Ғазалҳо
Ҳамон фикре, ки набвад фикри ту, он фикр шуд ботил,
Ҳамон умре, ки бе ту бигзарад, шуд умри беҳосил.
Таолуллаҳ, чи чашм асту чи абрӯ, ҳар сафар бинам,
Гаҳе дил мешавад бехуд, гаҳе ақлам шавад зоил.
Зи таври ин ҷафою ҷавр мегардӣ басе воқиф,
Зи расми ин вафою меҳр мегардӣ басе ғофил.
Ба рӯйи мисли хуршедат бигардам волаву ҳайрон,
Ба абрӯйи ҳилоли ту шавад дил ошиқу моил.
Сипар кардӣ маҳу солат ба мастиҳои худ, Бобур,
Ба ғафлат то ба кай умрат намоӣ дар ҷаҳон зоил?
***
Рӯйи ту байни он хат чун байни сабза лола,
Он чашми пурхуморат дар лола чун ғизола,
Эй ҷон, ҳама париён, гирди ту зору ҳайрон,
Гӯё шавад намоён атрофи бадр ҳола.
Меҳру вафоят, эй ёр, дидаст беш ағёр,
Ҷабру ҷафо намудӣ беҳад ба ман ҳавола.
Дар ҳаҷрат, эй парирӯ, хобам парид аз чашм,
Ҳар шом то пагоҳӣ корам шудаст нола.
Дар сафҳаи рухи ту хатҳо зи ашк бошад,
Бобур нависад аз ишқ ин гуна сад рисола.
***
Аз ғами як дида инак, хаста бинам хешро,
Бар сари зулфе кунун вобаста бинам хешро.
Ҷони ман гардид зор аз ҳасрати лабҳои ӯ,
Аз фироқи чашми шӯхаш хаста бинам хешро.
Гарчи он абрукамон аз дида дурам кардааст,
Бар ҳилоли абруяш пайваста бинам хешро.
То ки бар занҷири зулфаш қалб шуд вобастае,
Ҳамчу Бобур шукр, ки вораста бинам хешро.
Тарҷумаи
Хусрав САЪДУЛЛОҲ.