ЗАРРАБАРФИ СЕҲРНОК

Серёжа боре, пеш аз вуруди Соли нав, тасмим гирифт, ки ба Бобои Барфӣ нома навишта, аз ӯ хоҳиш мекунад, ки барояш туҳфае бифиристад.

Бачаяк номаро навишту дар худ андешид: «Мефиристодагист». Баъди ду ҳафта номаи ҷавобӣ омад. Бобои Барфӣ дар нома Серёжа, дӯстони ӯ ва падару модарашро бо фарорасии Соли нав шодбош мегуфт. Вале ҷойи туҳфа андаруни лифофа суроби заррабарфе буд, ки аз зарҳали симин гулбурӣ карда буданд. Дар нома гуфта мешуд, ки заррабарф зарраи барфи одӣ нест, дар фурсати муносиб метавонад ба туҳфа табдил ёбад. Барои он ки заррабарф ба туҳфаи гаронбаҳо табдил ёбад, онро шаби Соли нав бояд дар зери арча гузошт ва садо баланд кард: «Заррабарф, хоҳиш мекунам, туҳфаи солинавиатро аз ман дареғ мадор!»
Серёжа дар номааш ёдрас карда буд, ки Бобои Барфӣ барояш дастгоҳи аккосӣ туҳфа намояд. Вале писарак бовар надошт, ки заррабарфи симине хоҳиши ӯро пиёда месозад. Вай дар ин хусус ба модараш гуфт. Модар ба боварии ӯ афзуд:
— Заррабарф, ҳатман, хоҳишатро иҷро мекунад. Ҳама ақида доранд, ки дар шаби Соли нав муъҷиза рӯй медиҳад. Чӣ хубӣ дошт, ки Бобои Барфӣ ба Катяҷони хурдсол низ туҳфа медод.
Дуруст мегӯяд модар, — Серёжа дар худ андешид, — ман хоҳараки дусолаамро батамом фаромӯш кардаам. Охир ӯ ҳам аз туҳфа хурсанд мешавад. Агар Бобои Барфӣ ба ман туҳфа диҳаду ба ӯ надиҳад, меранҷад.
Серёжа дар ин хусус бисёр андешид, ниҳоят тасмим гирифт, аз заррабарф хоҳиш мекунад, ки на ба ӯ, балки ба хоҳаракаш туҳфа диҳад.
Дар шаби Соли нав ӯ ба зери арча заррабарфи симинро гузошту гуфт:
— Заррабарфи сеҳрнок! Хоҳиш мекунам на ба ман, балки ба хоҳаракам туҳфае бидеҳ!
Модар ин суханонро шуниду гуфт:
— Офарин, Серёжаҷон! Катюша хурдсолтарини оилаи мост. Бигузор, туҳфа насиби ӯ гардад!
Субҳ Серёжа ба зери арча нигаристу бовараш наомад. Дар пойи арча барои ӯву хоҳараш ду туҳфа худнамоӣ мекард: яке харгӯшаки сафеди фаххак буду дигаре дастгоҳи аккосӣ. Заррабарфи симин ғайб назада буд. Вай бо дурахшаш ба ҳусни яке аз шохаҳои сабзи арча меафзуд.

Аз забони рӯсӣ тарҷумаи  
А. ҲУСЕЙНЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: