ЗАРУРАТИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЛИНГВИСТИИ АСНОДИ ҚОНУНГУЗОРӢ

Дар мамлакатамон ба таҳким бахшидани сохтори ҳуқуқӣ, вусъат додани меъёрсозӣ, ташаккул додани пойгоҳи қонунгузории муназзаме, ки ҷавобгӯйи қонуниятҳои иқтисоди бозорӣ мебошад, ҳамчунин, аз нигоҳи ҳуқуқӣ асоснок кардани ислоҳоти татбиқшаванда эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Дар мамлакатамон ба таҳким бахшидани сохтори ҳуқуқӣ, вусъат додани меъёрсозӣ, ташаккул додани пойгоҳи қонунгузории муназзаме, ки ҷавобгӯйи қонуниятҳои иқтисоди бозорӣ мебошад, ҳамчунин, аз нигоҳи ҳуқуқӣ асоснок кардани ислоҳоти татбиқшаванда эътибори ҷиддӣ дода мешавад.
Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки натиҷабахшии амалкарди ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ ва баҳодиҳӣ ба онҳо, бахусус, механизми замонавии аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузарондани лоиҳаҳои асноди меъёрию ҳуқуқӣ пурра роҳандозӣ нашудааст.
Аз он ки қонунсозӣ ҷараёни мураккабу серпаҳлӯ ва пурмасъулият аст, талаб карда мешавад, ки дар он бояд ба тартиби муайяну қатъӣ, қонунгузорӣ ва талабҳои техникаи ҳуқуқӣ пайгирона риоя карда шавад. 
Агар техникаи қонунгузорӣ ба мақомоти қонунгузор имкони ифода кардани иродаи худро (одилона, қатъӣ, мантиқан дақиқ) диҳад, экспертизаи лингвистӣ ба афзудани таъсирнокии меъёрҳои асноди қонунгузорӣ хидмат хоҳад кард.
Дар аҳди худ маорифпарвар ва файласуфи франсуз Ш.Д.Монтеске ба таърифи чанд қоидае, ки бояд қонунгузор риоя намояд, пардохта буд, ки инҳоянд: бояд мафҳумҳо равшану дақиқ бошанд, то имконияти ҳар хел талқин кардани онҳо ба вуҷуд наояд; бояд усули қонун дақиқу сода, бепероиш бошад; бояд дар қонунҳо масъалаҳои муҳиму воқеӣ ҳаллу фасли худро пайдо кунанд, аз номафҳумӣ ва рамзомезӣ дар қонунҳо бояд парҳез кард; одамони қаторӣ бояд моҳияту муҳтавои қонунҳоро идрок намоянд; қонунҳоро набояд ба иловаю истисноҳо пур кард; қонунҳо, дар баробари асосе доштан, бояд ҳамаҷониба ва пухта кор карда шаванд, то дар татбиқи онҳо ишколе пайдо нашавад.
Афзун гардондани таъсирнокии мазмуни асноди қонунгузорӣ, таъмини нирӯи ҳуқуқии байни қонун ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқӣ, ба тартиб андохтани муносибатҳои иҷтимоӣ, риоя ба тамоюлҳои  фавқуззикр ва такмил додани кори меъёрсозиро тақозо менамояд.
Биноан ба мақсади рушди кори меъёрсозӣ, беш аз пеш пурзӯр намудани таъсири асноди меъёрию ҳуқуқӣ, дастгирии ташаббусҳо дар фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идора, ҳамчунин, таҳким бахшидани сохтори ҳуқуқӣ, 8 августи соли 2018 Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи тасдиқ намудани  консепсияи такмил додани фаъолияти меъёрсозӣ» ба тасвиб расид. Тибқи фармон самтҳои такмил додани асосҳои институтсионалии фаъолияти меъёрсозӣ муайян карда шуданд.
Бино ба моддаи 21-уми қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи асноди меъёрию ҳуқуқӣ» бояд лоиҳаҳои асноди меъёрию ҳуқуқӣ ҳатман аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронда шавад. Тибқи он лоиҳаи асноди меъёрию ҳуқуқӣ бояд бино ба қарори ҷонибе, ки онро омода кардааст ё мақомоте, ки асноди меъёрию ҳуқуқиро қабул кардааст, аз экспертизаи иқтисодӣ, молиявӣ, илмӣ, экологӣ, мубориза алайҳи коррупсия ва дигар намудҳои экспертиза гузаронда шавад.
Дар ин маврид ба сифати эксперт созмон ва ё шахсҳое ҷалб карда мешаванд, ки дар кори омода кардани лоиҳаи асноди меъёрию ҳуқуқӣ бевосита иштирок накардаанд. Дар кори экспертиза олимону мутахассисони ватанӣ, ҳамчунин, олимону мутахассисони давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналхалқӣ метавонанд иштирок намоянд. Экспертҳо дар баҳо додан ба лоиҳаи асноди меъёрию ҳуқуқӣ озоданд ва метавонанд бо нуқтаи назари мақомоте, ки онҳоро ба экспертиза ҷалб намудааст, ҳамоҳанг набошанд.
Экспертҳо метавонанд хулосаҳояшонро бино ба лоиҳаҳои асноди меъёрию ҳуқуқӣ ба тариқи тавсия пешниҳод намоянд ва ин тавсияҳо бояд аз ҷониби шахси омодакарда ё мақомоте, ки асноди меъёрию ҳуқуқиро мепазирад, таҷдиди назар карда шавад. Бандҳои аз эътибор соқитгардида шарҳ дода мешаванд.
Гузарондани экспертизаи лингвистӣ бино ба лоиҳаҳои асноди меъёрию ҳуқуқӣ, дар баробари такмил додани низоми қонунгузорӣ, ба сифату самаранокии он меафзояд. Ноил гардидан ба «бурроии забон»-и қонун ҷараёнест вобаста ба сифат ва механизми таҳлили экспертӣ.
Аз экспертизаи лингвистӣ гузарондани лоиҳаи қонун имкон медиҳад, ки баъзе хатоҳои услубӣ, лексикӣ, мантиқӣ ва грамматикӣ ислоҳ карда шаванд.
Агар бо як сухан ифода намоем, экспертизаи ҳуқуқию лингвистии лоиҳаҳои қонун, дар баробари ба сифати он афзудан, ба ҳаллу фасли баъзе мушкилот мусоидат менамояд.
Экспертизаи лингвистӣ бино ба лоиҳаҳои асноди қонун зарурати ташкил додани мақомоти ваколатдорро ба миён меоварад. Зеро ин навъи экспертиза танҳо дар сурати аз ҷониби шахсҳое, ки таҷрибаи кофӣ доранд, мутахассис ва матншиносу адабиётшиносанд, гузаронда шавад, натиҷаи матлуб мебахшад. Ин соҳа ба меҳнати нафарони забондон, филолог ва матншинос такя дорад. Дар самти сеюми фармони Президент «Дар бораи тасдиқ намудани консепсияи такмил додани  фаъолияти меъёрсозӣ» вазифаи муайян намудани мақомоте пешбинӣ шудааст, ки бояд ба якдигар мутобиқат кардани матни лоиҳаҳои асноди маъёриву ҳуқуқии ба чанд забон омодагардидаро таҷдиди назар намояд.
Пас, ташкили мақомоте, ки намояндагони ҷомеаи васеъ ва олиму мутахассисонро муттаҳид карда бошад, аз вазифаҳои муҳими рӯз аст. Тавсеа бахшидани доираи амалкарди забони давлатӣ, ворид намудани вожаҳои муассир ба қонунгузорӣ, солимгардонии забон, аз матнҳои асноди қонунгузорӣ берун кардани вожаҳои таъсирашон манфӣ, омода кардани луғати имлои қонунгузорӣ аз корҳои муҳимест, ки бояд анҷом дода шаванд.

Гулнора ХУДОЙБЕРДИЕВА,
дотсенти шуъбаи ихтисосонидашудаи 
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: