Сулолаи бобуриён аз сулолаҳоест, ки натанҳо дар таърихи Шарқ, балки дар тараққиёти тамаддуни ҷаҳон ҷойгоҳи худро дорад.
Ҳаёт ва фаъолияти бобуризодагон ба мо аз он ҷиҳат иртибот дорад, ки онҳо авлоди Заҳириддин Бобуреанд, ки «сарзамини худро монда, ба сӯйи Ҳинд» рӯ ниҳодааст. Вақте сухан аз бобуриён меравад, дар хусуси шоираи оташзабон Зебуннисо фикр рондан бамаврид аст.
Зебуннисо духтари шаҷараи панҷуми бобуриён – Аврангзеби оламгир буда, моҳи феврали соли 1639 дар Шоҳҷаҳонобод таваллуд ёфтааст. Модари ӯ Дилрасбону буд, духтари Бобур – Гулбаданбегим модаркалони Зебуннисо маҳсуб меёфт.
Аврангзеби оламгир – падари Зебуннисо дар таърихи салтанати бобуриён яке аз ҳукмдорони бузург ба шумор мерафт. Дар замони ҳукмдории онҳо ҳудуди империяи бобуриён чунон васеъ гардида буд, ки бобурзодагони баъдина салтанатро то ин дараҷа ривоҷ дода натавонистаанд.
Аврангзебро панҷ духтар ва панҷ писар буд. Дар байни онҳо Зебуннисо аз бачагӣ бо тавону салиқаи худ ҷудо шуда меистод. Ба адабиёт таваҷҷӯҳ ва шавқи зиёд доштани духтарашро дида, Аврангзеб ба таълиму тарбияи ӯ эътибори алоҳида медиҳад.
Зебуннисо аз устодони пешқадами замони худ – Ҳафиза Марям Отун, Мулло Ҷавон ва шоир Мулло Муҳаммад Ашрафи Исфаҳонӣ сабақ гирифта, ба амиқ омӯхтани фанҳои фалсафа, адабиёт, фалакиёт... машғул мешавад. Шоира дар навбати худ мутолиаи асарҳои бобояш Бобур, Навоӣ ва Хусрави Деҳлавиро дӯст медошт. Ӯ асрори санъати хаттотиро низ ба хубӣ азхуд карда буд.
Зебуннисо қисми асосии умри худро ба адабиёт, санъат ва эҷод бахшидааст.
Осори шоира, ки асосан бо забони форсӣ таълиф шудааст, зиёда аз 8 ҳазор мисраъ буда, қасида, тарҷеъбанд, мухаммас ва ғазалҳои ӯро дар бар мегирад. Инчунин, ӯ «Зеб-ут-тафосир» ном асарашро ба сифати шарҳ ба Қуръон навиштааст.
Баъзе сарчашмаҳо маълумот медиҳанд, ки ӯ доир ба тасаввуф ва фалсафа «Зеб-ун-нашот», «Мунис-ул-арвоҳ» барин рисолаҳо навиштааст. Ашъори назмии шоира пурра то ба мо омада нарасидааст. Назар ба манбаъҳо ӯ бо тахаллуси «Махфӣ» низ эҷод кардааст.
Барелӣ («Тазкираи шоирони урду»), Шерхони Лудӣ («Миръот-ул-хаёл»), Фазлӣ («Маҷмӯаи шоирон»), Ҳакимхон Тӯра («Мунтахабот-ут-таворих») барин таърихнигорону тазкиранависон дар асарҳои худ доир ба ҳаёт ва эҷодиёти Зебуннисо маълумот додаанд.
Бино ба маълумоти баъзе манбаъҳо Зебуннисо бархе аз шоиру олимони замони худро мунтазам бо маош таъмин мекардааст.
Дар тазкираи «Олами ислом» оварда шудааст, ки Зебуннисо ба шуҳрате, ки падараш бо ҳукмронӣ соҳиб нашуда буд, ба туфайли илму дониш ва одоби худ муваффақ гардид. Бародари Зебуннисо Аъзамшоҳ низ ба адабиёт шавқи зиёд дошт ва дар хонааш зуд-зуд мушоираҳо барпо мекард.
Бино ба маълумоти баъзе сарчашмаҳо мулоқот ва мушоираи шоира бо Мирзо Абдулқодири Бедил, ки бо унвони «Абулмаъонӣ» машҳур буд, сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки шоира соли 1702 вафот кардааст ва ӯро дар қабристони «Зарзарӣ»-и Деҳлӣ, дар шафати қабри Низомиддин Авлиё, Амир Хусрави Деҳлавӣ барин шоиру донишмандони бузург дафн намудаанд. (Аз рӯйи баъзе манбаъҳо Зебуннисо соли 1643 таваллуд ёфта, соли 1721 вафот кардааст).
Зебуннисои дар ҳусну назокат ва фазлу фаросат беназир тамоми умр танҳо ҳаёт ба сар бурдааст.
Духтари шоҳам, валекин рӯ ба фақр овардаам,
Зебу зинат бас ҳаминам номи ман Зебуннисост.
Ин байти машҳури шоира далели ба сарвати маънавӣ арҷ гузоштанҳои ӯст. Одатан, занон зару зеварро дӯст доранд, вале ӯ таъкид менамояд, ки зебу зинат барои ман ҳамин кофист, ки номи ман Зебуннисост.
Тахмин меравад, ки Оқилхон Розӣ ном ҷавонро, ки дар дили шоира оташи ишқу муҳаббатро афрӯхта будааст, ба қатл мерасонанд ва малика як умр ба ёри худ содиқ монда, аҳд кардааст, ки танҳо зиндагӣ мекунад.
Дар драмаи «Зебуннисо»-и Уйғун, романи таърихии Бонкимчондор Чоттопаддҳайя (1838-1894) бо номи «Раҷ Сингҳ» акс ёфтани лавҳаҳои ин достони муҳаббат низ беҳуда нест.
Роҳбари давлатамон, баробари даъват ба чуқур омӯхтани таърих, мероси аҷдоди бузург, такроран таъкид менамояд, ки ҷиҳатҳои ибратомӯз, ҳаёт ва фаъолияти шахсони бузургро, ки ифтихори моянд, ба насли ҷавон ҳаматарафа омӯзонем. Дар ин ҷода доир ба ҳаёт ва фаъолияти сарояндаи накӯиву инсонпарварӣ, шоираи оташнафас Зебуннисо тадқиқоту ҷустуҷӯ бурдан, офаридани асарҳои хонданӣ аҳамияти муҳим касб менамояд.
Саттор ШЕРМАТОВ,
шоир.