ЗАВҚИ МУТОЛИА

Мутолиаи китобҳои бадеӣ аз шуғлҳои асосии мо ба шумор меравад.

Мутолиаи китобҳои бадеӣ аз шуғлҳои асосии мо ба шумор меравад. Вақте мо – ҷавонон аз хурдсолӣ ба омӯхтани илму ҳунар машғул мегардем, метавон гуфт, ки ин баҳри ояндаамон заминаи мустаҳкам мегардад. 
Имрӯзҳо дар таълимгоҳҳо баҳри мо – ҷавонон аз тарафи ҳукумат  шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Мақсади асосӣ ин аст, ки набояд аз илму маърифат бехабар монем, вақти пурқимати худро сарфи китобхонӣ бояд намоем. 
Ба наздикӣ ману ҳамсолам асари машҳури Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» ва асари таърихии Абдулло Қодирӣ «Рӯзгори мозӣ»-ро мутолиа намудем. Ин ду асари таърихӣ писандамон гардид. Чунки агар аз достонҳои «Шоҳнома» бо корнамоиву мардонагии  ниёкони худ ошно гардида бошем, аз асари таърихии «Рӯзгори мозӣ» доири адолат ва ноадолатиҳои даврони пешин, меҳру садоқати ҳамватанон, самимияти одамони оддӣ ва садоқату муҳаббати ҳақиқиро дарк намудем. Бо қаҳрамонони мусбати ин асарҳо ошно шуда, як ҷаҳон таассурот бардоштем. 
Гуфтанием, ки ҳар як нафаре, ки чашми бинову ақли комил дорад, алалхусус, ҳамсолонамон бояд рӯй ба китоб оранд. Зеро дар ин бора шоир низ чунин мефармояд:
Ҳеҷ ганҷе нест аз 
фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рӯй бар ин 
ганҷ неҳ.
Агар бо чашми дил нигарем, завқи мутолиа олами дигар аст. Он мисли нурҳои офтоби дурахшон ба кас гармиву нармӣ мебахшад, пеши назари мо дунёи маърифату фарҳангро мекушояд.
Ба ин тарз, аз кулли ҳамсолон хоҳиш  дорем, ки ба китоб меҳр банданд, чунки баҳри боло бардоштани сатҳи  маънавияту маърифати шахс, китобҳои бадеӣ нақши муҳим доранд.

Маҳлиё ИСТАМОВА, 
Сабрина 
ҲАЙБУЛЛОЕВА, 
шогирдони мактаби таълими 
умумии 
рақами 52-юми 
ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: