Дар маросиме, ки ба ин муносибат баргузор гардид, Президент Шавкат Мирзиёев ширкат варзид ва суханронӣ кард.
Дар маросиме, ки ба ин муносибат баргузор гардид, Президент Шавкат Мирзиёев ширкат варзид ва суханронӣ кард.
Сарвари давлат ифтитоҳи ин маҷмӯъро, ки барои иқтисодиёти кишвар аҳамияти муҳим дорад, рӯйдоди таърихӣ номид.
Сохтмони корхона моҳи феврали соли 2017 оғоз ёфта буд. Моҳи августи соли 2018 Президент бо рафти кор дар иншоот шинос шуд. Бо вуҷуди мушкилоти гуногун, аз ҷумла мушкилоти марбут ба пандемияи коронавирус, сохтмони ин корхонаи азим ба шарофати дониш ва меҳнати собитқадамонаи ҳазорон нафар одамони фидокор бомуваффақият ба анҷом расид.
Шавкат Мирзиёев ба лоҳикашон ва бинокорон, шарикони хориҷие, ки дар сохтмони корхона саҳм гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ кард.
-- Мо ба ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ, созмон додани саноати замонавӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ, тавсеаи равобити шарикӣ бо дигар давлатҳо ва ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ диққати махсус медиҳем. Ба истифода додани заводи металлургии Тошканд, ки аз ҳар ҷиҳат беназир аст, тасдиқи равшани самаранокии кӯшишҳои мо дар ин самт мебошад, -- гуфт Президент.
Сарвари давлат дар бораи самараи иқтисодии маҷмӯи нав истода гузашт. Сатҳи пасти рушди металлургияи сиёҳ дар мамлакати мо фаъолияти корхонаҳои саноатии ватаниро мушкилтар кард. Заводи металлургии Тошканд ҳамасола 500 000 тонна листҳои металлии бо руҳ ва полимер пӯшондашуда истеҳсол мекунад. Ин имкон медиҳад, ки эҳтиёҷоти садҳо корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва конструксияҳои металлӣ, техникаҳои маишӣ, маҳсулоти электротехникӣ ва хӯрокворӣ таъмин карда шавад. Қаблан ин эҳтиёҷот асосан тавассути воридот таъмин карда мешуд.
Дар оянда маҳсулоти завод ниёзҳои соҳаи автомобилсозии ватанӣ, мошинсозии кишоварзиро низ қонеъ хоҳад кард.
Дар марҳилаи аввали фаъолияти корхона аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот тақрибан 400 миллион доллар сарфа карда хоҳад шуд. Сатҳи маҳаллисозӣ ба таври назаррас баланд мешавад.
Масалан, ҳиссаи маҳсулоти аввалияе, ки дар Ӯзбекистон истеҳсол мешаванд, дар арзиш аслии панелҳои сендвич ва масолеҳи бомпӯшӣ аз 50 то 90 фоиз афзоиш хоҳад ёфт. Инчунин, ин нишондиҳанда оид ба системаҳои вентилятсия ва сардкунии ҳаво аз 30 то 50 фоиз, асбобҳои барқии рӯзгор аз 35 то 50 фоиз зиёд мешаванд. Дар натиҷа, маҳсулоти ниҳоӣ арзонтар хоҳад шуд. Ғайр аз он, корхона соле содиротро ба 90 миллион доллар таъмин мекунад.
Дар маҷмӯъ қариби 700 нафар кор хоҳанд кард. Умуман, бо соҳаҳои муҷовир созмон додани 5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба назар гирифта шудааст.
Дар ояндаи наздик корхонаи нав бо комбинати металлургии Бекобод, ки дар он ҳоли ҳозир лоиҳаи арзишаш 800 миллион доллар оид ба бунёди маҷмӯи рехтагарию прокатӣ бо иқтидори истеҳсолии 1 миллион тонна татбиқ мегардад, ҳамкории зич ба роҳ мемонад. Маҳсулоти комбинат ҳамчун ашёи хоми заводи металлургии Тошканд хидмат хоҳад кард. Ин имкон медиҳад, ки сатҳи маҳалгардонии листҳои бо руҳ ва полимер рӯйпӯшшуда ба 90 фоиз расонида шавад.
-- Мақсади асосии кӯшишҳои мо дар солҳои наздик ташкили кластер бо силсилаи пурраи истеҳсоли маҳсулоти металлии тайёр "аз сифр" мебошад, -- қайд кард Шавкат Мирзиёев дар нутқи худ.
Сарвари давлат таваҷҷӯҳро ба он ҷалб кард, ки завод дар ноҳияи навбунёди Янгиҳаёти шаҳри Тошканд ба кор шурӯъ мекунад. Вай қайд кард, ки дар корхона насли нави муҳандисон, лоиҳакашон, металлургҳо ва мутахассисони дигар ташаккул меёбанд, ки ин дар навбати худ барои бунёди корхонаҳои замонавӣ дар оянда ҳамчун заминаи устувор хидмат хоҳад кард.
-- Агар дар хотир дошта бошед, мо дар назди худ мақсад гузошта будем, ки аз пандемияи коронавирус боз ҳам қавитар мебароем. Имрӯз, вақте ки ин соли душвор ба поён мерасад, мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки кӯшишҳои мо натиҷаҳои мусбат дода истодаанд. Охир, худи шумо мебинед, ки дар ҷаҳон ва Ӯзбекистон чӣ рух медиҳад. Худо хоҳад, дар охири моҳи равон мо хати метрои Сергелиро мекушоем. Бигзор чунин рӯзҳои дурахшон бештар бошанд, -- таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Денис Мантуров дар маросим суханронӣ намуда, ба роҳбари давлати мо барои рушди ҳамкориҳои байни кишварҳоямон, барои дастгирии лоиҳаҳои калон изҳори миннатдорӣ кард.
Қайд карда шуд, ки намоишгоҳи байналмилалии сармоягузорӣ ва саноатии «Иннопром», ки моҳи апрели соли оянда дар Тошканд ба нақша гирифта шудааст, ба коркарди лоиҳаҳои нави умедбахш хидмат хоҳад кард.
Дар маросим, инчунин раиси Шӯрои директорони ширкати русиягии "Метпром" Станислав Лазуткин, директори генералии ширкати итолиёвии "Даниели" Ҷакомо Марески Даниели, собиқадорони меҳнат ва ҷавонон баромад карданд.
Бо пахш кардани тугмаи рамзӣ дар заводи металлургии Тошканд истеҳсолот ба роҳ монда шуд.