ЗАРДОЛУҲОИ ПАДАРАМ

Бо омадани фасли баҳор, ки онро арӯси сол низ гӯянд, эҳсосу андешаҳои ғунудаи инсон бедор мешавад.

Бо омадани фасли баҳор, ки онро арӯси сол низ гӯянд, эҳсосу андешаҳои ғунудаи инсон бедор мешавад. Гӯиё ин фасли масеҳонафас дар вуҷуду тамоми мавҷудоти зинда рӯҳи тоза медамад. Дар тасвири манзараҳои ин фасли зебо, ки маҳсули тахайюли наққоши азал аст, бузургтарин наққошони дунё Монӣ, Камолиддини Беҳзод, Рафаэлло... оҷиз мондаанд. 
Бузургтарин шоирони дунё низ натавонистаанд бо сухан манзараҳои ҳайратангези ин фаслро комилан ба қалами тасвир кашанд. Дар бардоштани бори зебоиву нафосати баҳор зонуи наққошону шоирон ҳамеша хам хӯрдааст, яъне аҷзу нотавонии худро эҳсос кардаанд. Биноан, шоирону наққошоне, ки кори шеъру наққоширо ҷиддӣ қабул кардаанд, аз офаридаҳои худ ҳеч қаноатмандӣ ҳосил накардаанд... Ин ҷо сухан аз нақшу наққош ва шеъру шоирӣ нест, аз як ҳодисаи табииест, ки ба фасли баҳор иртибот дорад. 
Чанде қабл як шиносамро дидам, ки бо худ аз бозор чанд бех ниҳоли зардолую хурмо ва бодом меовард. Ниҳолҳоро дида дилам ба ӯ гармтар шуд. Зеро нияти нек дошт: мехост барои худу фарзандон, пайвандон, дӯстон, ҳамсоягон ва ҳамватанон дар қитъаи замини назди ҳавлиаш ниҳол шинонад. Фардо аз ниҳолҳои боровардаи ӯ хешу бегона баҳраманд мегардад, агар меваҳоро ба бозор барорад, коми дигарон низ ширин мешавад.
Ниҳолҳои дасти шиносам сухани ҳикматомези падарамро ба ёд овард. 
Охири моҳи феврали як соли овони наврасии инҷониб буд. Падар савори асп аз хонаи як дӯсти боғбонаш чанд ниҳоли зардолу оварду дархост намуд, ки дар лаби ҷӯйи самти кӯча амонат гузорам. Ва аспашро дар ҷойи муқаррарӣ — танаи сафедори бузурги назди оғил баста, сари ниҳолҳо омад. Бо хоҳиши ӯ аз ҷуйи калони гузар об овардам. Дар лаби ҷӯй бо бел ҳафт чуқурӣ канд, ки аз якдигар ба андозаи 2 метр фосила доштанд. Ба бехи ниҳолҳо об рехта, ниҳолҳоро шинондем. Онҳо баъди се сол мева доданд, ки хеле ширадор буд. Падарам гуфт, ки зардолуҳо аз навъҳои қандаку маҳтобӣ будаанд. Соли чорум андозашон хеле хуб шуд, мисле ки ба ришта шадда кашида бошанд, шохҳои дарахтон пури зардолу буданд. Шикамсерӣ мехӯрдем, модарам зиёдатиашро дар руйи бом ғӯлинг мекард. Бино ба хоҳиши падарам аз ҳосили аввал ба ҳамсояҳо бахш додем, вақте меҳмонон меомаданд, рӯйи дасторхони моро, дар қатори дигар меваҳо, зардолуҳои қандаку маҳтобӣ низ оро медоданд. Воқеан, зардолуҳои маҳтобӣ моҳи пурраи кӯчакро пеши назар меоварданд. Шояд, ба ин сабаб, ин навъи зардолу номи маҳтобиро гирифта бошад.
Он солҳо мо одати мевахарӣ доштему мева намефурӯхтем. Боре падарам дар яке аз рӯзҳои якшанбе хоҳиш кард, ки барои фурӯхтан ба бозор зардолу барам. Нардбонро ба танаи дарахтон гузошта, бо аҳли оила панҷ сатил зардолу чидем...
Дар бозор аз паҳлӯи мӯйсафеде ҷо гирифтам. Мӯйсафед дид, ки навраси бозорнадида ҳастам, дар фурӯхтани зардолуҳо ба ман кӯмак кард. Гуфт, ки зардолуҳоят бозоргиранд, аз як сӯмӣ кам нафурӯш. Он солҳо ба ивази як рубл метавонистед 100 дона гӯгирд, як кило қанд, 5 дона собуни ҷомашӯйӣ, 10 дона кулчақанд... харед. Роҳкирои автобусҳо низ арзон, аз 5 то 10 тин буд...
Як сатил зардолуро, бино ба нархи муайяннамудаи мӯйсафед, фурӯхтам. Дилам танг мешуд, ки суст ба фурӯш мераванд. Баъди чанде як зани мӯяш хурмоиранг, ки ба русҳо шабоҳат дошт, сари сатили зардулоҳо қарор гирифт ва бо ӯзбекии шикаста суол кард:
— Мағзи зардолуят ширин?
Ба ҷойи ман муйсафед посух дод:
— Бале, мағзи зардолу ширин, хӯрда бин.
Зан бо санги тарозу чанд донакро шикаста, тамъашонро чашиду такрор суол кард:
— Килои зардолуят чанд пул?
Забони ӯзбекиро, ки хуб намедонистам, ангушти ишоратиамро нишон додам. Муйсафед изҳор дошт:
— Девочкахон, килограмм —1 рубл. 
Зан ба ман рӯ оварда гуфт:
— Хамаси оламан, тушасан?
Ман ба мӯйсафед нигаристам. Ӯ ба ҷойи ман ҷавоб дод?
— Почум вазмӯш?
— По 80 копеек (80 тинӣ)
Хулоса, баъди кашокаш, мӯйсафед ҳар килои зардолуҳоро 90 тинӣ фурӯхт.
Нафаси сабук кашидам. Бо мӯйсафед пули зардолуро ҳисоб кардем — 36 сӯму 50 тин. Як сӯмашро ба мӯйсафед дароз кардам. Нагирифт, гуфт: 
— Худ ҳамин даст дароз кардани ту қимати баланд дорад...
Вақте пулро ба дасти падарам додам, ӯ аз хурсанди ба тахтапуштам зада гуфт:
— Шери додош, бароям хеле кӯмак кардӣ. Нафақаи ӯ — иштирокчии ҷанг, ки аз як пояш ҷудо шуда ба ақибгоҳ баргашта буд, дар як моҳ ҳамагӣ 33 сӯму 90 тинро ташкил медод...
Он солҳо мардум боғу ҳавлии худро бо деворҳои баланд иҳота намекарданд. Тавораҳои чӯбин вазифаи деворро адо мекарданд. Фасли зардолупазӣ вақте мактабиён аз кӯчаи мо мегузаштанд, ба мақсади зардолухӯрӣ ба дарахтон санг меандохтанд, ё шохашонро мешикастанд.
Боре ба танг омада гуфтам:
— Падар, ҳамин зардолуҳоро беҳуда дар қади роҳ шинондем. Бачаҳо санг мезананд. Дирӯз санги кадомаш оинаи панҷараро шикаст. Имрӯз як шохи калони зардолуи маҳтобиро шикастаанд. Падарам лабханде заду гуфт:
— Бачам, одамон ба дарахти мевадор санг мезананд. Бубин, ба дарахти беду сафедорамон касе нигоҳ намекунад. Меваи дарахт аз дасти бача мемонад, вале аз дасти офату бало намемонад. Ман ниҳолҳои зардолуро дидаву дониста дар қади роҳ шинондам. Бобоят мегуфт: «Аз меваи дарахти шинондаат, дигарон ҳар қадар бештар баҳраманд шаванд, ҳосилаш ба он андоза зиёд мешавад»...        
Имсол баҳор барвақт омад. Дарахтони бодому зардолу дар нимаи дуюми моҳи феврал гул карданд. Садои мурғони баҳорӣ низ хеле барвақ паси гӯшҳо садо дод. Вале...
Вале охирҳои моҳ ҳаво якбора сард шуду ғайричашмдошт барфи калон борид. Гулҳои зардолу бар асари сардии ҳаво «сӯхтанд», ба қавле онҳоро сармо зад. Ба фикрам, ба сари гулҳои бодомҳо низ ин бало омад. Сухани ҳикматомези падарам ба ёд расид: «Меваи дарахт аз дасти бача мемонад, вале аз дасти балою офат намемонад».
Аз дами гарму нарми фасли рӯиш — баҳор баргҳои дарахтон аз ҳабси шох озод мешаванд, муғҷаҳо дар сар хаёли шукуфтан доранд, аз дуру наздик садои мурғони баҳорӣ ба гӯш мерасад, табиат дар дастгоҳи худ, чун ҳамеша барои пазироии Наврӯзи оламафрӯз, ба дӯхтани пойандози сабз шурӯъ кардааст. Баҳор меояду меравад. Соли дигар боз бо пазмонии зиёд ӯро интизор мешавем. Муҳимаш, нафаси гарм ва зебоиҳои он дар ҳама фасли сол моро тарк нагӯяд, аз дасти бало гулу муғҷаҳои дарахтон ва шукуфаҳои рӯҳу равони мо газанд набинад.

А. ВАРОРӮДӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: