ЗАРУРИЯТИ НАЗОРАТИ ЭКОЛОГӢ БА ПАРТОВИ МАИШӢ

Баланд бардоштани маданияти экологӣ имрӯзҳо яке аз масъалаҳои умда ба шумор меравад.

Маданияти экологӣ ин риояи қонунияти табиат, ба он зарар нарасондан ва ҳамзамон ҳисса гузоштан ба ҳифзи табиат мебошад. Дар натиҷаи ба неъматҳои ноёби табиат бераҳмона муносибат кардан ва аз боигариҳои табиӣ сарфакоронаву оқилона истифода набурдани одамон дар ин ҷабҳа муаммоҳои экологӣ ба миён омадааст. Бинобар ин, аз ҳар яки мо талаб карда мешавад, ки ҳавои софу мусаффо, оби тоза, замину осмонро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем.
Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ташаббуси Кумитаи давлатии ҳифзи муҳит ва экологияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Садорати ҳифзи муҳити пойтахт доир ба мавзӯи «Баланд бардоштани маданияти экологии аҳолӣ» нишасти  матбуотӣ баргузор шуд.
Раиси Иттиҳоди эҷодии журналистон Олимҷон Ӯсаров таъкид намуд,  ки таъмини бехатарии экологӣ, ҳифзи муҳити атроф аз маъсалаҳои муҳим ба шумор меравад. Ҳар як нафар барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳит ва экология бояд саҳми худро гузорад. Ҳаёти имрӯза тақозо менамояд, ки инсон на танҳо дар хонаву ҷойи зист, балки дар ҳар гӯшаву канори Замин ба қоидаҳои экологӣ риоя намуда, об, ҳаво, хок, ҷангалу бешаро бояд тоза нигоҳ дорад. 
Роҳбари Садорати экология ва ҳифзи муҳити пойтахт Фарҳод Деҳқонов дар баромади худ  нақши ҷавононро  дар бартараф сохтани муаммоҳои экологӣ хотиррасон кард. Бо зиёдшавии аҳолӣ дараҷаи истеъмол низ зиёд мегардад. Аз ин боис, ба ҷойи махсус партофтани партов ва аз технологияи замонавии азнавкоркарди партови маишӣ дуруст истифодабарӣ талаб карда мешавад. Дар мамлакати мо барои таъмини бехатарии экологӣ, ҳифзи муҳити атроф, баланд бардоштани маданияти экологии аҳолӣ, аз захираҳои табиӣ оқилона истифода бурдани онҳо корҳои назаррасро ба роҳ мегузорад, ки ин ба саломатии инсон ва безараргардонии ҳаёти ҷонварон аҳамияти калон дорад.
Дар нишасти матбуотӣ роҳбари кумита Умарҷон Абдуллоев таъкид намуд, ки дар соҳаи  азнавкоркарди партови маишӣ дар вилоятҳои ҷумҳурӣ кластерҳои саракунӣ ва азнавкоркарди партови маишӣ созмон дода шудааст. Чорабиниҳои назоратии экологӣ яке аз омилҳоест, ки барои барқарор кардани муҳити тозаи экологӣ, истифодаи оқилона аз захираҳои табиӣ мусоидат мекунад. Оиди самти асосии устувори фаъолияти кумита – ташкил кардани низоми идоракунии маҷмӯии партови  маишӣ, дар корхона вобаста ба партов такмил додани идоракунии давлатӣ ва назорати экологӣ эътибори алоҳида дода шуд. Афсӯс, ки айни ҳол бисёр моддаҳои ифлоскунандаи ҳаво ба назар мерасанд, ки ҳам барои саломатии одамон, ҳам барои олами ҳайвонот ва растанӣ таъсири манфӣ расонда, боиси вайрон шудани мувозинати экологӣ мегарданд.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: