агарчи  онҳо соҳибмаълумот набуданд, аммо барои  таҳсил  гирифтан ва  мавқеи  худро дар  ҷамъият  пайдо кардани ман хизмати шоиста намуданд. 
***
Дилафрӯз солҳои таҳсил дар мактаби миёна ба  шеъру  ҳикоя  навиштан шавқ дошт. Дар  синфи ҳаштум буд, ки  нахустин  шеъри  худро  тавассути  радиои  мактаб хонд. Албатта дар  студия  ғайр аз микрофон  ҳеҷ кас  набуд, аммо ӯро изтиробу ҳаяҷон  фаро гирифт. Дертар ба наттоқи ширинсухан табдил ёфта истеъдоди хешро сайқал дод. Ҳини ба анҷом расидани таҳсил дар мактаби миёна падари бузургаш аз  бобати интихоби пеша бо духтари эҷодкор суҳбат орост. Бо дуои қиблагоҳаш шомили Донишгоҳи давлатии Самарқанд гардид. Аз  имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузашт ва талабаи  факултаи филологӣ шуд. 
Ӯ давраи донишҷӯ будани худро ба ёд оварда  иброз дошт, ки раҳматӣ Абдусалом Самадов аз журналистика сабақ дода, оид ба чӣ тавр  навиштани хабар, лавҳа, мусоҳиба, репортаж, очерк ва ғайра  маълумоти пурра медод.
Дилафрӯз бо нахустин  иншои  хеш  ба  идораи «Овози Самарқанд» омад.
Қатъият, дилбастагӣ, муҳаббат ба касби журналистӣ буд, ки  соли  2011 ӯро ба  идораи рӯзномаи  мазкур ба кор овард. Фаъолияти меҳнатиро аз вазифаи  мусаҳҳеҳ оғоз кард.
 ***
Мудири шуъбаи маънавияти рӯзнома, раҳматӣ Шавкати Баҳром инсони хоксору дилёб, вале сахтгир  буд. Ба  ходими  нав Дилафрӯз Облоқулова муносибати самимона дошт, аммо навиштаҳои  ӯро  бо  як  калима: «намешавад» баргардонда, талаб мекард, ки  бо дигар тарз нависад.
– Дар идора Тошқул Азимов, Озод  Ҳамидзода, Бахтиёр Ҷумъа, Мирсафо  Камолӣ ва дигарон барои  сайқал ёфтани истеъдоди  камина  хизмати беминнати  хешро дареғ надошта, ба  навқаламон маслиҳатгар ҳастанд, – мегӯяд Дилафрӯз.
– Хизмати хоксоронаи ман  бо чанд  мукофот қадр гардид. Соли  гузашта ҳамчун «Журналисти беҳтарин» дар вилояти Самарқанд  эътироф гардида, «Ташаккурнома»-и ҳокимро  гирифтам.
– Дилафрӯз, шоири ширинкалом Мирзо Турсунзода  байти  аҷибе дорад:
Хуб шуд, ки зан  ба давлат  
ёр шуд, 
Мамлакат аз  дасти  зан  
гулзор шуд. 
Доир ба мавқеи зан дар соҳаи матбуот чӣ мегӯед?
– Нақши бонувон дар  ташаккули ҷомеаи муосир, пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт, маорифу  фарҳанг, солимии муҳити оила ва ғайра хеле назаррас аст. Бинобар ин сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарвари давлатамон ба он равона шудааст, ки бонувони Ӯзбекистон  дар  ҳама соҳа фаъол шуда, мо – журналистон ба  ҳоли  қудрат оиди ҳамҷинсони  хеш мавод иншо намуда, пешкаши мухлисон мекунем. 
Лекин  чӣ ҷойи руст кардан, ки тамоми рӯзнома ва маҷаллаҳои Ӯзбекистони соҳибистиқлол дар масъалаи  занони  деҳот, оиладорӣ, вайрон шудани ақди  никоҳ, либоспушӣ ва дигар муаммоҳои  зиндагӣ  кам менависанд. Аҷибаш дар он, ки бонувони  мо ба  бемории  телефонбозӣ гирифторанд, қариб ки  асарҳои  бадеӣ  мутолиа намекунанд. 
Фаромӯш набояд кард, ки зани фарҳангсозу тарбиягар аҳли  оила ва  пайвандони  худро тавре  ба  воя расонанду ҳидоятгар  бошанд, ки онҳо бо дили пур ва ақли  солим ба  Ӯзбекистони Нав қадам  монанд. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
САМАРҚАНД.
Дар сурат: Дилафрӯз Облоқулова (дар рост) ва ҳамкораш саҳифабанди рӯзнома Лола Раҳимӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: