ЖУРНАЛ ВА РӮЗНОМАҲОИ КОҒАЗӢ БЕКОР КАРДА МЕШАВАНД

Аз соли нави хониш 1200 мактаби Ӯзбекистон бидуни журнал ва рӯзномаҳои коғазӣ ба кор шурӯъ мекунанд.

Аз соли нави хониш 1200 мактаби Ӯзбекистон бидуни журнал ва рӯзномаҳои коғазӣ ба кор шурӯъ мекунанд.

Қаблан хабар шуда буд, ки рӯзномаи электронӣ ба шакли пулакӣ гузаронида шудааст. Арзиши солонаи обуна барои истифодабарандагон аз ҷониби  Вазорати таълими халқ аз ҳисоби хидматрасонии техникӣ ба лоиҳа ва рушди минбаъдаи он муайян шудааст. Чунки Низоми рӯзнома аз ҷониби давлат маблағгузорӣ намешавад. Обуна ба рӯзномаи электронӣ дар як сол 10 ҳазор сӯмро ташкил медиҳад.  Бар ивази ин пул хонанда, волидони ӯ ва дигар хешовандон, ки мехоҳанд ҳаёти мактабии бачаро назорат кунанд, метавонанд аз Низоми рӯзнома истифода баранд.
Тибқи иттилои ширкати «Рӯзнома» журнали электронӣ барои омӯзгорон ройгон пешниҳод карда мешавад.
Барои хонанда як  рӯзномаи коғазӣ ба  як сол намерасад, рӯзномаи электронӣ ин мушкилотро ҳал мекунад — талаба ва аъзои оилаи ӯ метавонанд бо пардохти маблағи баробар ба арзиши рӯзномаи коғазӣ аз низом истифода баранд. Баръакси рӯзномаи коғазӣ, ки кӯдакон метавонанд баҳоҳоро пинҳон, кӯр, нест ва ислоҳ кунанд, оила ба худи ҳамин нарх оид ба истифода бурдан аз платформаи таълим соҳиби воситаи замонавӣ мегардад. Дар низоми рӯзнома хусусиятҳои иловагии муфид ба назар гирифта шуда, ҳангоми зарурат имкони  шуғл варзидан аз масофа,  дарёфти маводи муфиди онлайн фароҳам оварда шудааст.
Бинобар натиҷаҳои тадқиқот бачаҳо ҳатто дар давраи карантин бо ёрии рӯзномаи электронӣ бомуваффақият таҳсил мекунанд. Низоми рӯзнома ба баланд шудани сатҳи азхудкунӣ, давомоти хонандагон мусоидат карда, бачаҳо дар ҷараёни таълим фаъолтар иштирок мекунанд.
Таҳсил дар мамлакати мо бепул аст. Пайдо шудани суолҳои агар мо андозҳоро пардохта бошем, чаро боз бояд дубора барои рӯзномаи электронӣ пардохт кунем, табиист.
Мувофиқи Қонун «Дар бораи таълим» барои таҳсили ройгони миёна ва махсус гирифтани ҳар як кас дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳуқуқи баробар кафолат дода шудааст. Падару модарон ё намояндагони қонунии кӯдакони ноболиғ вазифадоранд, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакро ҳимоя кунанд ва барои тарбияи кӯдак, таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, миёнаи махсус, касбӣ масъуланд. Ин чунин маъно дорад, бо ҳама чизи зарурии таълим таъмин кардани фарзандони худ вазифаи бевоситаи волидон мебошад. Рӯзнома ва дигар ашёи хониш аз ҷониби мактаб ройгон дода намешавад, волидон ҳамеша ҳама чизи барои фарзандон зарурии худро мустақилона мехариданд. Падару модарон ҳуқуқи интихоб кардан доранд: сатҳи таълиму тарбияи фарзандони худро бо ҳамон пул баланд бардоранд ё аз он даст кашида, ба мактаб муроҷиат кунанд.
Вазифаҳои аккаунти волидайн пас аз хариди рӯзномаи электронӣ дастрас мешаванд.
Рӯзномаи электрониро дар ҳисоби шахсии корбар бо истифодаи «Click» ё корти пардохти «uzcard» сабт кардан мумкин аст.
Волидон метавонанд баҳо, дарсҳои хонагӣ ва давомоти фарзандони худро тавассути истифодаи рӯзномаи электронӣ аз хона набаромада ва ё аз  кор дур нашуда дар тартиби онлайн назорат кунанд. Ин воситаи рақамӣ ба шумо имкон медиҳад, ки аз муҳимтарин ахбори мактаб, ба монанди тағйирот дар ҷадвал ё зарурати омадан бо либоси расмӣ хабардор бошед. Агар ба шумо лозим ояд, ки масъаларо бо муаллим ё дигар волидайн муҳокима кунед, ин низ метавонад дар дохили система зуд ва ба осонӣ анҷом дода шавад.
Рӯзномаи электронӣ барои баланд бардоштани фаъолият, намоиши истеъдод ва қобилияти мактаббачагон хидмат хоҳад кард. Дар ин ҳолат, муаллим метавонад мустақиман дар давоми дарс ба волидайн шарҳе навишта,  бачаро таъриф кунад ё эътиборро ба рафтори номуносиби он нигаронад. Инчунин, платформа ба омӯзгорон имкон медиҳад, ки вақти пур кардани ҳуҷҷатҳои коғазиро сарфа намуда, онро ба раванди таълим, зуҳуроти муносибати эҷодӣ ба таълим сарф кунанд.
Сомонаи Kundalik.com дар минтақаи TAS-IX ҷойгир аст, яъне трафики интернет ҳангоми кор бо платформа, аз ҷумла ҳангоми истифодаи он тавассути операторони мобилӣ масраф намешавад.

Барно МЕЛИҚУЛОВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: