ЗАРДОЛУ ДАР ВОҲАИ СУРХОН ПУХТ

Маълум, ки воҳаи Сурхон минтақаи гармтарини Ӯзбекистони офтобрӯя маҳсуб меёбад.

Маҳз ба ҳамин хотир аз ҳама пеш маҳсулоти сабзавоту полиз, меваҳои яке аз дигаре ширинтари боғу роғҳояш пухта мерасанду ба дасторхони мардум файзу барака мебахшанд. Иқлими мусоид, замини корам ва заҳмати деҳқону боғбонҳои меҳнатқарин ба ин сабаб аст. Шукр, ки новобаста аз хунукиҳои зимистони имсола аксари навъҳои дарахтони меванок ғӯра додаанд.
Чанд сол қабл аз ин аз тарафи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «SPN Humoagro»-и маҳаллаи «Халқобод»-и ноҳияи Тирмиз аз Туркия, Италия ва Юнон 18 навъ ниҳоли зардолу оварда, ба 58 гектар замин шинонид, ҳоло онҳо ба ҳосил даромадаанду инак навъҳои пешпазаки он пухта расидааст. Дар ин боғи бузурги бунёдгардида ҳар рӯз зиёда аз 10 тонна зардолу ҷамъоварӣ гардида, ба Русия экспорт карда мешавад ва аз рӯи талаботи мардум ба бозорҳои дохилӣ низ барои истеъмол мебароранд. Аз тарафи «SPN Humoagro» ба нақша гирифта шудааст, ки имсол 300 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ гардида, ба миқдори 300-350 ҳазор доллар ба кишварҳои хориҷӣ содир шавад. Дар ин фирмаи аграрӣ 30-то ҷойи кори доимӣ ва 300-то ҷойи кори мавсимӣ ташкил карда шудааст. Инчунин, ба 30 гектар замин навъҳои гуногуни ниҳоли шафтолу шинонида шудаасту аз рӯи гуфтаи мутахассисон соли оянда ба ҳосил медарояд.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: