Дар нигористони Қасри «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Самарқанд намоиши асарҳои рассоми номдори Ӯзбекистон, фарзанди Бухорои шариф Зебунисо Шарифова баргузор шуд.
МУҲАББАТИ НАХУСТИН
Вай дар ноҳияи Ғиждувон 19-уми августи соли 1967 дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушод. Падари бузургвораш Тӯлқин Шарифов омӯзгори фанни таърих ва модари азизаш Турсуной Бобомуродова – муаллимаи синфҳои ибтидоӣ буданд. Бобояш Муҳаммад Шарифҷон-махдуми Садри Зиё ҳамчун хаттот, таърихнигор, адиб ва маорифпарвари тоҷик шуҳрат дошт. Воқеан, дар «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ маҳфили адабии ӯ бо номи «Маҷлисҳои Садри Зиё» тасвир ёфтааст.
Қиблагоҳаш, ки дилбастаи назм, шеъру шоирӣ буд, ба тифли навзоди худ Зебунисо ном гузошт, ки мисли духтари шоҳи Ҳинд — Аврангзеб Зебунисо (1639-1702), ки бо тахаллуси «Махфӣ» низ шеър менавишт, шоира шавад. Духтарак аз бачагӣ ба адабиёт ва санъат дил баст. Модаркалонаш ба матои сафед бо қалами одӣ барои дӯхтани сӯзанӣ тарҳи гулҳои ранг ба ранг, сурати андалебу кабки дарӣ мекашид, зану духтарони деҳа дар асоси андозаҳои тайёри ӯ гулдӯзӣ мекарданд. Модар низ рассоми моҳир буд ва бо нақшу нигорҳои дилнишин рӯзномаҳои деворӣ мебаровард. Зебунисо ба кори эҷодии онҳо бо диққат менигарист ва гоҳ-гоҳ худаш ҳам расм мекашид.
Меҳру муҳаббат ба нақшакашӣ ӯро баъди хатми мактаби миёна ба омӯзишгоҳи санъати шаҳри Бухоро овард. Дар ин ҷо аз устодони сахтгиру меҳрубон Муҳиддин Бақоев ва Баҳодур Саломов асрори расмкаширо омӯхт. Бо маслиҳати онҳо ба бисёр гӯшаву канори Бухорои шариф, хоссатан ёдгориҳои таърихӣ сафар намуда, истеъдоди хешро сайқал дод.
Соли 1988 пас аз ба итмом расонидани таҳсил дар омӯзишгоҳ аҳд намуд, ки ба шаҳри азими Тошканд рафта, ба Донишкадаи театру рассомии ба номи Островский дохил шавад. Аммо модараш розӣ нашуда гуфт, ки «барои духтарбача пойтахт – Тошканди серодаму пурғавғо осон нест. Хубтараш мисли ман дар мактаби деҳ омӯзгор шав». Падари меҳрубон ба суҳбат ҳамроҳ шуда, ба ҳамсараш таъкид намуд, ки фурсату вақт ва ҳавас ҳаст, ҳамин бас аст. Ин гуфт ва барои дуои хайр даст бардошт.
ОДАМ БА УМЕД ЗИНДА АСТ
Зебунисо гӯё бол бароварда бошад, сӯйи Тошканд парид ва ба донишкадаи орзукардааш ҳуҷҷат супурд. Афсӯс, бахташ натофт – барои номи донишҷӯйро гирифтан ҳамагӣ чанд хол нарасид. Панди бузургонро ба ёд овард: «Навмед набояд шудан аз гардиши айём, ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст».
Иродаи матин, ки дошт, аз нокомӣ рӯҳафтода нашуда ба зодгоҳ омад ва дар боғи истироҳатии Ғиждувон ҳамчун рассом фаъолияти меҳнатиро оғоз кард. Барои бачагон сурати қаҳрамонҳои афсонаҳои тоҷик ва русро офарид. Тамошобинони наврас бо завқу ҳавас гӯё бо «Бузаки ҷингилапо», «Колобок», «Гург ва заргӯш» рӯ ба рӯ мешуданд.
Аз ҳама муҳимаш, ӯ истеъдоди хешро сайқал медод, то аз имтиҳон дар донишкада оид ба ихтисоси касб сарбаландона гузарад. Рост гуфтаанд, ки ҷӯянда – ёбанда. Зебунисо ба муроди дил расид, донишҷӯ шуд! Вай дар мактаби олӣ дарк намуд, ки ҳар як эҷодкор бояд пайраҳаи шахсӣ ва нотакрор дошта бошад. Дар вақтҳои холӣ ва рӯзҳои истироҳат ба осорхонаҳои санъати тасвирӣ рафта, бо ҳавасу диққат асарҳои мусаввирони номдори Шарқ ва оламро дақиқназарона омӯхт. Ғайр аз он дар устохонаи Рассоми халқии Ӯзбекистон Неъмат Қӯзибоев фаъолияти эҷодии ӯро муоина кард. Неъматако ба шогирд, ки ба расмкашӣ иштиёқи зиёд дошт, маҳорати оид аз истифодаи мӯйқалам ва матоъро ёд дод.
Ӯ дар бораи шогирди вафодору навҷӯаш гуфтааст:
– Зебунисо хонуми исмаш ба ҷисмаш монанд ва бебаҳо аст. Амалиётро як бор нишон диҳӣ, бас аст, дигар фаҳмондан лозим нест. Дастони сеҳрофараш ба мӯйқаламу матоъ рӯҳ мебахшанд. Алалхусус дар чеҳраофарӣ, яъне кашидани портрет истеъдоди ноёб дорад.
Рассоми бухороӣ аз узви Ассотсиатсияи наққошу ҳайкалтарошони Куриёи Ҷанубӣ Николай Пак маҳз дар ҳамин жанр бисёр чизҳоро омӯхт. Зебунисо дар устохонаи ӯ худро озод ҳис мекард. Николай Семёнович утоқи кории хешро озода ва дилнишин нигоҳ медошт. Дар ҷевонаш оид ба расмкашӣ адабиёти бисёр мавҷуд буданд, аз онҳо шогирдону навкорон бемалол истифода мебурданд. Муҳити дилнишини устохона ба кас илҳом мебахшид, муҳаббаташро ба мусаввирӣ афзун менамуд. Николай Семёнович этюдҳои Зебунисоро таҳлил намуда, камбудиҳояшонро бо суханҳои нарму гарм фаҳмонда, роҳи бартараф кардани онҳоро мегуфт.
Маълум аст, ки ҳар як донишҷӯ бояд барои ҳимояи кори дипломӣ мавзӯи дилхоҳи худро пайдо кунад. Вай болои ин масъала хеле майна об кард ва ба хулоса омад, ки автопортрет мавзӯи дастрас аст. Воқеан солҳои охир дар жанри чеҳраофарӣ бисёр заҳмат кашида, ҳатто ба диққату эътибори устодону мухлисон соҳиб шудааст.
Зебунисо аз айёми бачагӣ ба адабиёт меҳру муҳаббати хоса дошт. Алалхусус бо эҷодиёти шоираи номдор Зебунисо аз наздик ошно буд. Вай ҳангоми кор болои автопортрет гаштаву баргашта ғазалҳои ӯро мехонд, таҳлил мекард, маъно мегирифт. Қабл аз оғози расмкашӣ чанд хел тарҳу этюд меофарид, ки қаҳрамонаш табиӣ, боварибахш ва ҷаззоб бошад. Ниҳоят меҳнати пурмашаққат ба поён расид. Ба ӯ даст дод, ки чеҳраи Зебунисоро бо рӯҳияти махсус офарад. Ва рӯзи ҳимояи кори дипломӣ чун қаҳрамони асараш аз шоҳии сафед либос пӯшида омад. Раиси комиссияи аттестатсионӣ, Рассоми мардумии Ӯзбекистон Баҳодур Ҷалолов ба кори Зебунисо баҳои баланд дод ва таъкид кард, ки ояндаи рассом дурахшон аст. Ӯро барои қабул ба шуъбаи ҷавонони Иттифоқи мусаввирони Ӯзбекистон тавсия намуд.
Зебунисо Шарифова ба ҳамаи аъзоёни комиссияи имтиҳони давлатӣ арзи сипос намуда, ғазали Махфиро қироат кард, ки мақтаъаш ин аст:
Духтари шоҳам, валекин рӯ ба фақр
овардаам,
Зебу зиннат бас ҳаминам,
номи ман Зебуннисост.
Ҳозирон ба ваҷд омада аз ҷо хестанд ва якдилона кафкӯбӣ намуданд. Ин лаҳза як умр дар хотири Зебунисо нақш баст.
ҶИЛОИ РАНГҲО ДАР
ЧЕҲРАОФАРӢ
Имрӯзҳо нигористони қасри «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Самарқанд ниҳоят серодам аст. Соҳибони касбу кори гуногун, хоссатан мухлисони санъати тасвирӣ, ки дар байни онҳо сайёҳони хориҷӣ низ бисёранд, дар назди ҳар як рангтасвир байни худ баҳсу мунозира мекунанд.
«Ваҳдат-ул-вуҷуд» ном дорад асаре, ки рассом ҳангоми душвориҳои зиндагӣ офаридааст. Ӯ дилдодаи фалсафаи суфизм мебошад. Баъди аз наздик шинос шудан бо эҷодиёти Ҷалолиддини Балхии Румӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва дигар шоирони форсу тоҷик ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ пайдо карда, якчанд асар офарид.
Боз як расми файласуфонаи мусаввир «Ломакон» (с. 2001) ном дорад, ки маънояш бехонумон, хонабардӯш аст. Дар он зани маҳзун, бо мӯйи парешон илтиҷоомез ба осмон менигарад. Зери расм рубоии Умари Хайём:
Онон, ки куҳан буванду онон, ки наванд,
Ҳар як пайи якдигар якояк бишаванд.
Ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,
Рафтанду равему боз оянду раванд.
Соли 2006 Зебунисо ба ноҳияҳои Бадахшон сафари эҷодӣ карда, бо мардум аз наздик шинос шуд. Маҳз дар «Боми ҷаҳон» чеҳраҳои духтаракони кӯҳистонӣ «Гулбаҳор» ва «Манижа»-ро рӯйи матоъ чунон устокорона кашид, ки мардуми маҳаллӣ аҳсант гуфтанд. Ҳоло ин ду расм низ диққати тамошобинонро ба худ мекашанд.
Хуллас, ҳар як асар бо маҳорати баланд ва мантиқан пурмазмун офарида шуда, мухлисони санъати тасвириро бефарқ намегузоранд. Алалхусус бештари онҳо «Автопортрет» ном доранд ва шояд рассом руҳияту ҳолати хешро дар ҳолатҳои гуногун офаридааст.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки намоиши асарҳои Зебунисо дар Русия, Амрико, Олмон, Фаронса ва дигар кишварҳои ҷаҳон бомуваффақият гузаштаанд.
Аҷиб он буд, ки рассом баъди суҳбат бо адиб ва публитсисти самарқандӣ Адаш Истад зуд чеҳраи ӯро офарида, ба қаҳрамони асараш тақдим намуд.
– Зебунисо барҳақ рассоми соҳибистеъдод аст, – гуфт устод Адаш Истад, – маҳорати ноёб дорад. Чанде пеш ман бо сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода суҳбат доштам. Ӯ гуфт, ки дар Душанбе намоиши асарҳои Зебунисо Шарифоваро ташкил карданист.
– Ҳоло дар Ӯзбекистон таваҷҷуҳи бонувон ба санъати тасвирӣ хеле афзудааст, – мегӯяд Зебунисо, – лекин рассом бояд аз таърих, адабиёт, фалсафа ва мантиқ огоҳ бошад, то ки асари пурмазмун офарида тавонад. Дар касби мо сабур будан ниҳоят зарур аст. Саросемагӣ бар нафъи кор нест. Ғайр аз он ҳамеша омӯхтан зарур. Камина бо ҳавас асарҳои ҳамҷинсонам Марлен Дюма, Бриҷит Райлӣ, Трейсӣ Эмин, Софонисаба Ангвисола ва дигаронро аз назар гузаронида, аз онҳо маъно пайдо мекунам. Инчунин барои рассом сафар кардан, ҷаҳон дидан ҳам фоида дорад. Хушбахтам, ки бо баҳонаи намоиши асарҳоям ба бисёр гӯшаву канори Самарқанд сафар намудам. Ҳамкасбам Ҷумъа Абдурауфзода маро ба зодгоҳаш – деҳаи ҳамешасабзу хушҳавои Оҳалик бурд. Таассуротам як олам аст. Охир сайру саёҳат ба кӯҳсор ҷону дилам. Ҳоло муқими Тошканд ҳастам ва ҳамин, ки имконият пайдо шуд, ба ноҳияи Бӯстонлиқ сафар мекунам, аз ҳавои кӯҳсор баҳра мебарам.
Зебунисо Шарифова барои саҳми арзандааш ба санъати тасвирӣ бо медали «Шуҳрат» мукофотонида шудааст. Чанде пеш санъатшиноси самарқандӣ Матлуба Давронова дар Амрико албоми ӯро ба се забон – ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ чоп намуд, ки асарҳои беҳтарини рассомро гунҷондааст.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.