«ЖУРНАЛИСТ ШАХСЕСТ, КИ БО ДАРДИ МАРДУМ ЗИНДАГӢ МЕКУНАД»

Минтақаи хушбоду ҳаво, табиати фусункор, талу теппа ва арчазорони кӯҳистони Зомин гурӯҳи журналистони ватаниву хориҷиеро ба канор кашид, ки барои ширкат дар медиафоруми дуюми ҷумҳуриявӣ даъват шуда буданд.

 Ин чорабинӣ бо ибтикори Иттиҳодияи журналистони Ӯзбекистон ва дар ҳамкорӣ бо Комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ роҳандозӣ гардид ва таҳти унвони “Журналистикаи миллӣ: идомаи анъанаҳо ва муосир” ба вуқӯъ пайваст.  
Ба таъкиди раиси Иттиҳодияи журналистони Ӯзбекистон Олимҷон Ӯсаров ҳадаф аз баргузор намудани ин медиафорум, пеш аз ҳама, табодули таҷриба, ибрози ақидаву назар оиди роҳҳои беҳбуди журналистикаи миллӣ, истифода аз усулҳои ғайрианъанавӣ ва омӯхтани тарзи кори як қатор расонаҳои хориҷӣ мебошад. Олимҷон Ӯсаров иброз дошт, ки барои ҳамин ба ин ҷо маҳз як гурӯҳ хабарнигороне даъват шудаанд, ки дар соҳаи хабарнигорӣ аз таҷрибаҳои бой бархурдор ҳастанд. 
– Банда муътақидам, ки ин суҳбату мулоқотҳо барои журналистони ҷавон манфиати зиёд хоҳад бахшид. Албатта, шумо, иштирокчиёни форуми дуюми ҷумҳуриявӣ, аз шароите, ки бароятон фароҳам овардаем, истифода кунед ва тайи ин рӯзҳо донишу малака ва маҳорати касбии худро такмил диҳед, – қайд намуд Олимҷон Ӯсаров.
Дар форуми матбуотӣ боз гуфта шуд, ки инъикоси васеъи ҷараёни мазкур чи дар расонаҳои хориҷӣ ва чи дар воситаҳои ахбори давлативу ғайридавлатӣ, инчунин бозтоби он дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои боло рафтани эътибори мамлакатамон  мусоидат хоҳад кард. 
Нотиқони медиафорум дар атрофи мавзӯъ ва масъалаҳои  гуногун, аз қабили «Дар хабаргузориҳои хориҷӣ воқеа-ҳо аз рӯйи кадом принсип инъикос карда мешаванд?», “Роҳу усулҳои ташкили иттилои мустақим барои шабакаҳои радиову телевизион: хабарнигор дар он бештар бояд ба кадом ҷанбаҳои муҳим таваҷҷуҳро тамаркуз диҳад?”, «Тезкорӣ дар журналистикаи муосир инъикоси мавзӯъро суръат мебахшад» ва амсоли он дарсҳои малакаву маҳорат гузаштанд.
Аз ҷумла, рӯзи аввал  дарсҳои  омӯзишии касбу маҳорат бо иштироки Низом Шоҳин, раиси дафтари ширкати телевизиони туркии «ТРТ», мустақар дар Ӯзбекистон ва Шоҳрух Олимов — корманди фаъоли ин шабака оғоз ёфт.
– Вазифаи аслии мо инъикоси рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Ӯзбекистон мебошад, ки барои муштариёни шабакаамон таҳия мекунем. Ҳаргиз иштибоҳ нахоҳам кард, агар гӯям, ки ба ин васила рӯйдодҳои мухталифи кишвари шуморо аз тариқи шабакаи “ТРТ” ба тамоми ҷаҳон эълон медорем. Зеро Ӯзбекистон имрӯз тавоноии худро ба ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун намоиш медиҳад. Дар инъикоси ин раванд мавқеи журналистони хориҷӣ, аз ҷумла, кормандони “ТРТ” аҳамияти калонро касб менамояд. Мо дарк мекунем, ки ин корамон барои тарғиби ҷараёни ислоҳот дар Ӯзбекистони Нав хеле бамавқеъ аст, – изҳор намуд ӯ.
Ба таъкиди Низом Шоҳин бечуну чаро, журналист пеш аз ҳама шахсест, ки бо дарди халқу миллаташ зиндагӣ мекунад. Агар намояндагони ин ё он соҳа бештар аз мушкилоти худ ҳарф зананд, журналист аз мушкилоти мардум мегӯяд ва барои ҳаллу фасли дарду ташвиши мардум кӯшишу ғайрат менамояд.
Баъди саволу ҷавобҳои зиёд ва шавқангез ин дарси маҳорату малака ба поён расид. Минбаъд низ чунин дарсҳои малакаву маҳорат дар фазое сурат гирифт, ки барои журналистони ҷавон хеле шавқовар ва хубу босамар арзёбӣ гардид. Аз ҷумла, хабарнигори хабаргузории “Форс-нюс”-и Эрон Шералӣ Авезметов аввал ба журналистони ҷавон дар бораи хабаргузорӣ чунин маълумот ироа намуд: 
– Ин хабаргузорӣ соли 2003 таъсис ёфтааст. Он ба ҷуз аз гузоришҳо ба забони форсӣ, ҳамчунин ба забонҳои англисӣ, туркӣ, арабӣ ва амсоли он низ хабару мақолаҳои пурмуҳтаво мунташир менамояд. “Форс-нюс” ҳарчанд худро ҳамчун як ҷанбаи хабарии пешбари мустақили Эрон муаррифӣ мекунад, аммо онро баъзан расонаҳои ғарбӣ хабаргузории «нимарасмӣ»-и ҳукуматӣ низ ном мебаранд. Ба ин нигоҳ накарда салоҳияташро дар арсаи байналмилалӣ хеле хуб адо мекунад. 
– Ман бештар аз бист сол ба ин сӯ ба ҳайси хабарнигори “Азертаг” дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон фаъолият мекунам. Ба мардуми хубу меҳмоннавози ин ду кишвар, ба расму ойинҳои мардуми он ҳамеша арҷу эҳтиром мегузорам. Хосатан, агар таҳаввулоти Ӯзбекистон барои Озарбойҷон ва мардуми он қобили эътирофу эътибор ва эътимод қарор намегирифт, ман ин қадар сол дар кишвари шумо машғули кору зиндагӣ намешудам, – гуфт Гӯлу Козимов.
Вай афзуд, ки ғайр аз фаъолияти хабарнигорӣ, ба таълиф ва нашри китобҳо ба забони озарӣ машғул аст, ки дар бораи бузургони муосири ин сарзамини дофанфарох ва куҳанбунёд офарида шудаанд.
– Барои журналист тезкорӣ ва инъикоси саривақтии ҳар гуна таҳаввулот аз ҳама муҳим шумурда мешавад. Хабаргузории “Ройтер” ба ин ҷанбаи кор аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Мо дар баробари он ки роҷеъ ба ягон таҳаввулот хабар нашр мекунем, пеш аз ҳама, дақиқиву дурустии факту рақамҳо, таҳлили мавзӯъ ва холисона инъикос намудани онро дар мадди аввал мегузорем, – гуфт мухбири ин хабаргузорӣ Муҳаммадшариф Маматқулов. 
Дарсҳои малакаву маҳорат бо ширкати Тӯланбой Қурбонов (хабаргузории “Кабар”-и Қирғизистон), Андрей Кудряшев ва Александр Рибин (нашрияи интернетии “Фергана.ру”) дар медиафорум барои журналистони ҷавон таассуроти амиқ боқӣ гузошт. Дарвоқеъ, аксарияти ин журналистон бори нахуст дар дарсҳои маҳорату малакаи журналистони касбии расонаҳои хориҷӣ  ширкат мекарданд. 
– Аз оғоз то охири медиафорум мутаваҷҷеҳ будам, ки дар бораи кору фаъолияти журналистони расонаҳои хориҷӣ бештар маълумот дошта бошам. Чунин имконият дар ин ҷо барои ман ва ҳамтоёни дигарам офарида шуд, – гуфт ба “Овози тоҷик” муҳаррири рӯзномаи “Навбаҳор”-и ноҳияи Фурқати вилояти Фарғона Дурдона Ғаффорова. 
Ногуфта намонад, ки ҷамъи иштирокчиёни медиафорум ба хотири беҳбуди саломатии худ аз хидмати пизишкону хоҳарони шафқати осоишгоҳи мазкур баҳраманд шуданд. Маълум шуд, ки дар ин осоишгоҳ аз дастгоҳҳои тиббии замонавӣ ба таври фаровон истифода мекунанд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

ҶИЗЗАХ – ЗОМИН – ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: