ЗЕБАНДА

Муҳаммад ШОДӢ

Сухан зебанда бар «Овози тоҷик»,
Сухан тобанда дар «Овози тоҷик».

Баландии сухан парвозгоҳ аст,
Занад то болу пар «Овози тоҷик».

Зиё то паҳн созад, мебарояд
Чу хуршеди саҳар «Овози тоҷик».

Паём аз субҳи нав бар ҳамватанҳо
Расонад сабзу тар «Овози тоҷик».

Ба чашме, ки нигоҳи пок дорад
Бимонад ҳамназар «Овози тоҷик».

Гар оӣ, дар дил оташ, пешвозат,
Бихезад чун шарар «Овози тоҷик».

Раҳи мо гарчи дур, астем дилпур,
Ки моро ҳамсафар «Овози тоҷик».

Сипаҳ мову силаҳ ҳарфи нишонзан,
Тани моро сипар «Овози тоҷик».

Ҳамон ду дидаи Айнист бар мо
Бувад бедор гар «Овози тоҷик».

Дарӣ то дурр, бар чашми даригӯ
Битобад чун гуҳар «Овози тоҷик».

Гулафшон аст гар боғи тамаддун,
Чаманзори дигар «Овози тоҷик».

Дарахти маънавият реша дар об –
Ниҳоли борвар «Овози тоҷик».

Дилам хоҳад, ки гирад дасти тундар,
Расад бар баҳру бар «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: