Дар ноҳияи Ғузори вилояти Қашқадарё 25 декабр маросими ифтитоҳи заводи Uzbekistan GTL ба амал омад. Дар чорабинӣ Президент Шавкат Мирзиёев нутқ эрод кард.
-- Имрӯз, дар арафаи Соли нав мо шоҳиди воқеаи бузург мебошем, ки дар солномаи тараққиёти саноати мамлакатамон боз як саҳифаи дурахшон боз менамояд. Бунёди чунин маҷмӯи азим, бешубҳа, натиҷаи бевоситаи сиёсати дар солҳои охир оиди дар сатҳи сифатан нав ривоҷ додани саноати ватанӣ пешгирифта буд, -- гуфт роҳбари давлат.
Заводи мазкур на танҳо дар мамлакати мо, балки дар тамоми минтақа калонтарин корхонаи саноати нефту кимиё мебошад. Дар ин ҷо ҳар сол 3,6 миллиард метри мукааб гази табиӣ коркард шуда, ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар 1,5 миллион тонна сӯзишвории моеъ истеҳсол карда хоҳад шуд. Аз ҷумла, 307 ҳазор тонна керосини авиатсионӣ, 724 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 437 ҳазор тонна нафт, 53 ҳазор тонна гази моеъ.
Аз ҳисоби истиҳсоли ин маҳсулот воридотивазкунӣ дар як сол 500 миллион долларро ташкил дода, содирот ба 200 миллион доллар ва воридоти андоз ба буҷет ба 2 триллион сӯм таъмин хоҳад шуд.
Дар мавриди самараи иқтисодӣ, корхона гази табииро ба маҳсулоти тайёр табдил медиҳад, ки дар бозори ҷаҳонӣ талабот зиёд буда, арзиши он 3 баробар гарон аст. Аз ҷумла, керосини авиатсионӣ, ки дар ин ҷо истеҳсол карда мешавад, нисбат ба маҳсулоти дигар заводҳо хеле тоза ва хушсифат буда, барои самолётҳои ҳозиразамон пешбинӣ шудааст. Сӯзишвории дизелӣ низ ба стандартҳои баланд - на камтар аз Евро-6 ҷавобгӯ аст.
Тибқи ҳисобҳои Агентии байналмилалии энергетикӣ, тавлиди маҳсулоти GTL дар ҷаҳон то соли 2030 ду баробар афзоиш хоҳад ёфт. Бинобар ин зиёд кардани истеҳсоли дигар хелҳои нави маҳсулоти арзиши иловагиаш баланд пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, дар пойгоҳи корхона 6 лоиҳа барои истеҳсоли маҳсулот аз қабили алкил-бензол, бутен ва гексен, равғанҳои синтетикӣ, ангидриди малеин, иловаҳои эмулсионӣ, катализаторҳо ба маблағи 620 миллион доллар амалӣ мегардад. Чунин маҳсулоти нимтайёр дар саноати кимиё, истеҳсолоти кимиёи маишӣ, мебел, масолеҳи бинокорӣ ва электротехника, саноати бофандагӣ ва чарм васеъ истифода мешавад.
Президент таъкид кард, ки имрӯз ҷаҳон фаъолона ба иқтисодётии “сабз” мегузарад ва заводи нав ба ин тамоюл комилан ҷавобгӯ аст. Маҳсулоти завод ба талаботи меъёрҳо ва стандартҳои баландтарини экологии байналмилалӣ комилан ҷавобгӯ аст. Ҳангоми истифодаи сӯзишвории GTL партовҳои моддаҳои зараровар нисбат ба истифодаи сӯзишвории анъанавӣ 40 фоиз камтар мешавад. Ин имкон медидад, ки соле пеши роҳи ба атмосфера партофтани 13,5 ҳазор тонна моддаҳои зарарнок гирифта шавад.
--Бо ба кор даромадани корхона 1300 нафар мутахассисон бо кори доимии сердаромад таъмин мешаванд. Махсусан хурсандиовар аст, ки қариб 80 фоизи мутахассисоне, ки дар сохтмони завод иштирок доштанд, кадрҳои маҳаллии мо, аз ҷумла ҷавононе мебошанд, ки пурқуввату серғайрат, кӯшиш мекунанд ба тарзи нав кор кунанд. Ин ҷавонон -- ҷавонони Ӯзбекистони Нав мебошанд. Боварӣ дорам, ки онҳо дар рушди саноати миллӣ саҳми арзанда мегузорад, “фонди тиллоӣ”-и он мегарданд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Вазифаҳои дар асоси талаботи ҳозира аз нав дида баромадани нақшаҳои таълим, дар завод ташкил намудани таҷрибагузаронии донишҷӯён муайян карда шуданд.
Дар маросим директори техникии заводи Uzbekistan GTL Марсел Юрген Краузе, президенти ширкати Hyundai Engineering Ким Чанг Хаг, муовини раиси ширкати «Газпромбанк» Алексей Матвеев, президенти ширкати Air Products and Chemicals Сейфи Гасемӣ суханронӣ намуда, аҳамияти таърихии ширкати навро қайд намуданд.
Собиқадорони меҳнат, падару модарони коргарони корхона таъкид карданд, ки лоиҳаи мазкур таҷассуми тамоюли «баҳри шаъну шарафи инсон», ки дар кишварамон амалӣ мешавад, мебошад ва ба Сарвари давлат изҳори сипос намуданд.
Дар доираи маросим лоиҳаи се маротиба афзоиш додани иқтидори истеҳсолии маҷмӯи газу кимиёи Шӯртан оғоз гардид.
Корхонаи нави арзишаш 1 миллиарду 800 миллион доллар дар назди заводи Uzbekistan GTL сохта хоҳад шуд. Аз ҳисоби коркарди 430 ҳазор тонна нафт дар як сол 380 ҳазор тонна полиэтилен ва полипропилен истеҳсол мешавад. Кариб ҳазор ҷойи корӣ ба вуҷуд оварда мешавад.
Ҳамин тавр, дар Шуртан дар мамлакат аввалин кластери газу кимиё пайдо мешавад. Ҳаҷми истеҳсолот дар ин кластер аз 290 миллион доллари феълӣ то 1,8 миллиард доллар дар соли 2025 расонда шуда, ё 6 баробар афзоиш хоҳад ёфт.
Корхонаҳои кластер аз ашёи хоми арзишаш 1 доллар маҳсулоти тайёри арзиши иловагиаш баланди қиматаш 10 доллар истеҳсол менамояд.
— Лоиҳаҳои сохтмони заводи Uzbekistan GTL ва васеъ кардани маҷмӯи газу кимиёи Шуртан марҳалаи муҳими ташаккули давраи нави саноатӣ дар Ӯзбекистони Нав мебошад. Итминони комил дорам, ки мо якҷоя бо шумо лоиҳаҳои зиёди бузургро бомуваффақият амалӣ менамоем, ки дар рушди иқтисодиёти миллӣ, таҳкими рақобатпазирии он саҳми бузург хоҳанд дошт, — гуфт Президент.
Сарвари давлат ба пояи корхонаи нав капсула гузошт.
Бо ҳамин Президент Шавкат Мирзиёев сафарашро ба Қашқадарё анҷом дода, ба Тошканд баргашт.