Нодира Холматова дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Оқбилол”-и ноҳияи Фарғона зиндагӣ мекунад.
Нодира Холматова дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Оқбилол”-и ноҳияи Фарғона зиндагӣ мекунад. Хонаводаи вайро чанде муқаддам ба сифати оилаи камбизоат шомили “Дафтари занҳо” карда буданд. Аммо акнун ин оила аз рӯйхат хориҷ шудааст ва Нодира Холматова ба соҳибкорӣ машғул мебошад.
Баъди мулоқот маълум шуд, ки вай ба кумаки молӣ ниёз дорад, то ки машғули ягон кор шавад. Аз бонк барояш 30 миллион сӯм кредити имтиёзнок ҷудо карданд. Ҳоло Нодира Холматова дар корхонаи хурди дӯзандагии худ бо чаҳор нафар занону духтарон машғули фаъолият мебошад. Вай хурсанд аст, ки бо ифтитоҳи ин корхонаи хусусӣ дар пешбурди зиндагӣ ва таъмини маишати оилавии худ ва ҳаммаҳаллаҳояш саҳм мегузорад.
– Ман аз Президент сипосгузорам. Кӣ мегуфт, ки як зани деҳотиву хонашин аз бонк кредит мегирад ва корхонаи хусусии дӯзандагӣ ташкил мекунад? Дар Ӯзбекистони Нав роҳандозии чунин корҳои нав маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбари мамлакат амалӣ мешаванд,– мегӯяд Нодира Холматова.
Дар пайи ӯ сокинони ҳамин ҷамоат Гулноза Файзуллоева, Одинахон Саминова, инчунин сокини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Наврӯз” Марҳабо Мавлонова, ки ҳамаашон ба “Дафтари занҳо” шомил буданд, имрӯз ҳамчун соҳибкорзанҳои ноҳияи Фарғона муаррифӣ мешаванд.
– Вақте ки барои ташкили гармхона замин ҷудо карданд, ҳайрон шудам, ки онро аз ҳисоби кадом маблағ ба кор меандозам. Вале бо кумаки ҳокимияти ноҳия масъала зуд ҳалли худро ёфт. Аз бонк бароям кредити имтиёзнок ҷудо намуданд. Ҳоло бо аҳли оила дар гармхонаамон маҳсулоти кишоварзӣ парвариш мекунем ва ба бозорҳо бароварда мефурӯшем, – изҳор намуд Марҳабо Мавлонова.
– Дар ҳамин ҳол ба кор ҷалб намудани занону духтарон дар ноҳияи мо ба ҳукми анъана даромадааст. Шароит барои ба кор ҷалб намудани онҳо пурра мусоидат менамояд. Аз имкониятҳои мавҷуда боз ҳам бештару самараноктар истифода мебарем. Чунки ин тақозои давру замон аст, ки ба ин васила мардумро ба кор таъмин кунем, онҳо аз зиндагии хубу фаровон баҳраманд шаванд, – мегӯяд ҳокими ноҳияи Фарғона Шӯҳратҷон Мӯъминов.
Вай меафзояд, ки даҳҳо нафар занону духтарон аз “Дафтари занҳо” хориҷ шудаанд ва пайи касбу кореро гирифта, зиндагиашонро ба маҷрои хуб даровардаанд. Ба таъкиди Шӯҳратҷон Мӯъминов баъзе курсҳои кӯтоҳмуддате, ки ташкил кардаанд, мусоидат менамояд, ки занону духтарон бо кумаки мутахассисон маҳорату малака пайдо кунанд ва ба кори нав бо дили гарм машғул шаванд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.