ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ ЗИЁД СОҲИБИ ДАСТГОҲ ШУДАНД

Аъзои “Гурӯҳи тамос бо занон”-и назди Иттиҳодияи иҷтимоии Институти демократия ва ҳуқуқи инсон, ки аз тарафи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи превентив маблағгузорӣ шудааст, рӯзи дувуми ташрифро (дар бораи рӯзи якумаш дар шумораи гузашта хабар дода будем) бо роҳандозии суҳбату мулоқотҳо бо мардуми ноҳияи Сӯх идома доданд.

Аъзои “Гурӯҳи тамос бо занон”-и назди Иттиҳодияи иҷтимоии Институти демократия ва ҳуқуқи инсон, ки аз тарафи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи превентив маблағгузорӣ шудааст, рӯзи дувуми ташрифро (дар бораи рӯзи якумаш дар шумораи гузашта хабар дода будем) бо роҳандозии суҳбату мулоқотҳо бо мардуми ноҳияи Сӯх идома доданд.
Як ҷиҳати ба ин ноҳия ташриф овардани гурӯҳ аз он иборат мебошад, ки 27 нафар хатмкунандагони коллеҷи тиббӣ ба корҳои гуногуни тахассусӣ ҷалб карда шуданд. Аз ҷумла, онҳо нигоҳубини пиронсолони танҳо, маъюбон ва беморони вазнинро бар дӯш мегиранд ва аз ин ҳисоб бо маош таъмин карда мешаванд. Афзоиши теъдоди бемороне, ки ба зардпарвин мубтало шудаанд, аз масъалае мебошад, ки аъзои гурӯҳ сарчашмаҳои зуҳури онро таҳқиқ намуданд. Маълум шуд, ки занҳо беэътиборӣ карда, дар оби ҷорӣ либос ва зарф мешӯянд ва баъд ин обро одамон менӯшанд.
Рӯзҳои ташрифи гурӯҳ Садорати тандурустии вилоят 8 нафар мутахассисони тибро барои аз муоина гузаронидани аҳолии ноҳия фиристод. Дар натиҷа 823 нафар аз муоинаи тиббӣ гузаштанд. Дар байни онҳо аксариятро занони ҳомила, кӯдакон ва заноне ташкил медоданд, ки ба бемориҳои гуногун мубтало шудаанд. Маълум шуд, ки 32 нафар дар бемористонҳои маркази вилоят ва 44 нафар дар бемористони маркази ноҳия мавриди муолиҷа қарор мегиранд. Табибон ба бемор 12 намуди доруро ройгон тақсим карда додаанд, ки маблағи умумии он 40 миллиону 490 ҳазор сӯмро ташкил менамояд.
– Ҳадафи асосӣ аз ин ташриф ҳалли масъалаҳо ва муаммоҳо, инчунин ҷалби таваҷҷӯҳи вазорату идораҳои марказӣ ба ноҳия мебошад. Инҳо масъалаҳоеанд, ки мардуми маҳаллиро ба мушкилот рӯ ба рӯ намудаанд ва ҳаллашон ногузир аст. Баъди ташрифи аввал маълум шуд, ки як қатор масъалаҳои дар миён гузошта ҳаллу фасли худро ёфтаанд. Аз ин ҳол хеле хурсанд шудем. Ғайр аз ин, як гурӯҳ сӯхиён аз ҳабс озод гашта, ба назди пайвандони худ баргаштанд. Ин хабар низ барои мо хеле хушҳолкунанда буд,– гуфт директори Институти демократия ва ҳуқуқи инсон Сайёра Хоҷаева.
Убуру мурури марзи миёни ду кишвар барои зуд-зуд иваз намудани шиносномаҳои хориҷии як гурӯҳ сокинони ноҳия сабаб гаштааст. Узви гурӯҳ Лола Саидова дар ин робита изҳори назар кард. Вай, аз ҷумла гуфт, ки масъалаи мазкур бархурди ҷиддӣ тақозо менамояд. Мувофиқи гуфтаҳои доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Лола Саидова дар бархе аз минтақаҳо мардум рӯзмарра марзи якдигарро мегузаранд. Онҳо дар даст китобчаи махсус доранд. Зимни гузаштани марз ба ҷои пахши мӯҳр дар шиносномаи онҳо дар ҳамон китобча аз сарҳад гузаштани онҳоро қайд мекунанд. 
– Агар сокинони ноҳия, ки рӯзмарра марзи Қирғизистонро убур менамоянд, аз ҳамин тарзи кор истифода кунанд, дар фурсати кӯтоҳ пур шудани саҳифаҳои шиносномаи хориҷии онҳо аз байн меравад, – изҳор кард Л. Саидова.
Дар идомаи ташриф аъзои гурӯҳ аз бозори деҳаи Ҳушёр боздид карданд. Дар он шароити зиддисанитарӣ ҳукмрон буд, ба қоидаҳои одии савдо риоя намекарданд, барои фурӯши маводи хӯрокворӣ ҷойҳои махсус фароҳам оварда нашудаанд. Ҳарчанд дар як самти маркази ноҳия тибқи талаби замон бозори наву хушсохт бунёд гардидааст, аммо он дар масофаи дур аз ҷои сукунати аҳолӣ воқеъ гаштааст. Барои он ки мардум худро ба ин бозор расонанд, бояд маблағи иловагӣ  сарф кунанд. Аъзои гурӯҳ ба ҳокимияти ноҳия тавсия доданд, ки дар ҳоли ҳозир дар бозорҳои мавҷуда шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
– Дар ҷамоати шаҳрвандони Ҳушёр шаш нафар зан дар шароити хона ба кори дӯзандагӣ машғул буданд. Онҳо барои харидории мошини нав аз мо кӯмак хостанд. Мо пешниҳод кардем, ки аввал онҳо дар маркази касбомӯзӣ ин ҳунарро ба хубӣ ёд гиранд. Баъд аз ҳисоби Фонди мусоидати шуғли назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ барои хариди мошинҳои дӯзандагӣ ба онҳо кӯмак хоҳем кард, – гуфт муовини вазир Эркин Муҳиддинов.
Дарвоқеъ, дар ҷараёни ин мулоқотҳо мардуми маҳаллӣ дарду ҳоли худро ба забон оварданд. Муҳимтарини масъалаи ҳаллаш ногузир фароҳам овардани ҷойҳои кор барои мардуми ин ноҳияи дурдаст арзёбӣ гардид. Ба гуфтаи иштирокчиёни мулоқот шӯъбаи тандурустии ноҳия тасмим гирифтааст, ки шӯъбаи бемориҳои сироятӣ ба яке аз биноҳои эъморшудаи нави шифохонаи маркази ноҳия мекӯчад. 
– Бо истифода аз ҳузури ҳамаи шумо гуфтаниам, ки агар шӯъбаи бемориҳои сироятӣ ба шифохонаи марказӣ кӯчад, як гурӯҳ занону духтарони мо аз ҷои кор маҳрум мешаванд. Ҳарчанд мегӯянд, ки ходимони ин шӯъба кори худро дар маркази ноҳия рафта давом хоҳанд дод, аммо ин ҷавоб моро қаноат намедиҳад. Зеро, аз як сӯ дар фасли зимистон занону духтарон наметавонанд рӯзмарра ба маркази ноҳия равуо кунанд. Аз сӯи дигар, тибқи расму ойини мардуми мо ба духтароне, ки нав арӯс шудаву машғули кор ҳастанд, иҷоза намедиҳанд, ки дур аз хонаашон рафта кор кунанд, – гуфт мушовири раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Себзор оид ба масъалаҳои занон ва маърифати динӣ Роҳатой Саидова.
– Ин талабро ҳатман ба инобат мегирем, – гуфт сардухтури шифохонаи марказии ноҳия Илҳом Маллаев.
Дар мулоқоте, ки аъзои “Гурӯҳи тамос бо занон” бо сокинони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ҳушёр доштанд, масъалаи “гӯшти уштурхӯрда”-и сохтмони бинои хонаи маданият низ матраҳ гардид. Ба гуфтаи раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ҳушёр Мирзоамин Ифтихонов муроҷиатҳои зиёд дар ин маврид бидуни натиҷа анҷомиданд. Беш аз ду сол мешавад, ки сохтмончиён баъди рехтани пойдевори бинои хонаи маданият ба ин ҷо барнагаштаанд.        
– Ин бинои собиқи универмаги деҳа аст, ки хусусӣ гардонида шудааст. Дар ин бино корхонаи атласу адрас ва қолинбофӣ ташкил карданиам. Аммо ин кор маблағи зиёд тақозо мекунад. Агар барои таъсиси ин корхона кӯмакҳои амалӣ расонед, занону духтарони бекори деҳа ҷои кор пайдо хоҳанд кард, – гуфт соҳибкори маҳаллӣ Фаррух Ашӯров.
– Ин ташаббуси шуморо мо дастгирӣ мекунем. Барои ташкил намудани корхонаи бофандагӣ кӯмаки лозимаро низ мерасонем. Аммо бояд донем, ки барои атласу адрасбофӣ шумо ашёи хомро аз куҷо дастрас менамоед. Инчунин, оё ин ҷо занону духтароне ҳастанд, ки ба ин кор машғул шуда метавонанд ё не,– гуфт Эркин Муҳиддинов.
Дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандони “Гулистон” ду гурӯҳи курсҳои омӯзишии дӯзандагӣ ва пазандагӣ ташкил кардаанд.  Узви гурӯҳ Лола Саидова зимни боздид аз курси дӯзандагӣ аввал дар бораи андозагирӣ, тарзи буридан ва дӯхтани либоси занона суҳбати назариявӣ анҷом дод. Баъд ба занону духтарони курс дарси маҳорати дӯзандагӣ гузашт.  
Ба гуфтаи Лола Саидова касби дӯзандагиро аз момои худ омӯхтааст. Дар пеширӯи иштирокчиёни курси омӯзишӣ на профессори шинохтаи соҳаи ҳуқуқшиносӣ, балки як кадбонуи хона меистод, ки дар дӯзандагӣ низ соҳиби маҳорату малакаи хос мебошад.
– Ин аз беҳтарин дарси маҳорати дӯзандагӣ буд, ки ман назирашро  кам дидаам, – мегӯяд устои гурӯҳ Раъно Маҳмудова. – Бечуну чаро, чунин тарзи андозагирӣ, буридану дӯхтани либос маҳорати хос талаб мекунад.
Дар ин ҷамоати маҳалла имконияти солона ба омӯзиши касбҳои дӯзандагӣ ва пухтупаз фаро хондани 80 нафар занону духтарони маҳаллӣ фароҳам оварда шуд.
Дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Соҳибкор низ дар чаҳор гурӯҳ курси дӯзандагӣ ташкил кардаанд. Устои яке аз ин гурӯҳҳо Иноятхон Соҳибназарова гуфт, ки 15 нафар ҷавондухтарони деҳаҳои Тӯл, Қалъача ва Ғазнов курси дӯзандагиро хатм намуданд. Ҳоло дар ин маркази омӯзиши касбу ҳунар ҳудуди 25 нафар ҷалб гардидаанд, ки муддати се моҳ касб меомӯзанд. Теъдоди онҳо то охири сол 160 нафарро ташкил хоҳад кард.
– Ҳокими ноҳия  ваъда дод, ки гурӯҳи маро низ бо панҷ мошини дӯзандагӣ таъмин мекунад. Мошинҳои дӯзандагие, ки аз он истифода мекунем, аз хонаҳои хешу табор талбида овардаем, – мегӯяд Иноятхон Соҳибназарова.
Ба аъзои “Гурӯҳи тамос бо занон” маълум шуд, ки атраксионҳои маҷмааи фароғатии маркази ноҳия ба далели он ки ба қоидаҳои бехатарӣ ҷавоб дода наметавонанд, дар айни ҳол ғайрифаъол мебошанд. Гуфта шуд, ки бо ҷалби мутахассисон ин атраксионҳо дубора фаъол хоҳанд шуд. Аъзои гурӯҳ бо ҷараёни сохтмони аэродром, бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ низ ошно шуданд. 
Зимни ташрифи аъзои гурӯҳ миёни ҳокимони ноҳияи Сӯх ва ноҳияи Боткенти вилояти Боткенти Қирғизистон роҷеъ ба ҳалли масъалаҳои марзӣ ва аз байн бурдани баъзе муаммоҳо дидору мулоқот ва гуфтушунид ба вуқӯъ пайваст.  

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: