ЗАРУРАТИ РУШДИ ҲУНАРИ ЗАРГАРӢ

Ҳокими вилояти Қашқадарё Муродҷон Азимов дар ҷамъи устоҳои заргар изҳор дошт, ки ҳукумати кишвар ба ривоҷи ҳунари заргарӣ эътибори ҷиддӣ медиҳад.

– Бояд мо мактабҳои омӯзиши ҳунари заргариро ташкил намудаву ба ривоҷи ин соҳа такони тозае бахшем. Ин нишондоди Президент буда, вобаста ба талаботи рӯзафзуни мардум ба маҳсулоти заргарӣ ба миён омадааст, – гуфт ӯ. 
Зиёдтар аз бист нафар заргарҳои номии вилояти Қашқадарё бо ташаббуси ҳокимияти вилоят даври як миз ҷамъ омадаву аз дурнамои ин ҳунари бостонӣ сухан ба миён гузоштанд. Гуфта шуд, ки заргарӣ яке аз ҳунарҳои дӯстдоштаи мардуми Машриқзамин аст, ки аз аҳди бостон ба ин сӯ таваҷҷӯҳи хосу омро ба худ мекашад. Ҳокими вилоят дар такя ба асноди таърихӣ гуфт, ки ҳунари заргарӣ дар байни мардуми қаламрав аз қадимулайём нуфузи зиёд дошта, вобаста ба шароити ҳар давру замон ривоҷ ёфтааст. Шаҳри Кешу Насаф дар қадим устоҳои нодиркоре доштаанд, ки маҳсули дастони онҳо на танҳо талаботи мардуми маҳаллӣ, балки ба хориҷ аз қаламрав содир гаштаву ниёзи хоҳишмандони дигарро низ бароварда месохтааст. Ҷуғрофиёи ҷойгиршавии ин шаҳрҳо ба тараққии ҳунарҳои мардумӣ мусоидат мекард. Дар ҳамсоягии Самарқанд – шаҳри ҳунармандони номӣ воқеъ будани Кешу Насаф, ки имрӯз Шаҳрисабзу Қаршӣ ном доранд, яке аз омилҳои рушди ҳунармандӣ, аз ҷумла ҳунари заргарӣ будааст.
Имрӯз ҳам дар шаҳри Қаршӣ ва навоҳии атрофи он заргарӣ дар ҳоли рушд буда, то буди имкон талаботи рӯзафзуни мардумро ба маҳсулоти заргарӣ қонеъ мегардонад. Аммо ҳукумат чашмдор аст, ки ҳунари заргарӣ беш аз пеш ривоҷ ёфта, ба манбаи даромади оилаҳои зиёдтар мубаддал гардад. Гуфта шуд, ки дар ин авохир Қашқадарё ба ривоҷи соҳаи саёҳат ва ҷаҳонгардӣ эътибори ҷиддӣ медиҳад. Шаҳрчаҳои туристӣ бунёд хоҳанд ёфт. Ин омил боиси афзудани шумори сайёҳони хориҷӣ хоҳад шуд. Агар маҳсули дастони ҳунармандони таҳҷоӣ ба фурӯш гузошта шаванд, даромади хубе метавон гирифт. Боз сайёҳон барои ёдмон гуна-гуна намунаи маҳсулоти ҳунарҳои мардумиро бо худ хоҳанд бурд ва ин ба муаррифии ватанамон дар хориҷ мусоидат мекунад. 
Муродҷон Азимов таъкид кард, ки заргарҳои вилоят бояд таҳти як иттиҳодия сарҷамъ оянд. Дар якҷоягӣ метавон корҳои бузургеро ба анҷом расонид. Ҳукумат  низ хушбин аст, ки ба фаъолияти соҳибкорони заргар аз наздик кумак расонад. Ҳар як заргаре, ки шомили Иттиҳодияи заргарони вилоят мешавад, бо субсидҳои махсус таъмин хоҳанд шуд, ки мӯҳлати адояш 7 солро дар бар мегирад. Се соли аввали кумаки молиявии мазкур бефоиз аст. Ҳокимияти вилоят омода аст, ки заргарони маҳаллиро барои омӯзиши таҷрибаи ҳамтоёни хориҷиашон ба давлатҳои дигар фиристад. Барои ривоҷ додани соҳаи заргарӣ дар вилоят ҷалби сармояи хориҷӣ яке аз роҳҳои хуби ба роҳ мондани омӯзишу парвариши ҳунармандони ҷавон мебошад. Заргарони вилоят мехоҳанд, ки мактаби худро кушодаву ба рушди ин соҳа мусоидат намоянд. 
Ҳокими вилоят фаъолияти як тан аз заргарони ҷавон – Рухшонабону Шавкатоваро ном гирифт, ки дар соҳаи заргарӣ ҳафт сол боз заҳмат мекашад. Вай соҳиби коллексияи ғании шахсӣ  буда, дар чандин сабқати ҳунармандон ва намоиши маҳсули ҳунармандӣ ширкат варзидаву ҷойҳои намоёнро ишғол кардааст. Бо ин амалаш вилояти Қашқадарёро дар миқёси ҷумҳурӣ муаррифӣ сохтааст. Рухшонабону ҳоло 17 шогирд  дорад, ки нозукиҳои ин касбро меомӯзанд.
Муродҷон Азимов заргарони соҳибкори вилоятро даъват кард, ки ҳар кадом мактаби худро кушодаву ҳунари заргариро ба ҷавонон биомӯзанд. 
– Ҳукумат ҳамеша омода аст, ки ба заргарони соҳибкор аз ҳар ҷониб кумак намояд, то ин ҳунари сердаромад рушд намудаву ба некуаҳволии мардум мусоидат созад, – гуфт ҳокими вилоят.  

Шариф ХАЛИЛ, 
мухбири “Овози тоҷик”
 дар вилояти Қашқадарё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: