ЖУРНАЛИСТ ВА АДИБИ ЗАҲМАТПИСАНД

Муҳаммадҷон Шодӣ.

Бо ин ном хонандагони рӯзномаи «Овози тоҷик» ва алоқамандони каломи бадеъ дар Ӯзбекистон тавассути қаламиҳояш дерест, ки ошноянд. Ӯ, баъди хатми факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд, вақте дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Сӯх ба сифати омӯзгор ва роҳбари мактаб кору фаъолият дошт, дар баробари таълиму тарбияи насли наврас, бори эҷодро низ бар дӯш дошт. Мақолаву ҳикояҳояш дар матбуоти даврии  Ӯзбекистон ва Тоҷикистон муттасил рӯйи чопро медиданд.
Ишқи эҷод ӯро ором намегузошт, пайваста ба олами сеҳрангезу пурасрори худ даъват менамуд. Инак, вақте ӯро ба бахши тоҷикии  Ширкати телевизиону радиои Ӯзбекистон ба кор даъват карданд, дари имкониятҳо ба рӯяш боз гардид. Бо дили пур ва қатъияти тамом ба роҳи эҷод қадам гузошт, ба қавле, миёнро аз ҳафт ҷояш маҳкам баста, ба кор пардохт. Хабару мақола ва гузоришу очеркҳояшро шунавандагон хуш пазируфтанд. Бо рӯзномаи «Овози тоҷик» ва нашрияҳои ӯзбекӣ низ ҳамкориро идома дод. Дар пойтахт паҳлуи нави тавону салиқаи ӯ ошкор гардид. Бо қаламиҳояш собит намуд, ки бо забони ӯзбекӣ низ метавонад аҳдофашро ба курсӣ нишонад. 
Муҳаммадҷон Шодӣ соли 2001 ба идораи «Овози тоҷик» ба кор гузашт. Инак, бист сол аст, ки бори шуъбаи иқтисодиётро бар дӯш дорад. Одатан эҷодкореро, ки бо шеър, наср, нақди адабӣ, драматургия, тарҷума сару кор дорад, адиб меноманд.
Муҳаммадҷон Шодӣ тӯли кору фаъолият дар рӯзнома чанд китоби шеър ва қиссаю ҳикояҳояшро ба дасти чоп дод, гоҳо маҳсули эҷоди ҳамкоронро нақд низ мекунад, асарҳои саҳнавӣ меофарад. Тавассути телевизиони Ӯзбекистон чанд асараш ба саҳна гузошта шудаанд. Солҳои охир адиби зуллисонайн дар бахши тарҷума фаъолияти густурда дошт. Осори назмиву насрии шоиру нависандагони саршиноси ӯзбекро бо маҳорати ба худ хос ба забони тоҷикӣ баргардонд.Тавассути ин меҳнати тоқатфарсо дар байни адибони ӯзбек маҳбубият пайдо кард. Ин ҳама ба ӯ ба туфайли забондонӣ, меҳнат ва муҳаббати тамом ба адабиёт даст медиҳад.
Узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон М. Шодӣ соли равон ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ пазируфта шуд.
Дар Рӯзи иди касбии журналистон ҳодисаи масарратбахше ба шодию хурсандии ҷамоаи «Овози тоҷик» афзуд. Ҳукуматамон хидматҳои ӯро ба назари эътибор гирифта, бо ордени «Меҳнат шуҳрати» сарафроз гардонд.  Ба ин муносибат ҳамкор ва ҳамкасби худро самимона муборакбод менамоем.

Ҳайати таҳририяи рӯзномаи 
«Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: