ЖУРНАЛИСТ

Ҷуръати номусу нангу ор дорад журналист,

Бо тамоми халқи олам кор дорад журналист.

Журналистӣ бо чароғи дил ҷаҳонро дидан аст,
Журналистӣ хондану фаҳмондану фаҳмидан аст.
Журналистӣ бо фаросат гуфтану бишнидан аст,
Ҳафт раҳ чен карда, як раҳ бо хирад бибридан аст.
Журналистӣ дар ҳама ҳангома нотарсидан аст,
Лек ҳангоме намедонӣ, яқин, пурсидан аст.
Журналистӣ дар вуҷуди мурда ҷон бахшидан аст,
Офтобосо ба чашми халқи худ рахшидан аст.

Дасти поку хулқи нотакрор дорад журналист,
Бо тамоми халқи олам кор дорад журналист.
Журналистӣ касби нумри як бувад андар ҷаҳон,
Ҳеч кирдоре зи чашми ӯ намемонад ниҳон.
Журналистӣ бештар донистан аст аз ҳар ҷиҳат,
Дарду доғи халқро ӯ бо қалам созад сиҳат.
Журналистӣ поквиҷдон, покимон будан аст,
Халқро осуда гардонида, худ н-осудан аст.
Журналистӣ ифтихор аст, ифтихор аст, ифтихор,
Инчунин касби муқаддасро набояд кард хор!

Гарчи андар қалби худ сад хор дорад журналист,
Бо тамоми халқи олам кор дорад журналист.

ХАЙРАНДЕШ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: