ЗАВҚИ ЭҶОД ТАСВИРНОПАЗИР АСТ,

мегӯяд Мусаввири мардумии Ӯзбекистон Акмал Нуриддинов

Дар ҳамаи асру замонҳо аҳли ҳунар ва осори офаридаи онҳо ба дастгирии моддӣ ниёз доштааст. Бо назардошти ин Президенти фарҳангпарвари мо 3 августи соли 2017 бо аҳли ҳунару эҷод — шоиру нависандагон, наққошон, актёрон, пайкарасозон, киносозон ва оҳангсозон мулоқоти пурмуҳтавое анҷом дода, дарди дили онҳоро шунида буд. Натиҷаи ин мулоқоти судманд  9 августи ҳамон сол қарори ӯ дар бораи таъсиси фонди «Илҳом» ба тасвиб расид.
Суҳбати мо бо лауреати мукофоти давлатӣ, раиси Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон Акмал Нуриддинов (Нур) доир ба ин мулоқот, таъсиси фонд  ва дигар мавзӯъҳои марбут ба ҳунару эҷод буд. Инак, фишурдаи онро ба хонандагон пешниҳод менамоем.

– Муҳтарам раис, Шумо соли равон ба яке аз мукофотҳои олии Ватан — ордени «Фидокорона хизматлари учун» сарафроз гардонда шудед. Иҷоза фармоед, ба ин муносибат Шуморо аз номи хонандагони «Овози тоҷик» ва мухлисонатон бори дигар табрик намоям.
– Ташаккур.
– Шумо дар нишасти матбуотие изҳор дошта будед, ки агар ҳунар аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ наёбад, мемирад. Дар паси ин гуфтаи Шумо як андоза нигаронӣ низ нуҳуфтааст. Ҳамчунин илова намудед, ки бояд осори наққошон, пайкарасозон ва ҳунармандии халқӣ дар намоишгоҳҳои байналхалқӣ бештар ба маъраз гузошта шаванд. Дар ҳамон сурат аҳли ҷаҳон моро хубтар мешиносад...
– Бале, дар аҳди эҳё дар Аврупо осори пайкарасозон ва мусаввирон Миколанжело, Рафаэло, Леонардо да Винчӣ ва дигарон ба сабаби дастгириҳои моддӣ аз ҷониби папа Юлийи II, шоҳ Людвиг ва дигар сарватмандон  рӯйи кор омада, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Дар Русия наққошон ва пайкарасозонро Морозов ва Третяков барин сарватмандон аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ кардаанд. Имрӯз осори ҳунармандони мазкур ба дороии маънавии бани башар табдил ёфтаанд. Дар замонҳои дуру наздик дар шарқи мо низ аҳли ҳунар пуштибонҳо доштаанд. Мисолан, асарҳои Камолиддини Беҳзод бо кӯмаку дастгирини Навоӣ барин инсонҳои фарҳангпарвар рӯйи кор омадаанд. Мо бояд иқтидори зеҳнӣ, ахлоқи ҳамида ва дунёи маънавии халқамонро тавассути наққошӣ ва дигар анвои ҳунар дар галерея ва саҳнаҳои ҳунари кишварҳои ҷаҳон намоиш дода тавонем. Фикр мекунам, ки мулоқоти таърихии сарвари мамлакатамон бо аҳли эҷоду ҳунар ба ҳамин хотир буд. Ҳадаф аз доир гардидани қарор дар бораи таъсис додани  фонди «Илҳом» дастгирии аҳли эҷоду ҳунар аст.
Бо дастгирии моддии фонди мазкур озмун-азназаргузарониҳои «Пайкарасози беҳтарини сол», «Беҳтарин наққоши сол», «Ҷавонтарин мусаввири сол», «Беҳтарин эҷодкори рангтасвир» ва дигар чорабиниҳо баргузор мешаванд. Пештар  ба аҳли ҳунари вилоятҳо эътибор пурзӯр набуд. Мо бо дастгирии фонд дар вилоятҳои Андиҷону Намангон галереяҳо созмон додем. Ин кор идома хоҳад ёфт. Чорабиниҳои мазкур ҳама ба хотири  кашф ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон мебошанд.
Фонди «Илҳом», дар баробари Академияи бадеӣ, ба рушду нумӯъи Иттиҳоди эҷодии журналистон, Иттиҳоди композиторон ва оҳангсозони Ӯзбекистон, Иттиҳоди арбобони театри Ӯзбекистон низ кӯмаки моддӣ мерасонад.
– Ҳар инсон, баъди пушти сар гузоштани давраи муайяни умр, ба роҳи тайкардааш назаре меафканад. Шумо ҳоло дар ҷодаи эҷод по ба зинаи камолот ниҳодаед. Шояд ба роҳи тайкардаи умр назаре афкандаед...
– Бино ба панди донишмандон  инсоне, ки ҳар як рӯзро ғанимат  медонаду ба худ ҳисобот дода ба сар мебарад, сӯйи оянда дилпурона қадам мезанад. Тӯли чиҳил сол тавассути рангу суробҳо зиндагиро дарк намудам, то ҷое комёб гардидам, дар ҷодаи виҷдон побарҷо будам. Вале  намедонам то куҷо сазовори боварии устодон ва мардуме гардидам, ки маро тарбия кардаанд.
Завқи эҷод тасвирнопазир аст. Ҳоло барои эҷод кардан натанҳо ба рӯйи бузургсолон, балки наққошони ҷавон низ дари имкониятҳои нав боз мегардад. Зеро дар кишварамон барои аҳли эҷод шароити мусоид фароҳам оварда мешавад, пойгоҳи моддию техникии созмонҳои эҷодӣ мустаҳкам мегардад. Боиси хушнудист, ки сафи ҷавонони боистеъдоде, ки дар самтҳои гуногун: ҳунари тасвирӣ, пайкарасозӣ, ҳунармандии халқӣ бо усулу шеваҳои нав фаъолият доранд, меафзояд, маҳсули эҷодашон дар намоишгоҳҳои байналхалқӣ гузошта мешаванд.
– Ҳар эҷодгар асари ба дил наздики худро дорад. Асари ба дил наздики мусаввир Акмал Нур кадом бошад?
– Чанде қабл бо назардошти симои модарони ҷаҳон, нақши модарамро, ки ба наздикӣ дунёи фониро тарк гуфт, офарида будам. Намегӯям, ки он тасвири комил аст, вале ба дилам бисёр наздик мебошад. Ин асарро иштиёқу пазмонӣ тавлид кард. Зеро ман дар пойтахт саргарми кору вазифа солҳои зиёд аз модари биҳиштиям дур будам. Ҳарчанд барояш кӯмакамро дареғ надоштаам, вале ӯ ба меҳри фарзандии ман ҳамеша ниёз дошт. Натиҷа гирифтам, ки сарвати моддӣ ҷойи сарвати маънавиро гирифта наметавонистааст.
– Шумо яке аз мусаввирони саршиноси кишварамон ҳастед. Дар баробари ин, вазифаи раисии Академияи бадеии Ӯзбекистонро бар дӯш доред. Вазифа оё ба кори эҷодӣ халал намерасонад?
– Фикр мекунам, агар инсон бори масъулият бар дӯш дошта бошад, ба анҷоми ҳама кор вақту нерӯ пайдо карда метавонад. Президентамон изҳор дошта буд, ки одамон имрӯз бояд аз ҳаёти худ розӣ бошанд. Гумон мекунам, агар тамоми иқтидору нерӯ ба ризои мардум нигаронида шавад, кору вазифа низоми худро пайдо мекунад. Акадамеияи  бадеӣ дар роҳи эҳёю ҳифзи анъанаҳои миллӣ, рушди ҳунари миллӣ, муаассир инъикос намудани дастоварду комёбиҳои давлати мустақил, ошноии алоқамандони ҳунар бо ҷараёнҳои бадеии ҳамкасбони хориҷӣ, табодули таҷрибаи пешқадам, роҳандозии низоми таълими бадеии замонавӣ, тадқиқотҳои илмӣ ва ташкили намоишгоҳҳои гуногун дар кишвару хориҷи он талош меварзад. Барои иҷрои ин вазифаҳо қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба рушду такомули кору фаъолияти Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон» чун дастуруламал хидмат мекунад.
– Бо ибтикороти роҳбари давлатамон муҳтарам Шавкат Мирзиёев робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ бо кишврҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистони бародарӣ, густариш ёфт. Халқҳои ӯзбеку тоҷик муштаракоти зиёде доранд. Аз ҷумла, наққошиҳои бамеросгузоштаи мусаввири мониқалам Камолиддини Беҳзод сарвати маънавӣ ва манбаи омӯзиши ҳар ду халқанд, кӯчаву муассисаҳои таълимӣ ва ҳунарии ду кишвари ҳамҷавор номи ӯро доранд. Дар густариши робитаҳои фарҳангии ду ҷумҳурӣ Фарҳангистони бадеӣ чӣ нақше дошта метавонад?
– Бале, тоҷикону ӯзбекон муштаракоти зиёде доранд, мо халқҳои ҳамрешаем. Дар замони нав ҳунари тасвирӣ, пайкарасозӣ ва ҳунармандии халқӣ дар кишварҳои ҳамҷавор, аз ҷумла Тоҷикистони бародарӣ низ рушд кард, усулу равияҳои нав ба вуҷуд омаданд. Камина бо офаридаҳои мусаввирони шинохтаи тоҷик Суҳроб Қурбонов (шодравон), Сабзалӣ Шарифов, Фаррух Хоҷаев, Камол Нодиров ва Наргис Ҳамидова  то ҷое ошноям. Ба нақша гирифтаем, ки намоиши осори мусаввирони тоҷикро дар Тошканд ва вилоятҳои ҷумҳурӣ баргузор намоем. Чунин чорабиниҳо ба таҳкими дустӣ ва густариши робитаҳои фарҳангӣ мусоидат менамоянд.
– Ҷашни муштараки халқҳои бародар ва ҷаҳонӣ — Наврӯзи олам дар мекӯбад. Дархостҳои наврӯзии Шумо ба халқҳои дӯсту бародар ва хонандагони «Овози тоҷик».
– Наврӯз — рӯзи нав, баробаршавии рӯзу шаб, фасли бедории табиат ва шукуфоӣ ба халқҳои решапайванд ва муштариёни рӯзнома муборак бошад! Дар тӯли таърихи дароз мо ҳамеша дар канори ҳам будаем, моро ҳеч нерӯе аз ҳам ҷудо карда наметавонад. Бигузор, осмони кишварҳои мо мисли осмони фасли  эҳёи табиат софу беғубор ва дасторхони халқҳоямон чун хони наврӯзӣ ҳамеша пур аз неъмат бошад!

Суҳбаторо 
Абдулло СУБҲОНОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: