Алҳол нақши бонувон дар тиҷорат ба дараҷаи нав бардошта шуд ва мунтазам боло меравад.
Алҳол нақши бонувон дар тиҷорат ба дараҷаи нав бардошта шуд ва мунтазам боло меравад. Пӯшида нест, ки ҷалби занон ба вазифаҳои роҳбарӣ ба рушди иқтисодии ширкатҳо, идораи тиҷорат ва ҳолати молиявии онҳо таъсири мусбат мерасонад.
28 сентябри соли 2021 дар Палатаи савдову саноат Биржаи кооператсионии байни занон-соҳибкорони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар режими онлайну шакли вохӯрии «B2B» дар доираи мулоқоти занон-пешоҳангони Осиёи Марказӣ кори худро оғоз кард. Чорабинии мазкур, ки 3 рӯз давом мекунад, бо дастгирии намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ӯзбекистон ташкил гардид.
Бояд таъкид намуд, ки ин Биржаи кооператсионӣ ба мақсади истиқрори робитаҳои бевосита ва ба роҳ мондани ҳамкориву шарикии кории байни занон-соҳибкорони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ Раиси Сенати Олий Маҷлис, раиси Мулоқоти занон-пешоҳангони Осиёи Марказӣ Танзила Норбоева ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Ӯзбекистон Матилда Димовска ширкат ҷустанд ва суханронӣ карданд.
Т.Норбоева эътибори ҳозиронро ба масъалаи муттаҳид кардан ва дастгирӣ намудани занон-соҳибкорони Осиёи Марказӣ дар рушди тиҷорат, шароитҳое, ки барои бонувон дар Ӯзбекистон фароҳам оварда шудаанд, ҳамчунин муносибатҳои нави шарикӣ бо занон-соҳибкорони кишварҳои ҳамсоя ҷалб намуд.
«Дар Ӯзбекистон ба рағбатноксозӣ ва дастгирии занон-соҳибкорон эътибори махсус дода мешавад. Ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ беш аз 170 ҳазор занон-соҳибкорон фаъолият доранд. Аз ҷониби Бунёди давлатии дастгирии бонувон барои лоиҳаҳои занон-соҳибкорон вомҳои имтиёзнок ҷудо карда мешаванд. Дар тамоми вилоятҳо марказҳое, ки ба таълими амалӣ ва бозомӯзонии соҳибкорӣ, ҳар сол ба кор ҷойгир кардани зиёда аз 30 ҳазор бонувон кӯмак мерасонанд, амал мекунанд» – қайд кард Раиси Сенат Т.Норбоева.
Вохӯрии «B2B»-и занони соҳибкори Осиёи Марказӣ ба иҷлосияҳои мавзӯӣ, аз ҷумла саноат, соҳаи хидматрасонӣ, хоҷагии қишлоқ, санъат ва ҳунармандӣ, ҳамчунин технологияҳои инноватсионӣ ҷудо карда шудааст.
Дар ҷараёни Биржаи кооператсионӣ занон-соҳибкорони Осиёи Марказӣ бо шарикони оянда робитаҳои бевосита муқаррар мекунанд, самтҳои пешомадноки ҳамкории минбаъдаро баррасӣ менамоянд. Ин имконияти бонувонро беш аз пеш вусъат дода, ба идома додани саъю кӯшишҳои муштараке, ки ба дастгирӣ ва рушди робитаҳои соҳибкорӣ ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар шакли минтақавӣ нигаронида шудаанд, мусоидат менамояд.
Бинобар натиҷаи чорабинӣ хулосабарорӣ аз ҳар кадом иҷлосияи мавзӯӣ ва эълон кардани муоҳидаҳое, ки дар байни занон-соҳибкорони Осиёи Марказӣ ба имзо расидаанд, пешбинӣ шудааст.
Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.